logo

иқтисод

ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Дар меҳмонхонаи Hilton (Ҳилтон) - и шаҳри Душанбе  бо ташаббуси муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» ва иштироки намояндагони бахши кишоварзӣ, шарикони рушд, ташкилотҳои донорӣ ва сохторҳои дигари марбута ҳамоиши солонаи Платформаи шабакаи идоракунии чарогоҳҳо доир гардид.

Тавре зикр шуд, беҳтар намудани ҳолати чарогоҳҳо яке аз самтҳои асосии фаъолияти Платформаи шабакаи идораҳо мебошад, зеро феълан набудани инфрасохтори зарурӣ, иҷро накардани қоидаву талаботи истифодаи чарогоҳ, паст будани сатҳи дониш ва малакаи чорводорон мушкилиҳои соҳаи чорводории кишваранд.
Нусратулло Мӯсоев, муовини вазири кишоварзӣ, гуфт, ки аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон ва созмонҳои байналмилалии соҳа ҷиҳати беҳтар намудани ҳолати чарогоҳҳо як қатор чораҳо андешида мешаванд.
Ба гуфтаи Нусратулло Мӯсоев, мушкилиҳои асосии рушди чарогоҳҳо нобаробар тақсим кардани онҳо, дар амал пурра татбиқ нагардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи чарогоҳҳо», норасоии техникаи муосир, ҳолати бади мелиоративӣ, дар чарогоҳҳо зиёд гардидани алафҳои бегона ва зараррасон, бетартиб чарондани чорво ва норасоии мутахассисони соҳа мебошанд.
Саъдӣ Каримзода, директори муассиса, иброз дошт, ки ҳадафи Платформаи шабакаи идоракунии чарогоҳҳо, ки соли 2013 таъсис ёфтааст, мусоидат намудан ба идоракунии устувори чарогоҳҳо дар Тоҷикистон мебошад ва тавассути муколамаи давлат ва бахши хусусӣ - мубодилаи дониш дар асоси таҷриба амалӣ карда мешавад. 

Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.09.2019    №: 170    Мутолиа карданд: 1899
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед