logo

сиёсат

ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ИСТИРОҲАТИВУ ФАРОҒАТӢ ВА САЙЁҲИИ КӮЛИ "ДУШАНБЕ"

30 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Маркази истироҳативу фароғатӣ ва сайёҳии кӯли “Душанбе”- ро пас аз навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Баъди ифтитоҳи марказ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити истироҳат дар кӯли “Душанбе”, аз ҷумла мағоза, тарабхона, ҳавзҳо, аквапарк, боғи ҳайвонот, майдончаҳои назди соҳили кӯл ва дигар иншооти фароғатии он, шинос шуданд.
Гуфтан ба маврид аст, ки пас аз ифтитоҳи кӯли “Душанбе” дар пойтахт шумораи иншооти фароғатӣ боз як адад зиёд гардида, маркази муосири истироҳатию фароғатӣ пешкаши сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе гардид.
Ёдовар мешавем, ки ин иқдом дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (2019 – 2021) аз тарафи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз ду сол қабл пеш гирифта шуда буд.
9 ноябри соли 2017 дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо лоиҳаҳои навсозии “Кӯли Варзоб” ва бунёди корхонаҳои истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ шинос шуда, барои сохтмони Маркази истироҳативу фароғатӣ ва сайёҳии кӯли “Душанбе” санги асос гузоштанд.
Бо мақсади ободу зебо намудани иншооти истироҳатию фароғатӣ ва дигар марказҳои фарҳангӣ, инчунин, фароҳам овардани шароити мусоид барои сокинону меҳмонон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо соҳибкорони ватанӣ тасмим гирифта буданд, ки “Кӯли Варзоб”, воқеъ дар шафати шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқро дар назди соҳили дарёи Варзоб навсозӣ намоянд.
Ҳамон вақт ба нақша гирифта шуда буд, ки дар атрофи кӯл барои кӯдакону наврасон ва калонсолон ҷойҳои махсуси дилхушӣ, аквапарк, майдончаҳои футбол, волейбол ва дигар марказҳо бунёд гардад.
Барои истироҳати хуши калонсолон дар кӯл нақлиёти обӣ – гидросиклҳо ва катамаранҳо истифода бурда мешаванд.
Бо мақсади навсозии мавзеи истироҳативу фароғатӣ ва сайёҳии замонавӣ дар қаламрави кишвар, муаррифии он ба меҳмонону сокинони мамлакат, инчунин, шуҳрати хоса пайдо намудани номи кӯл дар минтақаи Осиёи Марказӣ, корҳои сохтмонӣ, ободонӣ ва таъмиру таҷдиди Маркази истироҳативу фароғатӣ ва сайёҳии кӯли “Душанбе” оғоз гардид.
Масоҳати он пеш аз навсозӣ 13 гектарро ташкил медод. Бо васеъ намудани ҳудуди марказ ва фароҳам овардани имкониятҳои нави истироҳатӣ масоҳати он ба 17 гектар расонда шуд.
Дарвозаи даромадгоҳи Маркази истироҳативу фароғатӣ ва сайёҳии кӯли “Душанбе” бо нақшу нигор ва услуби хос оро дода шуда, ҳудуди он бо панҷараҳои ороишӣ иҳота карда шудааст.
Пайроҳаҳо бо тахтасангҳо рӯйпӯш шуда, дохил ва гирду атрофи кӯл дар майдони қариб 3 гектар сабзакорӣ гардидааст ва дар ҳудуди он дарахту буттаҳои хоси иқлими ҷанубу шарқӣ шинонда шудаанд.
Марказ метавонад дар як рӯз то ба 5 ҳазор меҳмонони дохилу хориҷи кишвар хизмат расонад.
Воридшавӣ ба ҳудуди маркази фароғатӣ бо истифода аз тасмачаҳои махсуси электронӣ сурат мегирад, ки ин ба истироҳаткунандагон имконияти истифода бурдани тамоми иншоотро фароҳам месозад.
Дар қисмати шимолу шарқии марказ ду таваққуфгоҳ барои 500 воситаи нақлиёт сохта шуда, роҳравҳои марказ пурра асфалтпӯш гардидааст.
Дар ҳудуди маркази истироҳативу фароғатӣ ва сайёҳӣ 3 бинои нав бо санъати меъмории хос бунёд гардид.    
Бинои якум дуошёна буда, дар қабати якум хазина, мағозаи хӯрокворӣ, мағозаи махсуси фурӯши лавозимоти шиноварию истироҳатӣ, ҳаммом, ҳуҷраҳо барои ивази либос, хонаҳои дастшӯӣ ва утоқҳои кории маъмурият ҷой гирифтаанд.
Ошёнаи дуюм аз толори маҷлис ва ҳуҷраҳо барои истироҳат иборат мебошад.
Дар назди бино майдончаи кушоди консертӣ буда, бо тамоми таҷҳизоти ороишӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.
Дар саҳни ҳавлӣ ду фаввораи рақсон бо истифода аз мусиқиҳои ҷаззоб ва тасвирҳои рангоранг қомат афрохта, ҳамзамон, шаршара бо истифода аз сангҳои азимҷусса сохта шудааст.
Дар қисми шимолу шарқии кӯл бинои якошёна қомат афрохта, дар он тарабхона ва қаҳвахона ҷойгиранд, ки дар як вақт имконияти қабули 700 нафар меҳмонро ҳам дар дохил ва ҳам дар саҳни ҳавлӣ доранд. Ғайр аз ин, бино дорои ҳуҷраҳои иҷораи катамаран, флейборд ва гидросикл мебошад.
Обанбори кӯли “Душанбе” масоҳати 6,5 гектарро дар бар гирифта, ба он оби софи равон ворид мешавад ва сифати он таҳти назорати доимӣ қарор дорад. Дар қисми шимолии соҳил ҷой барои оббозӣ, ки бо тӯр ҷудо шудааст, дар қисмати шарқӣ бошад, ҷой барои истироҳату фароғати гурӯҳиву оилавӣ бо катҳои алоҳида ташкил шудаанд, ки ҳар кадоме аз онҳо бо ҳуҷра барои ивази либос таъмин гардида, дар онҳо имконияти дастрасии мустақим ба соҳили кӯл фароҳам аст.
Соҳили кӯл аз қуми махсуси баҳрӣ, ки аз шимоли кишвар оварда шудааст, рӯйпӯш гардида, ба саломатии инсон манфиатовар мебошад.
Дар баробари ин, барои истироҳаткунандагон ва дӯстдорони бозиҳои обӣ трамплинҳои варзишӣ барои ҷаҳидан ба об сохта шуда, онҳо метавонанд аз катамаранҳо, флейборд ва гидросиклҳо истифода баранд.
Дар гирди кӯл пайроҳа барои давидан ва велосипедронӣ (масофааш 2000 метр) ва дар ҷойи махсус таваққуфгоҳи велосипедҳо бунёд гаштаанд.
Маркази истироҳативу фароғатӣ ва сайёҳии кӯли “Душанбе” велосипедҳои дучарха ва чорчархаро барои истифодабарӣ дар ҳудуди кӯл пешкаши сокинону меҳмонон менамояд.
Барои нафароне, ки маҳорати пазандагӣ доранд ва мехоҳанд хӯрокро худ омода созанд, дар минтақаи истироҳати оилавӣ дар наздикии кӯл катҳо мавҷуданд, ки аз онҳо метавонанд истифода баранд.
Дар қисми шимолу ғарбии марказ боғи ҳайвонот сохта шудааст, ки дар он беш аз 50 навъи ҳайвоноти нодири оилаҳои хазандаҳо, даррандаҳо, парандаҳо, ширхӯрҳо ва ғайра ҷойгир шудаанд.
Қисми дигари марказро аквапарк (парки обӣ) ташкил медиҳад, ки он дар масоҳати 2,6 гектар доман густурда, чун намунаи муосири беҳамто дар Осиёи Марказӣ калонтарин маҳсуб мешавад.
Аквапарк аз 5 маҷмааи истироҳатӣ - ҳавзи шиноварӣ бо фаввораҳои дорои тасвирҳои гуногун барои калонсолон ва кӯдакон, майдонҳои бозиҳои шавқовар ва дигар таҷҳизоти дилхушии обӣ иборат мебошад.
Ҳавзҳо дорои системаи махсуси поккунии об буда, тавассути насосҳои филтркунанда вазъи санитарии об пурра таъмин мегардад.
Дар ин парки обӣ зиёда аз 16 намуди атраксионҳои обӣ, ба монанди спейсшатл, блекхол, турбо-лейс, спейбоод, рокет фрифол, виндиго, твистер, васл шудааст, ки онҳо аз Туркия ворид гардидаанд.
Лоиҳакаши Маркази истироҳативу фароғатӣ ва сайёҳии кӯли “Душанбе” Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Меъморӣ ва шаҳрсозӣ” мебошад.
Баъди шиносоӣ бо маркази мазкур, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ибтикороти роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва соҳибкорон барои дастгирии ташаббуси роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳои арзанда дода, иқдоми онҳоро намунаи ибрати шоиста номиданд
Бояд гуфт, ки ҳамаи иншооти муҳими соҳаи туризм, ки аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёдашон тадбирандешӣ мегардад, барои рушди соҳаҳои сайёҳӣ ва варзиши кишвар дар минтақаи туристии Варзоб аҳамияти бузург доранд.
Дар натиҷаи сохтмони иншооти номбаршуда, боз садҳо ҷойи нави корӣ таъсис ёфт, ки дар самти таъмини аҳолӣ бо кори доимӣ мусоидат менамоянд.
Ҳамчунин, иншооти мазкур бо тарҳи муосир сохта шуда, сатҳи хизматрасонӣ ба сокинони мамлакат ва меҳмонони хориҷӣ беҳтар мегардад.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.09.2019    №: 167-168    Мутолиа карданд: 859
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед