logo

суханрониҳо

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ифтихори 28 - умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Наврӯзгоҳи шаҳри Душанбе, 9 сентябри соли 2019

Ҳамватанони азиз!
Ҳозирони гиромӣ!
Бо камоли ифтихору фараҳмандӣ тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон, ҳамватанони бурунмарзӣ, сокинони пойтахти кишвари азизамон ва ҳамаи шумо, ширкаткунандагони тантанаи имрӯзаро бори дигар ба муносибати Ҷашни муқаддаси миллӣ - 28 - умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ва ба истифода додани агрегати дуюми Неругоҳи барқи обии «Роғун» самимона табрик менамоям.
Бисту ҳашт сол муқаддам халқи куҳанбунёду тамаддунсози тоҷик ба дастоварди муқаддасу таърихӣ - Истиқлолияти давлатӣ ноил гардид, ки имрӯз мо ин падидаи бузурги таърихи навини халқамонро бо эҳсоси гарми ватандорӣ ва ифтихору сарафрозӣ таҷлил менамоем.
Истиқлол арзишмандтарин комёбии халқи тоҷик дар охири асри бист ба ҳисоб рафта, Тоҷикистони азизамон маҳз ба туфайли он ҳамчун узви баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳон эътироф гардид ва мавқеи шоистаи худро дар байни кишварҳои мутамаддин соҳиб шуд.
Истиқлол нишонаи озодиву ҳувияти миллӣ ва мояи ифтихори ҳар як соҳибватан, рамзи саодат ва шарти асоситарини бақои миллат ва давлати тоҷикон мебошад.
Тамоми мардуми Тоҷикистон хуб медонанд, ки то расидан ба дастовардҳои имрӯза мо чӣ қадар мушкилоти сахту сангинро паси сар кардем. Роҳи таърихие, ки халқи тоҷик дар бисту ҳашт соли охир тай кард, масири пур аз монеаву мушкилот буд. Алалхусус, кишварамон дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба марҳалаи мухолифати шадиди дохилӣ ва муқовимати мусаллаҳона ворид гардид.
Хоинони миллати тоҷик ва хоҷагони хориҷии онҳо бо ҳар роҳ мехостанд давлати навбунёди тоҷиконро аз харитаи сиёсии ҷаҳон нест кунанд ва миллатро пароканда созанд. Вале бархилофи ҳадафҳои нопоки хоинони миллат ва баъзе доираҳои манфиатдори хориҷӣ қувваҳои солими ҷомеаи мо зери парчами нангу номус ва ягонагии миллӣ сарҷамъ шуда, ҷиҳати расидан ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ корномаи бемисл нишон доданд.
Аз ин лиҳоз, ман ҳамеша таъкид месозам, ки сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ барои мо – тоҷикон ҳамчун арзишҳои бисёр азизу муқаддас аҳамияти калидӣ доранд ва ҳифзу таҳкими онҳо вазифаи ҷониву имонии ҳар як шаҳрванди бонангу номуси Тоҷикистон мебошад.
Воқеан, ноил гаштан ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ яке аз дастовардҳои бузурги даврони истиқлолият мебошад. Маҳз сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ба мо имконият фароҳам оварданд, ки то имрӯз ба хотири пешрафти Ватани аҷдодиамон бисёр иқдомоти бунёдгаронаро анҷом диҳем. Ҳоло бо эътимод метавон изҳор намуд, ки таҷлили ҳамасолаи солгарди Истиқлолият ҳамчун ҷашни муқаддаси миллӣ ба густариши бештари худогоҳиву худшиносӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ, тақвияти ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихори ватандории ҳар як фарди бонангу номуси Тоҷикистони соҳибистиқлол неруи тоза бахшида истодааст.
Субҳи имрӯз мо дар фазои тантанавӣ агрегати дуюми Неругоҳи барқи обии «Роғун» - ро ба кор андохтем, ки ин падидаи неки созанда ва дастоварди муҳимтарини мо дар самти боз ҳам афзоиш додани истеҳсоли неруи барқ, таҳкими иқтидори энергетикии мамлакат аҳамияти бунёдӣ дорад ва боз як қадами устувори мо дар ҷодаи таъмин намудани истиқлоли энергетикӣ мебошад.
Итминон дорам, ки бунёди ин иншооти бузурги аср солҳои наздик  бо кӯшишу ғайрати ватандӯстонаи мутахассисону сохтмончиён муваффақона анҷом меёбад ва ба шарофати он баробари рушди ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ сатҳу сифати рӯзгори мардуми мо нисбат ба имрӯз хеле беҳтар мегардад.
Ҳозирони арҷманд!
Дар шароити бисёр ҳассосу мураккаби ҷаҳони муосир ҳимояи дастовардҳои замони истиқлол - сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлату миллат вазифаи ҳар фарди бонангу номуси миллат мебошад. Хусусан, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ваҳдату сарҷамъӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ ва ифтихор аз давлатдории миллӣ дар шароити имрӯза аҳамияти беш аз пеш касб кардааст. Ин рисолат аз тамоми ҷомеа, алалхусус аз аҳли зиё тақозо менамояд, ки моҳияти сулҳу ваҳдат, ватану ватандорӣ ва худшиносии миллиро ба наврасону ҷавонон ҳарчи бештар ташвиқ намоянд.
Мо ба хотири ҷовидону бегазанд мондани Истиқлоли давлатамон насли пешрафта - насли дорои тафаккуру ҷаҳонбинии нав ва ватандӯсту ватанпарварро ба камол расондем, ки дар оянда масъулияти соҳибӣ кардани давлати соҳибистиқлоли мо ба дӯши онҳо гузошта мешавад.
Бовар дорам, ки мардуми бонангу номуси мо, аз ҷумла сокинони шарафманди пойтахт, бо заҳмати софдилона ва азму иродаи қавӣ минбаъд низ дар ободии Ватани маҳбубамон аз ҳарвақта бештар заҳмат мекашанд, шуҳрати онро дар арсаи байналмилалӣ баланд мебардоранд, дар раванди давлатсозиву давлатдорӣ ва бунёди ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявӣ саҳми арзишманд гузошта, роҳи таърихии халқамонро, ки аз Истиқлоли Ватан ибтидо гирифтааст, сарбаландона идома медиҳанд.
Бигзор, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дар сарзамини аҷдодии мо абадӣ бошад!
Пояндаву ҷовидон бод Истиқлоли халқи шарафманди Тоҷикистон!
Шараф ба мардуми бонангу номус, ватандӯсту ватанпарвар, сулҳдӯсту тамаддунсоз ва заҳматкашу сарбаланди тоҷик!
Ҷашни 28 - солагии Истиқлолу озодии давлати тоҷикон ва ба фаъолият оғоз кардани агрегати дуюми «Кохи нур» -и Тоҷикистон, яъне Неругоҳи барқи обии «Роғун» муборак бошад, ҳамватанони азиз!
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.09.2019    №: 173    Мутолиа карданд: 3664
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед