logo

сиёсат

ИФТИТОҲИ БИНОИ ИЛОВАГИИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ № 50

1 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 50 - ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Пешвои миллат бо шароити муассиса шинос шуда, бо хонандагону омӯзгорон аз наздик суҳбат намуданд ва онҳоро ба Рӯзи дониш таҳният гуфтанд.

Бинои иловагии муассисаи таълимӣ аз чор ошёна ва таҳхона иборат буда, барои 1280 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст. Иншоот бо сифати баланд ва мутобиқ ба талаботи замони муосир аз ҳисоби буҷети шаҳри Душанбе  сохта шуда, синфхонаҳо бо дастгоҳ ва таҷҳизоту аёнияти дарсӣ таъмин гардидаанд.
Бинои навбунёд дорои 36 синфхона буда, аз кабинетҳои химия, математика, физика, биология ва дигар ҳуҷраҳои дарсӣ иборат мебошад. Дар маҷмӯъ, 11 синфхонаи мактаб ҳамчун синфхонаҳои фаннӣ муҷаҳҳаз гардида, дар онҳо асбобу аёниятҳои зарурӣ насб шудаанд, ки ба ин васила хонандагон метавонанд мавзӯъҳои дарсиро ҳамаҷониба аз худ намоянд. Ҷиҳати гузарондани дарсҳои таълими меҳнат ва омӯзондани касбу ҳунарҳои гуногун, дар таълимгоҳ синфхонаҳои алоҳидаи таълимии  духтаронаву писарона ташкил шудаанд, ки дар ин ҷо машғулиятҳои дӯзандагӣ, қаннодӣ ва омодасозии ҳар гуна таомҳо гузаронда мешаванд. Синфхонаи компютерии муассисаи таълимӣ бо насли нави технологияи телекоммуникатсионӣ таъмин буда, ба хати баландсуръати интернет пайваст мебошад. Бинои иловагии муассисаи таълимӣ дорои китобхонаи электронӣ буда, бунгоҳи тиббӣ, синфхонаҳои лингофонӣ, осорхонаи мактабӣ, маҷлисгоҳ бо 110 ҷойи нишаст ва ошхона бо 250 ҷой дар дохили он ҷойгир гардидаанд.
Тавре аснои шиносоӣ маълум гардид, дар бинои иловагии  муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 50, ҳамзамон, барои гузарондани дарсҳои тарбияи ҷисмонӣ ва доир намудани мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ толори барҳаво бо 210 ҷойи нишаст бунёд ёфтааст, ки бо дастгоҳҳои варзишӣ ва дигар таҷҳизоти зарурӣ таъмин мебошад. Тамоми синфхонаҳо, роҳравҳо, толорҳо ва ошхонаи таълимгоҳ бо дастгоҳҳои гармидиҳӣ таъмин буда, муассиса ба шабакаи  мутамарказондашудаи гармидиҳӣ  пайваст гардидааст. 
Ҳамчунин, дар назди муассисаи таълимӣ майдончаи варзишӣ барои гузарондани мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ бунёд ёфтааст. Атрофи таълимгоҳ бо дарахтони ороишӣ ва гулу буттаҳои мавсимӣ оро ёфта, пурра майсазор шудааст. Дар маҷмӯъ, барои бунёди иншооти мазкур 1,5 гектар замин ҷудо гардида, роҳраву саҳни таълимгоҳ пурра сафолакпӯш шудаанд.
Қобили тазаккур аст, ки бинои мазкур бо назардошти  норасоии ҷойи нишаст ва шумораи аз меъёр зиёди хонандагон бунёд ёфта, сохтмони он дар зарфи бештар аз 1 сол анҷом дода шуд. Ин туҳфаи арзандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш мушкилоти хонандагон ва омӯзгоронро ба пуррагӣ ҳал намуд.
Пешвои миллат зимни боздид бо хонандагону омӯзгорон суҳбати самимӣ анҷом дода, ифтитоҳи бинои иловагиро ба онҳо таҳният гуфтанд. Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки имсол муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 50 - ро 196 нафар хонанда хатм кард, аз ин ҳисоб 182 нафар ё худ 90 фоиз ба муассисаҳои олии дохилу хориҷи кишвар шомил гашт. Феълан, дар таълимгоҳ 95 омӯзгор ба таълиму тарбияи насли наврас машғул буда, 80 фоизи онро бонувони соҳибмалака ташкил медиҳанд ва ифтитоҳи бинои иловагӣ шароиту имконотро барои боз ҳам баландтар бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия  хубтар намуд.   
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, хонандагону омӯзгоронро вазифадор намуданд, ки чунин шароитро барои донишомӯзӣ самаранок истифода баранд.  
Бояд зикр кард, ки Ҳукумати мамлакат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо андешидани силсилаи тадбирҳо ҷараёни бунёду азнавсозӣ ва муҷаҳҳазгардонии муассисаҳои таълимиро дар пойтахт  торафт вусъат дода, дар давоми ду соли охир аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ дар пойтахт сохтмони зиёда аз 25 муассисаи таълимӣ бо бештар аз 21 ҳазор ҷойи нишаст оғоз ёфтааст, ки то имрӯз 8 муассисаи нави таълимӣ барои 10 ҳазору 500 нафар хонанда бо сифати баланд ба истифода дода шуд. Танҳо дар арафаи  соли нави таҳсили имсола, аллакай, 7 муассисаи нави таълимӣ ва биноҳои иловагӣ бо 13 ҳазор ҷойи нишаст мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт ва бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 50  сеюмин муассисаи таълимӣ мебошад, ки дар се рӯзи охир дар ҳудуди пойтахт ба истифода дода шуд.
Дар маҷмӯъ, то соли 2021 дар доираи нақшаи чорабиниҳо оид ба истиқболи Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмону азнавсозӣ ва таъмиру таҷдиди 27 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои беш аз 42 ҳазор нафар хонанда ва 13 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ба маблағи умумии қариб 400 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидаанд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.09.2019    №: 167-168    Мутолиа карданд: 813
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед