logo

сиёсат

ҶАМЪОМАДИ ТАНТАНАВӢ ДАР АМФИТЕАТРИ ШАҲРИ КӮЛОБ

Шоми 11 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Кӯлоб дар чорабинии идона ба ифтихори 28 - умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ карданд.

Нахуст Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кулли сокинони бонангу номус, далеру қавиирода ва сарбаланду боҳиммати шаҳри бостонии Кӯлобро ба муносибати ҷашни истиқлол ва ба кор андохтани агрегати дуюми Неругоҳи барқи обии “Роғун” табрику таҳният гуфтанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми меҳмоннавози шаҳри Кӯлоб барои истиқболи гарму самимӣ, ҷонибдории сиёсати созандаву бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипосу миннатдорӣ карда, ба шаҳри бостонӣ шукуфоӣ ва ба сокинони шарафмандаш барору комёбӣ орзу намуданд.
Президенти мамлакат оид ба дастовардҳои арзандаи даврони соҳибистиқлолӣ, хоҳишу талошҳои мардум баҳри таъмини сулҳу субот дар кишвар андешаронӣ карда, таъкид доштанд, ки дар барқарор намудани ҳокимияти конститутсионӣ, ҳимояи давлатдории навини тоҷикон ва наҷот бахшидани миллат аз парокандагӣ саҳми сокинони сарбаланди шаҳри Кӯлоб бисёр арзишманд мебошад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз таърихи бою қадимаи шаҳри бостонӣ ва мардуми ҳунарманду орифаш ёдовар шуда, бо қаноатмандӣ изҳор доштанд, ки сокинони шарафманди Кӯлоб бо ифтихор аз таърихи гузаштаи худ ва бо эҳсоси гарми ватандорӣ сиёсати созандаи давлат ва Ҳукумати мамлакатро ҷонибдорӣ намуда, дар замони соҳибистиқлолӣ барои рушду тараққиёти шаҳр хеле корҳои шоиста ва назаррасро ба анҷом расондаанд.
Таъкид шуд, ки айни ҳол бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ дар шаҳру деҳоти Кӯлоб татбиқи 15 лоиҳаи сармоягузорӣ дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, коммуналӣ ва кишоварзӣ идома дошта, то имрӯз корҳо ба маблағи қариб 120 миллион сомонӣ иҷро шудаанд.
Тибқи нақшаи корҳои ободонӣ ба истиқболи 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб бунёд ва таъмиру азнавсозии қариб ҳазор иншоот пешбинӣ гардидааст.
Соли 2018 аз ин ҳисоб 64 иншооти таъйиноти иҷтимоиву иқтисодӣ бунёд ва 44 иншоот аз таъмири асосӣ бароварда шудааст. Дар соли 2019 бунёду азнавсозии 271 иншоот ба нақша гирифта шуда, аз ин шумора дар 6 моҳи соли равон корҳо дар 65 иншоот ба анҷом расидаанд. Сохтмону таъмири иншооту биноҳо тибқи нақша босуръат идома дошта, то охири соли 2019 - ум 206 иншооти дигар ба истифода супурда мешавад.
Президенти мамлакат бо итминон изҳор доштанд, ки бо татбиқи тадбирҳои созанда, то Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ мушкилоти соҳаҳои иқтисоди миллӣ дар шаҳру деҳоти Кӯлоб пурра бартараф гардида, барои сокинон тамоми шароити зарурии кору зиндагӣ муҳайё карда мешавад.
Мавриди зикр аст, ки танҳо дар доираи сафари кории Пешвои миллат дар шаҳри Кӯлоб давоми ду рӯз 16 иншооти таъйиноти гуногун ифтитоҳ гардида, 35 иншооти дигар бо иштироки аъзои Ҳукумати Тоҷикистон, дар маҷмӯъ, беш аз 50 бинои навбунёд ба истифода дода шуд.
Дар ин замина боз қариб 500 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардид.
Дар охир, Президенти мамлакат бори дигар бо изҳори умеду боварӣ таъкид доштанд, ки сокинони бонангу номуси шаҳри Кӯлоб ин ободкориҳоро ҳифз менамоянд ва  барои рушди ин шаҳри таърихӣ дучанд заҳмат кашида, дар пешрафти он саҳми арзанда мегузоранд.
Баъд аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Ҷашни умумимиллӣ 28 - умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ барномаи рангини консертӣ бо иштироки устодони санъат ва санъаткорони шаҳри Кӯлоб баргузор гардид, ки хеле хотирмон буд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.09.2019    №: 174-175    Мутолиа карданд: 815
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед