logo

суханрониҳо

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мулоқот бо фаъолон ва сокинони ноҳияи Муъминобод, 10 сентябри соли 2019

Ҳамдиёрони азиз!
Ҳозирони гиромӣ!
Сафари навбатии мо ба ноҳияи Муъминобод ба рӯзҳои таҷлили ҷашни бузурги Ватани азизамон - Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омадааст. Ба ин муносибат мардуми меҳмоннавози ноҳияи Муъминобод ва ҳамаи шумо – ҳозирони гиромиро самимона табрик мегӯям.
Имрӯз мо бо вазъи рушди ноҳияи Муъминобод аз наздик шинос шуда, итминон ҳосил кардем, ки бо дастгирии Ҳукумати кишвар мардуми шарафманду заҳматқарини ноҳия барои рушди соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт аҳлона заҳмат кашида истодаанд. Дар натиҷаи саъю талоши ватандӯстонаи онҳо ноҳия ободу  сатҳу сифати зиндагии сокинони он хеле беҳтар шудааст.
Тибқи таҳлилҳо, дар замони соҳиб-истиқлолӣ барои рушди ноҳия аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузории давлатӣ беш аз 600 миллион сомонӣ равона гардидааст. Тайи 15 соли охир дар ноҳияи Муъминобод татбиқи 23 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 320 миллион сомонӣ анҷом ёфта, ҳоло 7 лоиҳаи дигар амалӣ шуда истодааст, ки маблағи то имрӯз дар доираи онҳо азхудшуда беш аз 30 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Дар давоми солҳои 2016 - 2019 аз 182 иншооти дар нақшаи чорабиниҳои Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Муъминобод барои солҳои 2016 - 2020 пешбинишуда 32 иншоот пурра анҷом ёфта, корҳои сохтмонӣ дар 41 иншоот идома доранд. Яъне, то имрӯз ҳаҷми корҳои иҷрошуда 58 фоизи нишондиҳандаи барномаро дар бар мегирад, ки 87 фоизи онҳо аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ маблағгузорӣ шудааст.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия вазифадоранд, ки вобаста ба иҷрои пурраи чорабиниҳои барномаи зикршуда ҳамкориро бо бахши хусусӣ ва сармоягузорони ватаниву хориҷӣ тақвият бахшида, захираҳои дохилиро низ самаранок истифода баранд.
Бо мақсади омодагӣ ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолият дар ноҳия нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ва азнавсозӣ амалӣ шуда истодааст, ки дар доираи он 240 иншоот, аз ҷумла бунёди 29 корхонаи истеҳсолӣ, роҳу пулҳо, таъмиру барқарорсозии ёдгориҳои таърихӣ, 44 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумиву томактабӣ, 51 муассисаи тандурустӣ, 38 толору майдончаи варзиш ва бозии кӯдакон, 46 иншооти хизматрасонӣ, бинои нави маъмурии прокуратураи ноҳия, инчунин, бо таҷҳизоту лавозимоти хониш таъмин намудани муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, кашидани хатҳои оби нӯшокиву барқ, насби трансформаторҳо ва иваз намудани ноқилҳои барқӣ, ба нақша гирифта шудааст.
То имрӯз аз ҷониби сохтору мақомоти давлатӣ, соҳибкорони маҳаллӣ ва шахсони саховатпеша сохтмону азнавсозии 32 иншоот, аз ҷумла меҳмонхона, биноҳои маъмурии прокуратура, кумитаи идораи замини ноҳия, Ҳизби Халқии Демократӣ, ду майдончаи варзиш, корхонаи консервбарорӣ ва дар шафати он 5 гектар боғи дарахтони мевадиҳанда, коргоҳи истеҳсоли обҳои ташнашикан, меҳмонхонаи замонавии «Муъминобод», муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар деҳаи Кӯлчашмаи Боло барои 300 нафар хонанда сохта шуда, 16 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмиру таҷдид гардидаанд.
Имрӯз мо осоишгоҳи махсусгардондашудаи барқарорсозии саломатии беморони қалбро бо 110 кат, ки аз се бинои замонавии муҷаҳҳаз барои табобату истироҳат ва дигар иншооти ёрирасон иборат буда, ба маблағи 31 миллион сомонӣ пурра таҷдид шудааст, ифтитоҳ кардем. Бо дарназардошти шароиту имкониятҳои дар ин осоишгоҳ муҳайёгардида, супориш дода мешавад, ки ба он мақоми ҷумҳуриявӣ дода шавад.
То имрӯз аз ҳисоби соҳибкорон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия 7 километр роҳи мошингард таъмиру мумфарш ва ба истифода супурда шудааст.
Дар маркази ноҳия ва деҳоти он сохтмону азнавсозии маркази хизматрасонӣ бо сехи дӯзандагӣ, коргоҳи коркарди шир, якчанд маркази хизматрасониву бозор ва мумфарш кардани як километр роҳи шаҳраки Муъминобод, маркази саломатӣ дар деҳаи Тутқавул, толори варзиш ва озмоишгоҳ дар назди гимназияи давлатии «Боғи Ҳабиб», маркази омӯзиши касбу ҳунар ва синфхонаҳои иловагӣ, корхонаи парандапарварӣ дар деҳаи Ҳанатарош, майдончаи варзиш, ҳавзи шиноварӣ ва меҳмонхона ба анҷом расидаанд.
Имрӯз дар маркази ноҳия корҳои сохтмони боғи фарҳангу фароғат, меҳмонхонаи 5 - ошёнаи чорситорадор дар мавзеи Чилдухтарон, корхонаи коркарди шир ва меваю сабзавот, сардхона дар деҳаи Кӯлчашма оғоз гардиданд. Бовар дорам, ки соҳибкорон ва мутахассисону сохтмончиён иншооти зикршударо дар муҳлати муқарраршуда бунёд намуда, ҳамчун туҳфаи арзанда ба истиқболи 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ ба истифода медиҳанд.
Илова бар ин, тибқи нақшаи ободонӣ дар шаҳраку деҳоти ноҳия аз ҳисоби соҳибкорону шахсони саховатпеша, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва аҳолӣ дар чандин деҳа сохтмони даҳҳо корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ, иншооти маорифу тандурустӣ, фарҳангу хизматрасонӣ, кашидани хатҳои барқу оби нӯшокӣ, сангфаршкунии роҳҳо, тоза кардани заҳбуру заҳкашҳо, инчунин, сохтмону азнавсозӣ ва муҷаҳҳаз гардондани мактабҳои рақами 51, 16 ва 19 ба анҷом расонда шудаанд.
Дар маҷмӯъ, то имрӯз дар сохтмони иншооти нави зикршуда 62 миллион сомонӣ сарф гардида, ҳоло корҳои ободониву бунёдкорӣ ба маблағи зиёда аз 40 миллион сомонӣ идома доранд. Умуман, то ба имрӯз дар доираи нақшаи қабулгардида 60 иншооту биноҳои нав ба истифода дода шудаанд, ки 26 фоизи ҳаҷми умумии корҳоро ташкил медиҳад.
Мувофиқи нишондиҳандаҳои оморӣ дар ноҳия шумораи субъектҳои соҳибкорӣ ҳоло зиёда аз 5 ҳазор буда, 85 фоизи онҳоро хоҷагиҳои деҳқонӣ ташкил медиҳанд.
Дар ноҳия аз 12 корхонаи саноатӣ 6 корхона фаъолияти мавсимӣ дошта, 3 корхона бо сабаби надоштани маблағ аз фаъолият боз мондааст. Чунин ҳолат аз он гувоҳӣ медиҳад, ки раванди истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳия нисбатан суст ба роҳ монда шудааст. Гарчанде ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар шаш моҳи соли ҷорӣ назар ба ҳамин давраи соли 2018 50 фоиз афзудааст, дар муқоиса бо соҳаи кишоварзӣ 10 баробар кам мебошад.
Таъкид менамоям, ки захираҳои бойи табиии ноҳия имконият медиҳанд, ки фаъолияти соҳаҳои саноати коркард, сабук, алалхусус, корхонаҳои соҳаи хӯрокворӣ, коркарди мева, аз ҷумла меваҳои табиӣ, гиёҳҳои шифобахш ва истеҳсоли сангҳои ороиширо вусъат бахшида, ҳазорҳо ҷойи кории нав таъсис додан мумкин аст.
Дар баробари корҳои ободониву созандагии банақшагирифташуда, ободонии соҳилҳои кӯли ноҳия ба беҳтар гардидани сифати обрасонӣ, рушди соҳибкории хурд ва фароҳам овардани шароит барои истироҳату фароғати сокинон ва сайёҳон мусоидат карда метавонад.
Аз ин лиҳоз, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ноҳияи Муъминобод бояд дар ҳамкорӣ бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва дигар сохтору мақомоти дахлдор ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди сармоягузорӣ ба соҳаҳои истеҳсолӣ, ба кор андохтани иқтидорҳои нав, васеъ ба роҳ мондани коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, ба талаботи замон мувофиқ гардондани иншооти инфрасохтории ноҳия ва муҳайё кардани ҷойҳои нави корӣ барои аҳолии қобили меҳнат тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Ҳамзамон бо ин, роҳбарияти Бонки миллӣ ва Бонки давлатии “Амонатбонк” вазифадоранд, ки ҷиҳати осон намудани дастрасии соҳибкорон ва аҳолӣ ба воситаҳои молиявии имтиёзнок, пеш аз ҳама, барои соҳибкории истеҳсолӣ чораҷӯӣ намоянд.
Дар нимсолаи якуми соли равон ташкилотҳои қарзӣ ба аҳолии ноҳия 10 миллион сомонӣ қарз додаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 қариб 30 фоиз зиёд аст. Лекин дар муқоиса бо дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ҳаҷми қарзҳои ба сокинони ноҳияи Муъминобод додашуда нисбатан кам мебошад.
Дар шаш моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳия 92 миллион сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10 фоиз зиёд мебошад. Қариб 70 фоизи ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии ноҳия ба соҳаи чорводорӣ рост меояд. Яъне, бо дарназардошти имкониятҳои ноҳия тараққӣ додани соҳаи чорводорӣ аз ҷумлаи самтҳои афзалиятнок ба ҳисоб меравад.
Аз ҷониби Ҳукумати мамлакат дар доираи татбиқи лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ доир ба беҳсозии инфрасохтори чарогоҳҳо 30 зерлоиҳа ба маблағи 26 миллион сомонӣ дар самти сохтмони хатҳои об, барқарорсозии роҳу пулҳо ва мавзеъҳои нигоҳдории чорво ба анҷом расонда, дар доираи татбиқи лоиҳаи “Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо” ҷамъиятҳои истифодабарандагони чарогоҳҳои ноҳия бо 203 техникаву таҷҳизоти соҳа таъмин карда шудаанд.
Ба Вазорати кишоварзӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия зарур аст, ки ҷиҳати баланд бардоштани маҳсулнокии чорво, инчунин, бо истифода аз имтиёзҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати мамлакат барои рушди соҳаҳои чорводорӣ ва парандапарварӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Ҳарчанд дар ноҳия солҳои охир дар самти истеҳсоли меваю сабзавот ва картошка тамоюли афзоиш ба назар мерасад, ҳаҷми истеҳсоли асал ва ангур зиёд нагардидааст. Чунин вазъ гувоҳи он аст, ки ба масъалаи занбӯриасалпарварӣ ва бунёди токзорҳо таваҷҷуҳи зарурӣ дода нашудааст. Ҳол он ки ноҳия барои рушди ин соҳаҳо имкониятҳои беҳтарин дорад ва зарур аст, ки ин захираву имкониятҳо ҳарчи бештар ва самаранок истифода шаванд. Илова бар ин, табиату манзараи зебо, иқлими мусоид ва мавзеъҳои таърихии ноҳия, инчунин, иншооте, ки тибқи нақша сохта мешаванд, имкон фароҳам меоранд, ки соҳаи сайёҳӣ инкишоф ёбад.
Воқеан, ноҳияи Муъминобод яке аз гӯшаҳои биҳиштосои Ватани азизамон ба шумор рафта, бо табиати нотакрор, кӯҳҳои сарбафалаккашида, дараҳои хушбоду ҳаво, рӯду шаршараҳои назаррабо ва меваҳои шаҳдрезу заминҳои ҳосилхезаш шуҳратёр мебошад. Махсусан, мавзеи Чилдухтарон ҳамчун ёдгории беназири табиӣ ва даҳҳо ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ таваҷҷуҳи ҳазорон нафар сайёҳони дохиливу хориҷиро ба худ ҷалб мекунанд.
Гузаштагони фарҳангиву тамаддунсози мо, ки аз азал завқу салиқаи баланди зебоипарастӣ доштаанд, беҳуда ин дараҳои хушманзараро макони зисти худ қарор надодаанд. Онҳо ҳанӯз аз гузаштаҳои дур бо меҳру муҳаббати зиёд ба марзу буми аҷдодӣ ин мавзеъҳоро ба боғу бӯстон табдил додаанд.
Моро зарур аст, ки ин мавзеъҳо ва манзараҳои зебову дилнишинро ба макони сайру саёҳат табдил дода, ҷиҳати ҷалби сайёҳони дохиливу хориҷӣ, бахусус рушди сайёҳии экологӣ ҳарчи бештар кӯшиш намоем.
Дар ин самт мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод ва Кумитаи рушди сайёҳиро зарур аст, ки ҳамкориро бо сармоягузорони ватаниву хориҷӣ доир ба ташкили шароити мусоиди инфрасохторӣ барои рушди сайёҳӣ, дар навбати аввал, меҳмонхонаҳо ва ташкили хатсайрҳои нав тақвият бахшанд.
Имрӯз мо ба корҳои таҷдиду азнавсозии роҳи мошингарди Кӯлоб - Муъминобод оғоз бахшидем. Арзиши лоиҳавии роҳ 220 миллион сомонӣ буда, тибқи нақша солҳои наздик ба анҷом расонда мешавад. Лоиҳаи таҷдиди роҳи мазкур таъмиру барқарорсозии 35 километр роҳи мошингардро аз мавзеи Сангпари шаҳри Кӯлоб то даромади шаҳраки Муъминобод ва азнавсозии 6 пули дар ин масир мавҷударо дар бар мегирад.
Бинобар ин, Вазорати молия, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия ҷиҳати татбиқи саривақтии лоиҳаи зикршуда ва азхудкунии мақсадноки маблағҳои ҷудошуда чораҳои зарурӣ андешанд.
Ҳозирони гиромӣ!
Соли 1991 дар ноҳия 48 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ амал мекард. Дар даврони соҳибистиқлолӣ 16 муассисаи нави таълимӣ сохта, ба истифода дода шудааст. Дар ин давра баробари афзоиши аҳолӣ шумораи хонандагон низ зиёд гардида, соли хониши 2018 - 2019 қариб ба 20 ҳазор нафар расидааст.
Бо вуҷуди то андозае ҳал гардидани масъалаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ имрӯз дар ҳудуди ноҳия ҳамагӣ 3 муассисаи томактабӣ фаъолият дорад, ки андешидани тадбирҳои заруриро барои бунёди чунин муассисаҳо тақозо менамояд. Ҳамзамон бо ин, бинои мактабҳои рақами 5, 7, 9, 37 ва 54 дар ҳолати садамавӣ қарор дошта, масъулон бояд барои ислоҳи онҳо тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Чанде пеш бо мақсади ободу зебо гардондани ноҳия, фароҳам овардани шароити мусоид барои истироҳати сокинон ва гузарондани чорабиниҳои фарҳангӣ бо қарори Ҳукумати мамлакат ба бахши фарҳанги ноҳия 6 гектар замин ҷудо карда шуд. Бунёди боғи мазкур имрӯз оғоз гардид. Боғи фарҳангу фароғат дар мавзеи бисёр зебои ноҳия бунёд шуда, то Ҷашни 30 - солагии Истиқлолият ба истифода супурда мешавад.
Бо истифода аз фурсат боз як масъалаи муҳимро ба кулли мардуми кишвар, аз ҷумла сокинони ноҳияи Муъминобод, хотирнишон менамоям.
Мувофиқи пешгӯии мутахассисон зимистони имсола сарду тӯлонӣ меояд. Бинобар ин, бо мақсади ба мушкилот дучор нагардидани сокинон ва соҳаҳои муҳими мамлакат, махсусан, муассисаҳои маорифу тандурустӣ зарур аст, ки роҳбарони ҳамаи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо аз имрӯз сар карда, ба масъалаи зимистонгузаронӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда, доир ба захираи сӯзишворӣ дар муассисаҳои таълимиву тандурустӣ, фаъолияти муназзами шабакаҳои барқӣ, истифодаи сарфакоронаи неруи барқ, инчунин, захираи дусолаи маҳсулоти озуқа дар ҳар як оила чораҷӯӣ намоянд.
Бовар дорам, ки роҳбарони ноҳияи Муъминобод, соҳибкорони бонангу номус, шахсони саховатпеша ва сокинони ватандӯсту заҳматпешаи он чун ҳарвақта сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати мамлакатро дастгирӣ намуда, ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани Ҷашни 30 - солагии Истиқлолият корҳои созандагиро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мемонанд ва барои боз ҳам зебо гардондани ин гӯшаи Ватани азизамон тамоми чораҳои заруриро роҳандозӣ мекунанд.
Бори дигар хурду бузурги мардуми ноҳияро ба ифтихори Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ – ин санаи воқеан таърихӣ ва мубораку муқаддаси миллӣ самимона табрик гуфта, ба ҳар яки шумо саломативу сарбаландӣ, хонаи обод ва рӯзгори пур аз файзу баракат орзу менамоям.
Ҳамеша саломату сарбаланд бошед, ҳамдиёрони азиз!


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.09.2019    №: 174-175    Мутолиа карданд: 3792
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед