туризм
НАҚЛИЁТИ ҲАВОӢ. ЧАНД ПАҲЛУИ ЯК ПРОБЛЕМА
Дар ин рӯзҳои охири фасли тобистон ташрифи сайёҳони хориҷӣ ва сокинони мамлакат ба шаҳри Хоруғ тавассути терминалҳои 29 - 27 ва ҶДММ «Сайёҳат» зиёд буда, мусофирон ба мушкили камбуди нақлиёт рӯ ба рӯанд. Бисёриҳо аз набудани ҳавопаймо дар ин масир изҳори нигаронӣ карда, фаъолияти хуби «таксии ҳавоӣ» - и Як – 40 – ро ёд меоранд.
Директори Агентии авиатсияи гражданӣ Икром Субҳонзода, дар ин бора, иброз дошт, ки дар самти Душанбе - Хоруғ парвозҳо аз ҷониби ширкати миллии «Тоҷик Эйр» бо ҳавопаймои Ан-28 амалӣ мегардиданд. Азбаски дар нархи чипта зиёда аз 40 дарсад арзиши нархи сӯзишворӣ, ҳамчунин, хизматрасонии аэронавигатсионӣ ва фурудгоҳӣ ташкил медиҳад, истифодаи хароҷоти ҳавопаймо афзуда, ба фаъолияти ширкатҳо таъсир расонд. Мувофиқи талаботи ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ИКАО), то 30 дарсади маблағи парвозҳои маҳаллӣ бояд аз ҳисоби буҷети давлат ва ё аз даромади парвозҳои байналмилалӣ пардохта шавад. Ширкати миллии «Тоҷик Эйр» хароҷоти истифодаи ҳавопайморо дар маҳалҳо аз ҳисоби иҷрои парвозҳои чартерӣ мепӯшонд. Вале ширкат, бинобар вазъи душвори молиявӣ, дар хатсайрҳо парвоз анҷом дода натавонист ва 17,5 миллион сомонӣ зиён дид. Ҳоло ягона парвози маҳаллӣ дар самти Душанбе – Хуҷанд фаъол аст, ки аз ҷониби ҳавопаймои ширкати «Сомон Эйр» сурат мегирад. Барои кушодани хатсайри нав ва интиқоли мусофирон ба шаҳри Хоруғ як ширкати ҳавоӣ дархост пешниҳод намуд, то аз фурудгоҳи ҳарбии Фахробод парвоз анҷом диҳад, вале ба хотири таъмини бехатарии мусофирон барои кушодани хатсайр иҷозат дода нашуд.
Парвозҳои маҳаллӣ, ба андешаи мутахассисон, ба рушди авиатсияи хурд алоқаманданд. Фурудгоҳҳои маҳаллии шаҳру вилоятҳо имрӯз таъмирталаб бошанд ҳам, коршояманд. Аз ҷумла фурудгоҳҳои шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Кӯлоб, Исфара, Хоруғ, Панҷакент, Мурғоб, Ишкошиму Истаравшан то соли 2012 ҳавопаймои Як – 40 - ро қабул мекарданд. Аз 18 ҳавопаймо ҳоло як ҳавопаймои Ан – 28 боқӣ мондааст, ки он то тирамоҳи соли 2018 ба мусофирон дар хатсайри Душанбе – Хоруғ хизматрасонӣ намуд. Тавре таҳлилҳо нишон медиҳанд, имрӯз дар парвозҳои маҳаллӣ роҳандозӣ намудани тайёраҳои хурд ба манфиати кор аст, - гуфт А. Набизода.
Хуллас, бо вуҷуди он ки, ҳоло авиатсияи миллӣ дар ҳоли рушд қарор дорад, парвоз дар дохили кишвар, ки рафтуомади бемамониати сокинонро таъмин менамояд, ҳанӯз ба таври зарурӣ роҳандозӣ нашудааст. Сафари сайёҳон низ ба минтақаҳои дурдасти кӯҳистон сол ба сол меафзояд. Танҳо давоми шашмоҳаи аввали соли равон шумораи туристон ба Тоҷикистон 25 дарсад зиёд шудааст, ки беҳсозии хидмати босифати нақлиётиро дар маҳалҳо тақозо менамояд. Барои мисол, ширкатҳои сайёҳии кӯҳӣ ҳамасола бо гирифтани чархбол тариқи иҷора аз ширкати «Тоҷик Эйр» ба сайёҳон хидмат мерасонданд. Имсол низ ба ширкати миллӣ барои иҷора гирифтани чархбол дархост шудааст. Аммо аз сабаби таъмирталаб будани чархболҳо ба сайёҳон чунин хизмат расонда нашуд. Хизматрасонӣ бо чархбол, махсусан бо мақсади шикори ҳайвонот, ба буҷети маҳаллӣ ҳазорҳо сомонӣ даромад меорад. Пас, сари ин масъалаи рӯз бояд андешид.
Оҳистамоҳи ВАФОБЕК,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 02.09.2019 №: 167-168 Мутолиа карданд: 4550