logo

иқтисод

БА ҲАР КОРЕ, КИ ҲИММАТ БАСТА ГАРДАД... БАРДОШТ АЗ НОҲИЯИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ

Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ тайи шаш моҳи соли ҷорӣ дар натиҷаи истифодаи самараноки имкониятҳо ва ташкили дурусти кор ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,2 дарсад афзоиш ёфт.
   
Одиназода Бозоралӣ,  раиси ноҳия, зимни суҳбат ба хабарнигори рӯзнома оид ба самтҳои гуногуни фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, татбиқи барномаҳои давлатӣ ва дурнамои фаъолияти минбаъда иттилоъ дода, зикр намуд, ки сокинони сарбаланди ноҳия дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ карда, дар шашмоҳаи соли ҷорӣ ба дастовардҳои назаррас ноил шуданд. Ба буҷети маҳаллӣ аз ҳисоби  андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ 12 миллиону 153,6 ҳазор сомонӣ ворид гардид, ки баробари 100,1 дарсади нақшаи пешбинишуда аст.
Айни замон дар ноҳия 9 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ  мешавад ва маблағи истифодашуда  7 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Барномаи  рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия барои солҳои 2016 - 2020 – ум 177 лоиҳаро ба маблағи 206,3 миллион сомонӣ дар бар гиирифта, то 1 июли соли равон 56 лоиҳа ба маблағи 83,7 миллион сомонӣ (40,6 фоиз) татбиқ гардид.
Рушди соҳаҳои истеҳсолӣ, хусусан саноат, дар меҳвари таваҷҷуҳи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва дигар сохторҳои масъул қарор дорад.
Назар ба ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми  коркарди намаки ошӣ 67, нахи пахта 86,8, равғани рустанӣ 83,1 ва орд 92,5 дарсад зиёд гардид. Истеҳсоли сангреза бошад, беш аз дуюним баробар афзуд.
Дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 7 миллиону 568,2 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмониву васлгарӣ ба анҷом расонда, маблағи 6 миллиону 176,2 ҳазор сомонӣ фондҳои асосӣ аз худ карда шуданд. Кормандони соҳаи барқ дар маҳалҳои навбунёди аҳолишин 7 зеристгоҳои барқӣ насб карда, 278  симчӯби  бетонӣ шинондаанд ва ба масофаи 4,9 километр хати барқ кашиданд.
Дар масоҳати 1305 метри мураббаъ манзилҳои шахсии истиқоматӣ қомат афрохтанд.
Соҳаи кишоварзӣ рушд ёфт. Истеҳсоли ғалладона ба 7122, сабзавот ба 1419,6, гӯшт  ба 1257, шир ба 5545, полизӣ ба 5780 ва меваҷот ба 3037 тонна ва тухм ба 1 миллиону 276 ҳазор дона расонда шуд. Соли ҷорӣ дар майдони 5606 гектар  чигит кишт гардид. Айни ҳол  нашъунамои ниҳолҳои пахта хуб аст. Хоҷагиҳои нахустин ба ҷамъоварии ҳосил оғоз намуданд.
Ҳамаи заминҳои корам ба кишт фаро гирифта, дар майдон 524 гектар боғи нав бунёд гардид.
Дар 50 муассисаи таълимии ноҳия қариб 30, 9 ҳазор хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудааст ва ба онҳо 1792 омӯзгор таълим медиҳад. Аз 2169 нафар хатмкунандаи муассисаҳои таълимӣ 1859 нафар бо мақсади идомаи таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии кишвар ба Маркази миллии тестӣ ҳуҷҷат супурд.
Ба аҳолии ноҳия 33 муассисаи фарҳангӣ, аз ҷумла қасри фарҳанг, 10 муассисаи клубӣ, китобхонаи марказӣ, китобхонаи бачагона, 19 китобхонаи деҳотӣ, боғи фарҳангию фароғатӣ, осорхонаи  таърихию ховаршиносӣ ва мактаби мусиқӣ  хизмат мерасонад.
Тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, то Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷум- ҳурии Тоҷикистон бунёду таъмири 196 иншоот дар назар  аст. Аз ин шумора то охири  соли гузашта 12 иншоот ва дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ 32 иншоот мавриди  баҳрабардорӣ қарор гирифтааст. Давоми соли ҷорӣ бунёду таъмири боз 46 иншоот ба анҷом расонда мешавад. Рафти корҳои сохтмониву ободонӣ дар иншооти ҷашнӣ таҳти назорати қатъии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия қарор дорад.   
Зафар АКРАМОВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.09.2019    №: 167-168    Мутолиа карданд: 819
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед