logo

иқтисод

ИДИ АНГУР. ИҚДОМИ МУҲИМЕ БАРОИ МУАРРИФИИ ДАСТОВАРДҲОИ ТОКПАРВАРОН

Бо заҳмату талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ҷиҳати рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, аз ҷумла зиёд намудани майдони боғу токзор, афзун гардондани истеҳсоли меваҳои аз ҷиҳати экологӣ тоза ва ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқи содиротӣ, тадбирҳои зиёди муассир  роҳандозӣ гардидаанд. Ба тасвиб расидани Амри Президенти мамлакат аз 17 августи соли ҷорӣ дар бораи эълон намудани Иди ангур ва Иди себ боз як иқдоми ниҳоят муҳиму саривақтӣ мебошад, ки мо – ангурпарваронро хеле шоду рӯҳбаланд гардонд.  
Тоҷикистони биҳиштосои мо сол  ба сол ободу зебо мешавад. Корхонаҳои бузурги саноатӣ таъсис ёфта, боғҳои калони мевадиҳанда доман паҳн мекунанд. Хусусан водии Ҳисор, ба боғистон табдил ёфтааст. Соҳаи кишоварзӣ  рӯ ба афзоиш дошта, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ пайваста меафзояд. Боғу токпарварӣ соҳаи афзалиятноки кишоварзӣ ба ҳисоб рафта, дар таъмини амнияти озуқаворӣ, зиёд намудани ҳаҷми содирот ва бо ҷойи кори доимӣ фаро гирифтани сокинони маҳаллӣ  нақши муҳим мебозад. Бо назардошти ин, имрӯз дар мамлакат ҷараёни бунёди боғу токзор идома дошта, меваҳои шаҳдбори Тоҷикистон дар хориҷи кишвар шуҳрати хосса пайдо кардаанд. Гуфтаниам, ки  ширинии ангури Тоҷикистон дар ҷаҳон камназир аст.
Кори пуршараф ва заҳматталаби  боғу токпарварӣ ба мо аз бобоҳоямон  мерос мондааст. Аҳли оилаи мо аз файзи боғпарварӣ рӯзгори худро пеш мебаранд. Мо ду хоҷагии деҳқонӣ дорем, ки бо номҳои «Ватан - 2008» ва «Ҳоҷӣ - Неъмат» фаъолият намуда истодаанд. Роҳбарии хоҷагии деҳқонии «Ватан - 2008» - ро ман ба уҳда дорам. Хоҷагӣ дар оғози кор 10 гектар масоҳат дошт ва  ҳоло масоҳаташ ба 25 гектар расидааст.
Хоҷагии деҳқонии «Ҳоҷӣ Неъмат» соли 2011 ташкил шуда, масоҳати замини он 105 гектарро ташкил медиҳад. Роҳбарии онро писарам Расулҷон Усмонов ба зимма дорад. Дар он 165 саҳмдор кор мекунад, ки ҳар кадоми онҳо низ аз 5 то 10 коргар доранд. Дар майдони 100 гектар ангури навъҳои «Ҳусайнӣ», «Ғалаба», «Шоҳона», «Пешпазак» ва «Кишмиши сиёҳу сафед» парвариш мешавад. Бо мақсади беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосил то охири моҳи октябр ангурро чида, як қисмашро барои зимистон дар сардхонаҳо нигоҳ медорем ва қисми дигарашро  ба фурӯш мебарорем. Ҷиҳати захира кардани ҳосили токзор  сардхонаи замонавӣ бунёд кардем. Сардхона дорои 12 нуқтаи нигоҳдории маҳсулот буда, иқтидори ғунҷоиши 500 тонна маҳсулотро дорад.
Меваи ангурбоғи хоҷагӣ харидори зиёд дорад. Маҳсулоти мо ғайр аз бозори кишвар, ҳамчунин, ба Қазоқистон, Қирғизистон, Россия, Афғонистон ва Покистон содирот мешавад.
Пеш аз ҳама, ин ҳама дастоварду пешравии корамонро аз  ғамхории доимӣ ва қадамҳои файзбори Сарвари давлат медонам. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон се маротиба ба хоҷагии деҳқонии мо ташриф оварданд. Дар ҳар сафар ба мо тавсияҳои судбахш доданд, ки ин боиси ифтихори деҳқонони хоҷагӣ гардид. Зимни як сафари худ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дасти худро ба китфам монда, гуфтанд: «Ту одами бисёр некбахтӣ, биё нашъунамои ниҳолҳои худро дар шаҳри Душанбе, дар Қасри миллат тамошо кун». Ин суханон ба ман рӯҳу илҳоми даҳчанд бахшиданд, ки бо сухан наметавон онро иброз дошт.
Месазад, ки ҷавобан ба ғамхорию дастгирии доимӣ ба бовари Роҳбари давлат сазовор гашта, дучанд фаъолият намоем ва бо шукргузорӣ аз фазои обод ва сулҳу ваҳдат Тоҷикистони азизамонро ободтар  ва бо истифода аз Иди ангур меваҳои лазизи онро ба ҷаҳониён муаррифӣ кунем.
Ҳоҷинеъмат УСМОНОВ, раиси хоҷагии деҳқонии 
«Ватан» - и шаҳри Турсунзода


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.08.2019    №: 164    Мутолиа карданд: 869
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед