logo

иқтисод

НБО "РОҒУН". ДИРӮЗ ВА ИМРӮЗ

“Роғун” нуҳумин аз силсиланеругоҳҳои рӯди Вахш аст, ки 110 км дуртар аз шаҳри Душанбе бунёд меёбад.
Бузургӣ ва шаҳомати НБО “Роғун” дилҳоро ба ваҷд меоранд ва ору нанги милливу худшиносии моро тақвият мебахшанд. Воқеияти  бунёди ин сохтмони барҷастаи замон, заҳмату азму талоши созандагони он, дар ҳақиқат, бемонанду нотакрор аст.

Ба шарофати НБО “Роғун” Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад дар содироти қувваи  барқ дар Осиё мавқеи  хоссаро ишғол намояд.
Сарбанди 335 - метраи НБО “Роғун” аз ҳама балантарин дар ҷаҳон (ҳоло сарбандҳои неругоҳҳои барқи обии “Xинг Пинг И”- и Чин - 305 метр ва “Гувер” - и  ИМА - 221 метр дар ҷаҳон баландтарин маҳсуб меёбанд)  мегардад. 
Иқтидори солонаи истеҳсолии шаш чархаи “Роғун” дар маҷмӯъ 3600 мВт (беш аз 17 миллиард кВт - соат), ғунҷоиши обанбори  “Роғун”13, 3 километри мукааб обро ташкил медиҳад. Обанбор барои ҳаллу фасли масъалаҳои марбут ба тағйирёбии иқлим, танзими об ҳангоми хушксолӣ, обу энергетика ва ҳамчун манбаи бузурги оби тоза дар минтақа нақши  азиму арзишманд дошта метавонад. Муҳлати пур кардани обанбор – 16 сол.
Агрегати  аввалини НБО “Роғун” - ро 16 ноябри соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ бо зер кардани тугмаи  идора ба кор дароварданд. Ин рӯйдоди таърихиро миллионҳо нафар тавассути телевизион тамошо карданд. Шумораи умумии коргарони “Роғун”, меҳмонони воломақоми хориҷӣ, намояндагони корпусҳои дипломатӣ,  шоирону нависандагон, журналистони нашрияҳои дохилию хориҷӣ, ки дар ҳамоиши тантанавӣ ба ифтихори ба истифода додани агрегати аввал дар мавзеи сохтмони  “Роғун” иштирок карданд,  даҳҳо ҳазор нафарро ташкил дод.
Ба сохтмон беш аз 3500 техника ва мошину механизм сафарбар гардидааст.
Шумораи умумии коргарон, муҳандисон ва мутахассисони неругоҳ ба 25 ҳазор нафар мерасад.
Маросими ба истифода додани агрегати аввали неругоҳро беш аз 200 нафар рӯзноманигор аз ИМА, Италия, Олмон, Россия, Япония,  Англия, Чин, Покистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва кишварҳои дигар мунъакис намуд ва қариб тамоми телевизионҳои муътабари ҷаҳон намоиш доданд.
 Дар иншооти болопӯшидаи КРУЭ 19 адад дастгоҳи элегазии 500 кВ ва 4 дастгоҳи элегазии  220 кВ насб гардидаанд, интиқоли неруи барқ аз ин иншоот ба низоми ягонаи энергетикии мамлакат тавассути 6 хати барқи ҳавоии 500 кВ сурат мегирад. Ҳамчунин, неруи барқ аз таҷҳизоти мазкур тавассути як хати дузанҷираи 220 кВ то зеристгоҳи барқии шаҳри Роғун интиқол дода хоҳад шуд.
Навиштаҷот дар  минбари НБО “Роғун”: “16 ноябри соли 2018 Асосгузори сулҳу  ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  истеҳсоли барқи аввали нахустагрегати Неругоҳи барқи обии  “Роғун”- ро ифтитоҳ бахшиданд,  ки он дар таърихи давлатдории тоҷикон чун рӯйдоди муҳими хотирмон ҷовидонӣ сабт хоҳад шуд”. 
НБО “Роғун” амнияти  бехатарии истеҳсоли қувваи барқро дар мамлакат таъмин ва ба ҳисоби миёна то солҳои 2020-2050 30 %  - и қувваи барқро истеҳсол мекунад.
Моҳи декабри соли 2024 неругоҳи “Роғун”пурра ба кор медарояд.
Сохтмони иншоот соли 1930 тарҳрезӣ гардида буд.
Соли 1960 дар мавзеи неругоҳ аввалин корҳои омӯзишӣ гузаронда шуданд.
27 феврали соли 1974 лоиҳаи  техникии  НБО “Роғун”, ки аз ҷониби шуъбаи осиёимиёнагии Институти “Гидропроект” - и  шаҳри Тошканд  омода шуда буд, аз тарафи Госстройи СССР тасдиқ карда шуд.
Корҳои омодагӣ ба оғози сохтмони НБО “Роғун” соли 1976 шурӯъ шуданд.
Моҳи декабри соли 1979  Совети Вазирони СССР лоиҳаро тасдиқ кард.
Соли 1981 корҳои асосии сохтмонӣ сар шуданд.
Соли 1987 пеши маҷрои дарёи Вахш баста шуд.
Солҳои 1989 -1993 суръати корҳои сохтмон дар асоси  режими нақша давом карда, тадриҷан суст шудан гирифт. Ба макони сохтмон ду гидротурбина интиқол дода шуд. Сохтмони сарбанди  неругоҳ ба 40 метр расонда, 21 километр нақб канда шуд. 8 майи соли 1993 сарбанди бунёдёфта дар натиҷаи  обхезии шадид хароб шуд ва қисме аз нақбҳои кандашуда зери об монданд. Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ сохтмони НБО “Роғун” барои муҳлати  номуайян боздошта шуд.
Дар давраи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ  700 самосвал ва экскаватор ба яғмо рафт.
Соли 2004 байни Ҳукумати Тоҷикистон ва ширкати “Русал” шартномаи идомаи корҳои сохтмонӣ ба имзо расид ва пас аз чанде бекор карда шуд.
26 сентябри соли 2005 баъзе корҳои сохтмонӣ  дар НБО “Роғун” аз нав оғоз ёфтанд.
30 майи соли 2008 - сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Роғун, боздид аз иншооти сохташаванда ва мулоқот бо коргарони НБО  “Роғун”.
28 октябри соли 2009 - сафари навбатии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Роғун ва  шиносоӣ аз рафти  корҳои  сохтмонӣ, суҳбат  бо бинокорони НБО “Роғун”.
Соли 2010 бунёди НБО “Роғун” аз нав шурӯъ гардид.
Соли 2010 байни Ҳукумати Тоҷикистон  ва Бонки ҷаҳонӣ барои гузарондани ташхиси байналмилалии лоиҳаи НБО “Роғун” шартнома ба имзо расид. Пудратчии гузарондани ташхис ширкати   швейтсарии  “Роуry Energy Ltd» интихоб гардид.
10 июли соли 2012 - сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Роғун, боздид аз иншооти сохташаванда ва мулоқот бо бунёдкорон.
15 июли соли 2015 - сафари навбатии Сарвари давлат ба шаҳри Роғун ва  шиносоӣ аз ҷараёни рафти  корҳои  сохтмон, суҳбат  бо бинокорони НБО “Роғун”, ифтитоҳи Озмоишгоҳи марказии сохтмон.
      4 августи соли 2016 - сафари кории  навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Роғун ва НБО “Роғун”, шиносоӣ аз ҷараёни корҳои барқарорсозӣ.
5 августи соли 2016 - боздиди  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз мавзеи  сохтмони НБО “Роғун” ва мулоқот бо роҳбарону мутахассисони неругоҳ.
Моҳи октябри соли 2016 ширкати “Салини Импереҷило”  - и Италия дар тендери байналмилалии сохтмони НБО “Роғун” ғолиб омад.
29 октябри соли 2016. Рӯзи таърихӣ. Тағйири маҷрои дарёи Вахш ва оғози бунёди сарбанди Неругоҳи барқи  обии “Роғун” бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсан булдозери пуриқтидорро яку ним соат идора карда, пеши дарёи Вахшро бастанд.
10 майи соли 2017 - сафари кории навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Роғун ва НБО “Роғун”, мулоқот бо роҳбарон ва кормандони муҳандисиву техникии неругоҳ, шиносоӣ аз ҷараёни корҳои сохтмон дар бинои дастгоҳи пӯшидаи тақсимкунандаи элегазӣ.
 26 июли соли 2018 - сафари навбатии Сарвари давлат ба шаҳри Роғун ва НБО “Роғун”, боздид аз толори мошинҳо ва бинои трансформаторҳо. Шиносоӣ аз ҷараёни корҳои сохтмон дар нақбҳои сохтмонии СТ - 1 ва СТ - 2.
16 ноябри соли 2018. Рӯзи таърихии баистифодадиҳии агрегати  якуми НБО “Роғун”. Ин рӯйдод дар таърихи навини Тоҷикистон бо ҳарфҳои заррин сабт шуд.
9 сентябри соли 2019. Солгарди 28 – умини Ҷашни миллии Рӯзи  Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санаи таърихии аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода додани агрегати  дуюми НБО “Роғун”.

Сафар ЭРКАЕВ, дотсенти  ДДХ ба номи
академик Б. Ғафуров, иштирокчии Иҷлосияи
ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Насимҷон ҚАҲҲОРОВ,  дотсент,
Баҳодур КОМИЛОВ, тадқиқотчӣ  


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.09.2019    №: 172    Мутолиа карданд: 1409
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед