logo

иқтисод

ИСФАРА. МАКОНИ БОҒУ ТОКПАРВАРӢ

Иқлими шаҳри Исфара барои рушди соҳаи боғу токпарварӣ хеле мусоид мебошад. Ҳамасола дар ин диёри хушманзара боғҳои нав доман паҳн мекунанд, ки аз ин ҳисоб меваю ангур фаровонтар ва ҷойҳои нави кор фароҳам мегарданд.  Масъулони соҳа барои татбиқи босамари Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 – 2020 ва расидан ба натиҷаҳои баланд заҳмату талош доранд.
Тавре Муҳаммад Муҳиддинзода, муовини раиси шаҳр, зикр намуд, айни ҳол дар Исфара 14 корхонаи каркард ва бандубасти меваи хушк фаъолият дорад. Соли ҷорӣ кишоварзони шаҳр барои таъмини корхонаҳои коркард бо ашёи хом аз ҳисоби заминҳои талу теппа 46 гектар боғи меваҳои донакдор бунёд намуданд.
Раёсати кишоварзии шаҳр дар ҳамбастагӣ бо сохторҳои дахлдор, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва боғпарварон ҷиҳати самараноку оқилона истифода намудани захираҳои обу замин, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти боғу токзор ва ғанигардонии бозорҳои истеъмолӣ талош меварзанд. Айни ҳол дар пайи заҳмати боғдорон зиёда аз 12 ҳазор гектар боғи шаҳр, аз ҷумла 9561 гектар  боғи дарахтони мевадиҳанда, 306 гектар  тутзор, 302 гектар токзор самари хуб медиҳад.
Мувофиқи дурнамо бояд давоми 5 сол дар шаҳр 150 гектар  боғи нав бунёд шавад. Бо кӯшишу ғайрати кишоварзони заҳматкаш аллакай тайи 4 сол беш аз 327 гектар боғ бунёд ёфт.
Баробари ин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара ба барқарорсозии боғҳои куҳна аҳамияти хосса зоҳир менамояд. Давоми соли равон боғпарварон дар 189 гектар боғ дарахтони аз самар бозмондаро решакан карда, ба ҷойи онҳо ниҳоли зардолуву сиёҳолу ва навъҳои дигари серҳосили меваҳои донакдору тухмдор шинонданд.
Тибқи нақша, соли ҷорӣ бунёди 2,5 гектар боғи интенсивӣ дар назар аст. Айни ҳол аз ҳисоби барқарорсозии боғҳои куҳна 9 гектар боғи интенсивӣ, 1,5 гектар  зардолузор,  4 гектар боғи чормағз, 1,5 гектар боғи сиёҳолу  ва 2 гектар боғи себ бунёд гардидааст.  
Кишоварзони меҳнатқарини шаҳр ният доранд, ки майдони боғу токзорро аз ҳисоби заминҳои талу теппаҳои бо намӣ таъмин зиёд намуда, дар рушди соҳа ва таъмини амнияти озуқавории кишвар саҳм гузоранд.
Мафтуна НУРИДДИН, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.08.2019    №: 165    Мутолиа карданд: 1413
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед