logo

иқтисод

САНОАТ РӮ БА РУШД ДОРАД. БАРДОШТ АЗ ШАҲРИ КӮЛОБ

Бо назардошти ҳадафи чоруми миллӣ эълон гардидани саноатикунонии босуръати кишвар, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб тасмим гирифтааст, ки соли равон шумораи корхонаҳои саноатӣ ва ҳаҷми истеҳсоли  маҳсулоти саноатиро зиёд намояд.

Дар натиҷаи чораҳои андешидашуда рушди соҳаи саноат дар нимаи аввали соли ҷорӣ таъмин гардида, корхонаҳои саноатии шаҳр ба маблағи 104,1 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд, ки  нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 15,9 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Баҳром Иноятзода, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Кӯлоб, гуфт, ки  дар шаш моҳи аввали соли равон 22 корхонаи истеҳсолӣ, аз ҷумла «Комбинати хонасозӣ» 10,7 маротиба, «Сомон Кӯлоб Таҷҳизот» 13,2 маротиба, «Суғдиён» 4,6 маротиба, «Ибодатмоҳ» 3,3 маротиба ва «Орзу – 2004» 2 маротиба ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд намуданд. Ҳамчунин, 4 корхонаи соли гузашта азфаъолиятбозмонда ба фаъолият шурӯъ намуд.
Баробари ин, КМ «Ресандаи Кӯлоб» бо ҷалби сармояи хориҷӣ ба кор оғоз ва 80 касро бо ҷойи кори доимӣ таъмин намуда, ба маблағи 8,8 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол кард. Дар ин давра коргоҳҳои истеҳсоли нахи пахта ва масолеҳи сохтмонӣ таъсис дода шуда, бунёди 25 корхонаю коргоҳи дигар идома дорад. Корхонаи саноатии макаронбарории «К Даврон» моҳи июни соли ҷорӣ ба истифода дода шуд. Ҳоло корхонаи мазкур 6 намуд макарон истеҳсол карда истодааст.
Шумораи кормандони соҳаи саноат нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 116 нафар зиёд гардидааст. Барои ҷалби сармояи хориҷӣ ҷиҳати бунёди корхонаҳои саноатӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2019 дар майдони 309,3 гектар минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» таъсис дода шуд.
Мутаассифона, дар соҳаи саноати шаҳр баъзе норасоию камбудиҳои ҷиддӣ низ ҷой доранд. Аз 41 корхонаи саноатӣ 7 корхона бо сабабҳои куҳнаву фарсуда шудани таҷҳизот истеҳсоли маҳсулотро нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта кам намуд. Инчунин, 6 корхонаи мавсимӣ умуман фаъолият накард. Ин омил ба коҳиш ёфтани ҷойҳои кории мавсимӣ ва ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ сабаб гардид.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр барои рушди саноат, ба кор андохтани корхонаҳои азфаъолиятбозмонда ва бунёди 15 коргоҳу 3 корхонаи саноатӣ чораҳо андешида истодааст. Дар назар аст, ки ба ин корҳо соҳибкорони ватанию хориҷӣ, аз ҷумла Чин, ҷалб карда шаванд. Бо сохта ба истифода додани корхонаҳои зикршуда зиёда аз 3 ҳазору 750 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегардад.
Холназар  КАСИРОВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.09.2019    №: 170    Мутолиа карданд: 1530
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед