logo

сиёсат

28 ДАСТОВАРДИ БУЗУРГ

Истиқлолияти давлатӣ барои ноил шудан ба дастовардҳои муҳим дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва маънавии мардуми тоҷик нақши босазо гузошта, ба ташаккули сиёсати давлатӣ дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ва тадриҷан фароҳам овардани имкониятҳои васеи рушду такомули онҳо дар шароити мураккаби тағйирёбии сохториву ҷамъиятӣ мусоидат намуд.
Дастовардҳо зиёданд, вале 28 дастоварди бузургтаринеро, ки ба рушду инкишофи кишвар бештар замина гузоштанд, зикр мекунем.
1. 24 августи соли 1990 Эъломияи Истиқлолияти Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон қабул гардид, ки тибқи он 9 сентябри соли 1991 Тоҷикистон истиқлолияти комили худро ба даст овард ва ҳамасола ин сана ҳамчун Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хосса ва бо шукргузорӣ аз неъматҳои гаронбаҳои он таҷлил мегардад.
2. Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 марти соли 1992 узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид гардид.
3. 16 ноябри соли 1992 Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри Арбоб баргузор гардид, ки он унвони “Иҷлосияи тақдирсоз”- ро гирифт. Зеро ин иҷлосия фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмонро ба сари қудрат овард, ки аз аввалин рӯзҳои фаъолияти кориаш тамоми неруву тавоноиашро барои ободии ин диёр равона сохт.
4. 24 ноябри соли 1992 аз ҷониби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид, ки барои бақои давлату миллати тоҷик яке аз муқаддасоти миллӣ ба ҳисоб меравад. Бори нахуст Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамчун ид дар кишвар 24 ноябри соли 2009 таҷлил карда шуд.
5. Дар Иҷлосияи ҳаждаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Нишони (Герб) давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дигаргунии куллӣ дароварда шуд.
6. 7 сентябри соли 1994 дар Иҷлосияи XIX Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.
7. 6 ноябри соли 1994 бори нахуст бо тарзи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.
8. 23 феврали соли 1993 Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт, ки ҳамасола ин сана таҷлил мегардад.
9. Бо талошҳои ҷоннисоронаву пайгиронаи Пешвои миллат ниҳоят, 27 июни соли 1997 «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ миёни тоҷикон» қабул гардид.
10. Таҷлили 1100 - солагии аввалин давлати мутамаркази тоҷикон – давлати Сомониён ва 90 - солагии муаллифи китоби “Тоҷикон”, Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров дар соли 1999 гувоҳи он аст, ки тоҷикон, воқеан, тоҷдору тоҷтабор ва хирадпешаю соҳибтамаддун ҳастанд.
11. 30 октябри соли 2000 ба муомилот баровардани воҳиди нави пули миллии кишвар – Сомонӣ, эълон гардид.
12. Дар даврони давлатдории навин арҷгузорӣ ба солгарди шаҳрҳои таърихӣ ба ҳукми анъана даромада, аввалин ҷашне, ки сазовор таҷлил гардид 2500 - солагии Истаравшани бостоншаҳр буд, ки бо иштироки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва меҳмонони дохилию хориҷӣ моҳи сентябри соли 2002 баргузор шуд. Ҳамин тариқ, солҳои минбаъда низ ин иқдом идома ёфта,  соли 2006 ҷашни 2700 – солагии Кӯлоби бостонӣ, соли 2015 ҷашни 3000 - солагии Ҳисори шодмон таҷлил гардид.
13. Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид ташаббусҳои неку созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ намуда, соли 2003 - «Соли байналхалқии оби тоза», соли 2013 - “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об”, солҳои 2005 - 2015 - “Даҳсолаи байналмилалии амалиёт барои об” ва солҳои 2018 - 2028 - ро  Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” эълон намуд.
14. Соли 2008 дар саросари кишвар Ҷашни 1150 - солагии сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс, маликушшуаро Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ доир гардид. Ҳамин тариқ, гиромидошти шахсиятҳои барҷастаи илму адаб ва сиёсати тоҷик ба ҳукми анъана даромада, тибқи санаи таваллуду замони фаъолият солгарди мавлуди адибону олимон ва мутафаккирону сиёсатмадорон ҷашн гирифта мешавад.
15. Соли 2009 – Соли бузургдошти пешвои муаззами мазҳаби ҳанафӣ Имоми Аъзам – Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит эълон гардид.
16. Бузургтарин нақбҳо, амсоли “Истиқлол”, “Шаҳристон”, “Хатлон” – ро бунёду мавриди истифода қарор доданд.
17. Бунёду бозсозӣ ва ба истифода додани шоҳроҳҳо, роҳҳои оҳан ва мошингард, аз қабили “Душанбе–Чанак”, “Кулма–Қароқурум”, “Душанбе –Қӯрғонтеппа–Кӯлоб”,“Душанбе-Бохтар” ва дигар роҳҳои дохилишаҳриву дохилиноҳиявӣ барои баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва баланд бардоштани сатҳи иқтисодиёти минтақаҳои кишвар заминаи боэътимод мебошад.
18. Бо бунёди Неругоҳи барқи обии “Роғун” ва ба истифода додани агрегати якуми он, инчунин, дигар неругоҳҳои хурду бузург дар миқёси ҷумҳурӣ яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар – расидан ба истиқлолияти энергетикӣ амалӣ гардид.
19. Бунёди иншооти фарҳангиву фароғатӣ, таълимиву варзишӣ ва тиббию истироҳатӣ барои мардум, хусусан, насли ояндасози миллат аз дастовардҳои назарраси даврони соҳибистиқлолии кишвар мебошанд.
20. Қабули қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” аз ҳадафҳои олии Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб мераванд, ки барои беҳбудии вазъи некуаҳволии мардум ва баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстиву худшиносии онҳо мусоидат менамоянд.
21. Ҷумҳурии Тоҷикистон узви созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ – Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони умумиҷаҳонии савдо, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони давлатҳои исломӣ ва ғайраҳо шуд, ки дар доираи онҳо кишвари маҳбуби мо мизбони якчанд конфронсу форумҳои сатҳи ҷаҳонӣ гардид.
22. Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар таҳрири нав шаҳодати он аст, ки мардуми хушиқболи ин сарзамини адабпарвар бо роҳбарии Пешвои хирадпешаи хеш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таъриху забон ва адабиёту фарҳанг арҷи махсус мегузоранд.
23. Бо ибтикор ва ташаббуси наҷиби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии Созмони Милали Муттаҳид ҷашни Наврӯз  ҷаҳонӣ гардид.
24. Бо ташаббус ва ҳидояти Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз муъҷизаҳои дасти инсоният, шоҳкории азими халқи тоҷик, маҷмааи фарҳангии “Кохи Наврӯз” ба рӯйхати “8 муъҷизаи Созмони ҳамкории Шанхай” ворид шуд.
25. Эълон гардидани 2018 - “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва 2019-2021 - “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” барои рушди инфрасохтори сайёҳӣ, муаррифии имкониятҳои сайёҳию фарҳангӣ, ёдгориҳои таърихии меъморию табиӣ дар арсаи ҷаҳонӣ, эҳёву инкишофи ҳунарҳои бадеии халқӣ, бунёду азнавсозии иншооти гуногун заминаи мусоид ва иқдоми хеле наҷиб мебошад.
26. Номгузорӣ ва иваз намудани номи аксари шаҳру ноҳияҳо ва маҳалҳои аҳолишин ба номи Қаҳрамонони Тоҷикистон ва халқи тоҷик, чеҳраҳои мондагори илму адаб ва сиёсати тоҷик, санаҳои таърихиву фарҳангӣ аз дастовардҳои муҳим мебошад. Ин иқдом баҳри баланд бардоштани ҳувияти миллии мардуми тоҷик такони ҷиддӣ бахшид.
27. Аз ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани “Саноатикунонии босуръати кишвар” ҳамчун ҳадафи чоруми стратегии мамлакат аз ташаббусҳои муҳими даврони соҳибистиқлолии Ватани маҳбубамон мебошад.
28. Ниҳоят, Ҷашни 30 - юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба ин муносибат амалисозии корҳои ободониву шукуфоӣ ва бунёдкорию созандагӣ дастоварди таърихии давлатдории навини тоҷикон ба ҳисоб меравад.
Бинобар ин, чӣ тавре Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштааст: “Ватандӯстӣ бахти бузург аст, вале ба қадри истиқлолияти миллӣ ва давлати соҳибихтиёр расида тавонистан бахти аз он болотар аст”.
Орифӣ Озар БАҲРОМЗОДА, мутахассиси пешбари
раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ – фароғатӣ
ва ҳунарҳои мардумии Вазорати фарҳанги
Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.09.2019    №: 169    Мутолиа карданд: 2032
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед