logo

иқтисод

ЁВОН. КОРХОНАИ КОРКАРДИ ПАРТОВ БУНЁД МЕЁБАД

Ҳарчанд дар маркази  аксари  шаҳру ноҳияҳо баровардани партовҳо низоми худро дорад, ҳолати бештари деҳоти кишвар чандон қобили қабул нест. Иқдоми пешгирифтаи сокинони Ҷамоати деҳоти Гулсара Юсуфоваи ноҳияи Ёвон дар самти риояи талаботи тозагии муҳити зист ва бунёди коргоҳи коркарди партов қобили таҳсин аст.
Ҷамоати номбурда беш аз 21  ҳазор аҳолӣ дошта, дорои 9 деҳа мебошад. Зимни боздид аз деҳаҳо мушоҳида шуд, ки сокинон бо дасту дили гарм рӯз ба рӯз дар ободонии маҳалли зисташон саҳми бештар мегузоранд. Дар деҳаҳои Бӯстон - 1, Гулистон ва Қамбарӣ бо истифода аз чуқуриҳои зеризаминӣ партовҳо бартараф мегарданд. Бо ташаббуси кумитаҳои маҳал аз  деҳаҳои Навкорам, Зарриндашт ва Тутбулоқ партовҳо ба партовгоҳ бурда мешаванд. Сокинони деҳаҳои Гулдара, Бӯстон - 2 ва Сарқамиш барои боз ҳам поктар сохтани муҳити зист татбиқи босифати лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишӣ» - ро ҳадаф қарор додаанд.
- Лоиҳа бо маблағгузории чор миллион доллар аз ҷониби Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, ки нисфи он  грант ва нисфи дигараш қарзи дарозмуддат аст, татбиқ мегардад. Дар назар аст, ки  ҳамаи партовҳо ба ҷойи махсус интиқол дода шаванд. Лоиҳа ғайр аз Ҷамоати деҳоти Гулсара Юсуфова, инчунин,  ҷамоатҳои деҳоти  Ҳасан Ҳусейнов, Даҳана, шаҳраки Ёвон ва як қатор ташкилоту корхонаҳои дигари ноҳияро фаро мегирад, - гуфт Қаҳҳорбек Ҳасанзода, роҳбари  лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишӣ» дар ноҳия.
Дар марҳилаи аввали татбиқи лоиҳа то соли 2020 таъмини қуттиҳои гуногунҳаҷм ва воситаҳои техникӣ ба нақша гирифта шудааст. Аз соли 2021 бошад, дар идомаи амалисозии он сохтмони корхонаи  коркарди партовҳо оғоз меёбад. Таҷрибаи давлатҳои мутараққӣ дар самти бунёди чунин коргоҳҳо  нишон медиҳад, ки баробари тоза нигоҳ доштани муҳити зист, ҳамчунин, аз ҳисоби коркарди партовҳо ба буҷети давлат маблағи муайян ворид мегардад. Ин гуна иқдомҳои наҷиб минбаъд дар кишвари мо низ  амалӣ хоҳанд шуд. Иқдоми пешгирифтаи сокинони ҷамоати мазкур ҷиҳати  тозаву озодагии муҳити зист бунёд намудани корхонаи коркарди партов ба нафъи тамоми мардум аст.           
Анвар ҲАФИЗ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.09.2019    №: 170    Мутолиа карданд: 1595
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед