logo

иқтисод

ДУШАНБЕ. ИДИ ХАРБУЗАЮ ТАРБУЗ ВА АСАЛ

Ба  истиқболи Ҷашни 28 - умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ бо ибтикори муштараки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Вазорати кишоварзӣ дар Муассисаи давлатии «Бозори Меҳргон» - и пойтахт  бо иштироки раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ Иди харбузаю тарбуз ва асал доир гардид.  
Тавре ба «Ҷумҳурият» аз раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, беҳтарин навъҳои харбуза, ба монанди «Амирӣ», «Парсилдоқ», «Ҷӯрақанд», «Наботи сафед», «Мирзочӯлӣ», «Андархонӣ», «Оби набот», «Гулобии норанҷӣ», «Зартӯр», «Шакарпалак» ва «Шакарпора», ки кишоварзони мамлакат  парвариш мекунанд, бо нархҳои назар ба бозор арзонтар ба сокинону меҳмонони  пойтахт пешниҳод гардиданд. Кишоварзони зиёда аз 40 хоҷагии деҳқонии вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар қатори навъҳои зиёди харбузаву тарбуз ва  асал маҳсулоти гуногуни аз онҳо  омодагардидаро  манзури харидорону тамошобинон намуданд. 
Манораҳои калони аз беҳтарин навъҳои харбуза ва тарбуз ба шакли пирамида бунёднамудаи хоҷагидорон ба намоишгоҳ шукӯҳу шаҳомати бештар бахшид.
Ҳадаф аз иқдоми мазкур иҷрои дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини амнияти озуқавории мамлакат ва ғанӣ гардондани дастархони аҳолӣ арзёбӣ гардид.
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ҷараёни боздид ба ташкили намоишгоҳи фурӯши харбузаю  тарбуз ва асал баҳои баланд дода, масъулони соҳаро муваззаф намуд, ки барои фароҳам овардани шароити боз ҳам мусоид ҷиҳати гузарондани чунин чорабиниҳо тадбирҳои муассир андешанд.
Мутахассисону олимон дар гӯшаҳои алоҳидаи маслиҳатӣ ба хоҷагидорон оид ба агротехникаи дурусти парвариши тарбузу харбуза машваратҳои судманд доданд.
Раиси шаҳри Душанбе, ҳамзамон, бо шароити хизматрасонӣ дар Муассисаи давлатии "Бозори Меҳргон" аз наздик шинос шуда, бо соҳибкорону фурӯшандагон ва  кормандони бозор суҳбат намуд.
Роҳбарияти бозор ва масъулони  соҳаҳои дахлдор ҷиҳати дар муддати ду рӯз ба эътидол овардани  нархи маводи мавриди ниёзи аввал, бахусус орд,  ҳамчунин, барои дар асоси технологияи замонавӣ ташкил намудани павилйонҳои нигоҳдории маҳсулоти зудвайроншаванда, махсусан гӯшт дар яхдонҳо,  ҳолати санитарии бозор, ба танзим даровардани нарху навои маводи ғизоӣ ва назорати қатъӣ дар самти савдои кӯчагии маҳсулот дастурҳои мушаххас гирифтанд. 
Ҳамарӯза аз  «Меҳргон», ки бозори нави дорои шароити мусоиди кору хизматрасонӣ мебошад, садҳо нафар сокинону меҳмонони пойтахт маводи мавриди ниёзи аввалро харидорӣ менамоянд.

С. РАҶАБЗОДА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.09.2019    №: 174-175    Мутолиа карданд: 1405
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед