logo

сиёсат

МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ "БЕМОРХОНАИ КЛИНИКИИ ШАҲРИИ БЕМОРИҲОИ СИРОЯТИИ КӮДАКОНА" МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ГИРИФТ

1 сентябр дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бинои беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии кӯдаконаро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Беморхона аз 6 ошёна ва таҳхона иборат буда, бо таҷҳизоти муосири тиббӣ ва 200 кат барои муолиҷаи кӯдакон муҷаҳҳаз  шудааст.
Дар ошёнаи якум шуъбаҳои наҷот, бемориҳои қатрагӣ, дар ошёнаи дуюм шуъбаи бемориҳои сироятии муолиҷавӣ, дар ошёнаҳои сеюм ва чорум шуъбаи бемориҳои сироятӣ, дар ошёнаи панҷум шуъбаи бемориҳои паразитӣ, инчунин, ҳуҷраҳои кории маъмурияти беморхона ва маҷлисгоҳ барои 70 ҷойи нишаст, дар ошёнаи шашум бошад, кафедраҳо, аудиторияҳо ва ҳуҷраҳои техникӣ ҷойгир мебошанд.
Беморхона дорои таваққуфгоҳ, бунгоҳи барқӣ бо 2 трансформатор, иншооти безараргардонӣ, анбори нигоҳдории сабзавот ва ошхона мебошад. Дар маркази муосири тиббӣ 260 нафар мутахассиси варзидаи тиббии дараҷаи олӣ ва миёна ба кор ҷалб шудааст.
Бинои то имрӯз амалкунандаи беморхона соли 1939 бунёд ёфта, дар замони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ҳамчун госпитали эвакуатсионӣ фаъолият кардааст. Муассисаи тиббии мазкур аз соли 1963 то ба имрӯз, яъне дар зарфи 56 сол ҳамчун беморхонаи клиникии бемориҳои сироятии кӯдакон фаъолият мекунад. Ҳарчанд бинои беморхона тайи солҳои соҳибистиқлолӣ чандин маротиба таъмиру азнавсозӣ гардидааст, бо сабаби солҳои тӯлонӣ фаъолият карданаш, хеле фарсудаву куҳна шуда буд.
Бо мақсади ба талаботи замон мутобиқ намудани шароити фаъолияти табибон, ба роҳ мондани усулҳои муосири табобат ва таъминоти муассиса бо таҷҳизоти муосири тиббӣ зарурати бунёди бинои нави беморхона ба миён омад, зеро табобати бемориҳои сироятӣ, хусусан дар байни кӯдакон шароиту таҷҳизот ва таваҷҷуҳи махсусро талаб мекунад.
Зимни шиносоӣ бо шароити кору хизматрасонӣ дар беморхона, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, ифтитоҳи чунин иншоотро ба истиқболи сазовори Ҷашни бузурги миллӣ – 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдоми шоиста ва намунаи ибрат арзёбӣ карданд.
Маврид ба ёдоварист, ки сохтмони марказҳои муосири ташхисию табобатӣ, дар саросари мамлакат дар партави сиёсати бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои солимии ҷомеа, анҷом дода мешаванд.
Дар рӯзҳои омодагӣ ба таҷлили 28 - умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз кардани муассисаи нави тиббии имрӯза туҳфаи идонаи Ҳукумати кишвар ба кормандони соҳаи тандурустии пойтахт мебошад.
Вақтҳои охир, чи тавре ки ба мушоҳида мерасад, бо ташаббусу иқдомоти созандаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва заҳмати ватандӯстонаи мутахассисону сохтмончиёни тоҷик қариб ҳар рӯз иншооти таъйиноти гуногун, аз ҷумла корхонаҳои истеҳсолӣ, муассисаҳои иҷтимоӣ, роҳу пулҳои муосир, майдонҳои варзишу боғу гулгаштҳои замонавӣ ва марказҳои хизматрасонӣ, ба истифода дода мешаванд.
Ифтитоҳи беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии кӯдакон дар шаҳри Душанбе низ яке аз дастовардҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба истиқболи Ҷашни бузурги Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ дар иншооти мазкур, бо мутахассисони соҳаи тандурустӣ суҳбати озоду самимӣ доир намуданд.
Президенти мамлакат табибонро барои иҷрои садоқатмандонаи вазифаҳои хизматӣ, хизматрасонии сатҳи баланди тиббӣ ба аҳолӣ, пешгирӣ ва муолиҷаи саривақтии бемориҳои кӯдакон ҳидоят намуда, дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Сохтмони беморхонаи мазкур сентябри соли 2018 оғоз гардида, моҳи августи соли 2019 аз ҷониби бинокорони ватанӣ бо истифода аз масолеҳи сохтмонии истеҳсоли ватанӣ, бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ ба анҷом расонда шуд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.09.2019    №: 167-168    Мутолиа карданд: 861
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед