logo

иқтисод

ИСКАНДАРКӮЛ. РОҲИ ВАЙРОНУ САЙЁҲОНИ ҲАЙРОН

Бо ибтикори Кумитаи иттифоқҳои касабаи кормандони фарҳанг, иттилоот ва варзиш барои ошноӣ аз мавзеъҳои сайёҳии кишвар як ҳайати бистнафара бори аввал ба тамошои Искандаркӯл сафар доштем. Ҳадаф аз сафар муттаҳид намудани кормандони касбу кори гуногун маънидод шуд. Дар роҳ қаторкӯҳҳои осмонбӯси Ҳисору Фон ва чашмаҳои шӯху дарёҳои пуршӯр касро ба ҳайрат меоварданд. Ҳарчанд роҳ дар масири Душанбе – ноҳияи Айнӣ ҳамвор аст, мутаассифона, пас аз гардиш ба тарафи Искандаркӯл роҳи ноҳамвору вайрони 24 - километра, ҳайатро андак хаста кард.
Ҳайат аввал аз Панҷчашма, ки аз қалби кӯҳ ҷорӣ мешавад, дидан намуд. Дар яке аз суҳбатгоҳҳои назди чашма сайёҳони дохилӣ нишаста, аз оби софу ях барин хунуки чашма мечашиданд. Аз суҳбат бо кормандони истироҳатгоҳ фаҳмидем, ки оби чашмаҳо хусусияти шифобахшӣ доштааст.
Сипас, ба истироҳатгоҳи лаби кӯл омадем. Он ҷо ҳамагӣ як заврақ барои сайёҳон хизмат мекард. Вақти ҷудошуда барои як нафар бошад, 15 - 20 дақиқаро ташкил медод. Аз ин рӯ, як заврақ ба ҳама дастрас набуд, зеро сайёҳони зиёди дохилию хориҷӣ навбат мепоиданд.
Аз рӯи маълумот оби кӯл аз ҳисоби барфу яхобҳои қаторкӯҳҳои Ҳисор ва Фон пур шуда, он дар баландии 2195 метр аз сатҳи баҳр қарор дорад. Зимни тамошо занеро дидам, ки ҳамроҳи духтараш дар назди кӯл нишаста, аз табиати нотакрори ин мавзеъ ҳаловат мебурданд. Пай бурдам, ки онҳо сайёҳони хориҷианд. Зимни суҳбат фаҳмидам, ки Олга аз шаҳри Франкфурти Олмон ҳамроҳи оилааш ба саёҳат омадаанд. Ба гуфтаи Олга ӯ бори сеюм аст, ки ба Тоҷикистон меояд, зеро табиати Тоҷикистон онҳоро мафтун кардааст. Пеш аз Искандаркӯл онҳо аз баҳри Норак ва мавзеъҳои дилчаспи ноҳияи Шаҳристон дидан кардаанд.
- Бори аввал аст, ки ба Искандаркӯл меоем. Табиати зебо, кӯҳҳои осмонбӯсу обҳои мусаффо ба кас роҳат мебахшанд. Лекин вазъи роҳҳо он қадар хуб нест. Ба андешаи ман дар сурати беҳтар намудани роҳҳо шумораи сайёҳон аз ин ҳам зиёдтар хоҳад шуд, - иброз дошт ӯ.
Баъди интизории зиёд ба мо низ барои нишастан ба заврақ навбат расид. Меҳмони дигар - Майкл Ҳарисонро ҳамроҳи завҷааш вохӯрдем, ки аз Австралия омадаанд. Завҷааш Кристан Ҳалстрин, роҳбари ширкати сайёҳии «Аustralia staring a brut ASA», будаасту онҳо бори аввал ба Тоҷикистон омадаанд. Табиати биҳиштосо ва мардуми меҳмондӯсти тоҷик ба онҳо писанд омадааст. Сафарашон аз гузаргоҳи сарҳадии «Ойбек - Фатҳобод» (Тоҷикистону Ӯзбекистон) шурӯъ шуда, аз онҷо ба мавзеъҳои таърихии шаҳри Панҷакент, Саразми бостонӣ, Панҷкенти қадим ва аз табиати зебои Ҳафткӯл дидан кардаанд.
Кристан ҳамчун роҳбари ширкати сайёҳӣ аввал мавзеъҳоро омӯхта, сипас, доир ба маконҳои таърихию сайёҳӣ миёни дӯстон ва мизоҷон тарғибу роҳнамоӣ менамудааст. Ӯ нисбат ба табиат ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон назари мусбат дошта, чунин ибрози андеша намуд: «Ба мардуми сайёра ҳамон кишварҳое, ки дар Роҳи бузурги Абрешим ҷойгиранд, шавқовар аст. Шахсан худам аз давлатҳое, ки аз ҳудудашон ин роҳ мегузарад, сафар кардаам. Кишвари шумо аз нигоҳи сайёҳии экологӣ на танҳо дар Осиё, балки дар ҷаҳон иқтидори баланд дорад ва онро бояд самаранок истифода бурд. Ҳамчун роҳбари як ширкат назар дорам, ки чопи роҳнамо, таърих, мавзеъҳои сайёҳӣ ва ёдгориҳои таърихӣ дар шакли китоб бо забони англисӣ беҳтар мебуд. Инчунин, тарғиби онҳо дар сомонаҳои интернетӣ, чун обу ҳаво зарур аст», - гуфт Кристан.
Майкл ва Кристан нияти сафар ба Бадахшонро доштаанд ва мехостаанд, ки баъди бозгашт як гурӯҳ сайёҳонро ба Тоҷикистон биёранд. Кристан афзуд, ки ӯ ҳамроҳаш олимеро меорад, то Саразмро дида, доир ба он маълумоти муфассалро бо забони англисӣ ҷамъ намояд ва дар шакли китоб ба табъ расонад.
Баъди боздид аз Искандаркӯл роҳ пеш гирифтем сӯи Кӯли морон (ин кӯл аз Искандаркӯл тақрибан 500 метр дуртар воқеъ аст). Аз софии оби ин кӯл рустаниҳои қаъри он намоён аст. Аз шаршараи афсонавии Панҷкӯл низ дидан кардем. Он аз Искандаркӯл дар масофаи қариб 2 километр дур ҷойгир аст. Барои тамошои сайёҳон он ҷо як пешайвон сохтаанд, ки аз болояш метавон шаршараро тамошо кард. Оби дарёи аз Искандаркӯл ҷоришаванда, аз баландии қариб 40 метр ба замин мерезад.
Дар сангҳои азим навиштаҷоте дида мешаванд, ки сайёҳон ном ва соли ташрифашонро рӯи онҳо сабт намудаанд.
Бовар дорем, ки масъулон вазъияти роҳи 24- километраи самти Искандаркӯлро аз минбари рӯзномаи «Ҷумҳурият» хонда, барои таъмири он чораҷӯӣ менамоянд. Зеро бунёди ин роҳ ба зиёд шудани шумораи сайёҳон, ғанӣ гардидани буҷет ва муҳимтар аз ҳама, боло шудани нуфузи Тоҷикистони азиз ҳамчун кишвари нодири сайёҳӣ мусоидат менамояд.
Маҳмуд БАҲРОМ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.09.2019    №: 169    Мутолиа карданд: 1932
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед