logo

сиёсат

ИФТИТОҲИ КОРХОНАИ ЗАРГАРӢ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

27  август  Асосгузори  сулҳу  ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ  дар арафаи таҷлил аз 28 – умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кӯчаи Теҳрони ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт корхонаи «Зари тоҷик» - и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Равшан» - ро мавриди истифода қарор дода, бо раванди истеҳсоли маҳсулоти гуногуни заргарӣ ва шароити фаъолияти заргарон аз наздик шинос гардиданд.

Бо ташаббуси роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тавассути ҷалби сармояи мустақим имрӯзҳо бунёди як силсила корхонаҳои саноатӣ вусъат ёфта, ҷиҳати таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва ба ин васила беҳтар намудани некуаҳволии сокинони пойтахт чораҳои мушаххас амалӣ гардида истодаанд.
Корхонаи заргарии «Зари тоҷик» дар заминаи Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Равшан», ки соли 2012 бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд бо мақсади коркарди ашёи хоми ватанӣ  ба истифода дода шуда буд, фаъол гардонда шудааст. Корхонаи «Зари тоҷик» дар масоҳати 1420 метри мураббаъ сохта шуда, аз се ошёна, таҳхона ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ошёнаи якуми бинои корхонаи «Зари тоҷик» нахуст аз гӯшаи намоиши маҳсулоти тайёри заргарон дидан намуданд.
Таъкид гардид, ки корхона дар асоси дастуру ҳидоятҳои Роҳбарияти Олии мамлакат дар самти расидан ба саноатикунонии босуръати кишвар сохта шуда, дар он феълан 50 нафар, аз ҷумла 20 нафар занону духтарон, ба кори доимӣ  ҷалб гардидаанд ва маоши коргарон вобаста ба сатҳи касбият ва ҳаҷми корашон  аз 1500 то 3000 сомонӣ пардохт карда мешавад.
Корхона аз 5 коргоҳ, аз ҷумла механикӣ – барқӣ, рехтагарӣ, зарҳалдиҳӣ, рассомию дизайнерӣ, бастубанд ва заргарӣ, иборат аст. Дар корхона асосан истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ аз тиллою нуқра, латун, сангҳои гуногуни қиматбаҳо, ки аз конҳои кӯҳҳои аз ҷиҳати канданиҳои фоиданок бойи Тоҷикистон дастрас карда мешаванд, ба роҳ монда шудааст. Дар ин ҷо баробари маҳсулоти тайёри ороишӣ барои занону бонувон дар асоси фармоиши мизоҷон истеҳсоли  ҳайкалчаҳои гуногун, нишонҳои сарисинагӣ, ашёи рӯзгор ва як қатор маҳсулоти дигари заргарӣ бо истифода аз нақшу нигори хоси миллӣ омода карда мешаванд.
Раванди омода кардани қуттиҳои махсус барои гирифтани маҳсулоти заргарӣ ва нигаҳдории он низ дар ҳамин ҷо ба роҳ монда шудааст, ки онҳо бо санъати хоси кандакории тоҷикон тайёр ва барои истифода пешниҳод мегарданд.
Бунёди корхонаи зикргардида, ҳамчун идомаи раванди бунёдкориву созандагӣ дар кишвари соҳибистиқлоламон барои рушди соҳаи саноати миллӣ, афзудани иқтидори истеҳсолии мамлакат, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва беҳбудии рӯзгори сокинони шаҳр нақши муассир хоҳад дошт.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба раванди истеҳсолот дар ин корхона, ки асосан бо истифода аз дастгоҳу таҷҳизоти давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон, аз ҷумла Канада, Италия ва Чин, ба роҳ монда шудааст, таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Бо назардошти фаровонии ашёи хом, яъне тиллою нуқра ва металлу сангҳои қиматбаҳо дар Тоҷикистон ва талаботи зиёд дар бозорҳои дохилу хориҷи кишвар ба ороишоту ҷавоҳирот, ба роҳбарияти корхона дастур доданд, ки заминаи истеҳсоли маҳсулоти заргариро боз ҳам афзун ва шумораи коргаронро зиёд намоянд.
Дар ҳамин ҳол роҳбарони корхона уҳдадор гардиданд, ки то Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо бунёди бинои бисёрошёна дар шафати корхона боз 450 ҷойи нави корӣ муҳайё мекунанд ва шумораи умумии кормандонро то ба 500 нафар хоҳанд расонд.
Дар корхонаи заргарии «Зари тоҷик»  дар як моҳ 3 килограмм тилло ва 5 килограмм нуқра коркард ва аз онҳо маҳсулоти ниҳоии ороишӣ ва дигар ашёи зарурии рӯзгор, аз ҷумла армуғонҳо барои бозори дохилӣ, омода мегарданд.  
Дар маҷмӯъ, иқтидори коркарди ин корхонаи нави саноатӣ дар пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе дар як сол ба 36 килограмм тилло ва 60 килограмм нуқра баробар аст ва масъулон мегӯянд, ки баробари бо иқтидори пурра ба роҳ мондани фаъолият ин нишондод боз ҳам бештар карда мешавад ва шумораи ҷойҳои корӣ низ боло бурда хоҳад шуд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳама гуна иқдоми созандаеро, ки ба манфиати давлату миллати мо мебошад, дастгирӣ менамояд ва зикр рафт, ки расидан ба саноатикунонии босуръати кишвар омили муҳим дар самти вусъат бахшидани иқтидори содиротӣ ва боз ҳам боло бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинони мамлакат мебошад.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоии пурра бо раванди истеҳсолот дар ин корхонаи наву муосир дар пойтахти мамлакат - шаҳри Душанбе ба сифати корҳои анҷомёфта ва таваҷҷуҳи  зиёди соҳибкорони ватанӣ барои роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва коркарди пурраи ашёи хом дар дохили мамлакат баҳои баланд доданд.
Шаҳри Душанбе имрӯзҳо тавассути бунёди биноҳои баландошёна, гулгашту хиёбонҳо, майдончаҳо, роҳу роҳравҳои замонавӣ ва боғҳои истироҳату фарҳанг ба шаҳри дилорову писандидаи сокинони он ва тамоми кишвар табдил ёфта истодааст.
Дар баробари ин, раванди бунёди корхонаву коргоҳҳои саноатӣ дар пойтахт бомаром идома дорад, ки солҳои наздиктарин ба таъмин намудани ҳазорҳо нафар сокинон бо ҷойҳои корӣ ва бо ҳамин роҳ боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии онҳо мусоидат менамояд.
Ёдовар мешавем, ки феълан раванди тадбирҳои ободонию созандагӣ дар пойтахти мамлакат - шаҳри Душанбе барои истиқболи  бошукӯҳ аз 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳама самтҳо идома дорад ва то соли 2021 бо назардошти талаботи аҳолӣ ва афзоиш бахшидани иқтидори содиротии мамлакат баробари 3500 иншооти дорои таъйиноти гуногун бунёди корхонаҳои нави саноатӣ бо роҳандозии истеҳсоли молу маҳсулоти дар бозори ҷаҳонӣ рақобатпазир дар онҳо ба нақша гирифта шудааст, ки дар марҳилаи аввал беш аз 3000 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин хоҳад гардид.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.08.2019    №: 164    Мутолиа карданд: 1004
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед