logo

фарҳанг

КИТОБХОНӢ. ТАШКИЛИ НАМОИШҲО МАЪРИФАТАФРӮЗ АСТ

Намоиши нуҳуми байналмилалии “Китоби Душанбе - 2019”, ки дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе бо шукӯҳу шаҳомати хосса гузашт, яке аз чорабиниҳои бузурги фарҳангӣ ба ҳисоб меравад. Дар баробари тамоми ҷашнҳои сиёсиву миллӣ ва фарҳангии мамлакат Рӯзи китоб мавқеи хосса касб кардааст. Зеро дар рӯзгору фаъолияти миллатҳои тамаддунсозу фарҳангпарвар китоб дар радифи муқаддасоту неъматҳои миллӣ қарор мегирад. «Мояи ифтихор аст, ки дар арафаи Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ Рӯзи китоб низ ба ҳамоиши сатҳи байналмилалӣ табдил ёфта, онро дар Китобхонаи бузургтарини Осиёи Миёна ҷашн мегирем», - таъкид намуд, Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ифтитоҳи ин чорабинии муҳим.
Мардуми тоҷик аз қадим китобдӯст буда, ба он арҷ мегузошт ва ин анъанаи неки ниёгон то ба ин рӯз побарҷо мондааст. Дар намоишгоҳ қариб 50 корхонаҳои табъу нашр ва ташкилоту муассисаҳои ватаниву хориҷӣ ширкат варзида, зиёда аз сӣ ҳазор китоби тозанашр ба маъраз гузошта шуданд.
Бояд зикр намуд, ки дар доираи Намоиши нуҳуми байналмилалии “Китоби Душанбе - 2019”  озмун иборат аз се номинатсия – «Ношири муваффақ», «Асари беҳтарин дар васфи Тоҷикистон», «Муаллифи сермаҳсули сол» доир гардид. Ғайр аз ин, дар доираи баргузории Намоишгоҳи «Китоби Душанбе» як зумра барномаҳо, аз ҷумла маҳфили шеъру суруд дар васфи китоб бо иштироки ҳунарпешагони театр, толибилмони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва тарбиятгирандагони Филармонияи бачагонаи Тоҷикистон баргузор шуданд. Инчунин, дар  конфронси илмӣ дар мавзӯи «Рушди соҳаи табъу нашр дар даврони истиқлолият», озмуни «Қироати шеъру тарона дар васфи Ватану диёр» бо иштироки хонандагони муассисаҳои таҳсилотӣ, муаррифии китобҳои тозанашри муассисаҳои нашриявии ватанӣ ва хориҷӣ пурмазмун ва хеле шавқовар гузаштанд.
Намояндаи Сафорати Туркия дар Тоҷикистон Ҳушанги Аловиддин аз иштирок дар ин намоишгоҳ хушҳолӣ намуда, иброз дошт, ки дар намоишгоҳ асарҳои тозанашри нависандагону адибони  Туркия низ муаррифӣ гардид. «Баргузории чунин намоишгоҳ имконият медиҳад, ки мардумони гуногун бо ҳам робитаҳои дӯстӣ пайдо намуда, аз фарҳангу тамаддун ва осори гаронбаҳои олимону адибони якдигар баҳравар шаванд. Чунин намоишгоҳҳои китоб бояд ҳар чи зиёдтар ташкил шаванд, зеро онҳо ҳам аҳли адабу фарҳанг ва ҳам мардумони одиро бо ҳам дӯсту ҳамфикр мегардонанд», - мегӯяд Ҳушанги Аловиддин.
Мавриди зикр аст, ки бо мусоидат ва дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2010 ҳамасола баргузории намоишгоҳҳои байналмилалии китоб дар пойтахти мамлакат  бахшида ба Рӯзи китоб ба ҳукми анъана даромадааст. Ин иқдоми наку аз ҷониби мақомоти олии ҷумҳурӣ, кулли фарҳангиён ва аҳли ҷомеа хуш пазируфта мешавад ва дар таҳкиму густариши равобити фарҳангии Тоҷикистон бо мамолики бо мо дӯсту қарину бародар нақши созгор мебозанд.
Ба шарофати дастгириҳои пайвастаи Сарвари давлат Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон низ тавонист, ки дар шароити нави таърихӣ ифтитоҳи даҳҳо қасрҳои бошукӯҳи фарҳанг, боғҳои фарҳангию фароғатӣ шаклҳои хизматрасониро дигар намуда, дар баланд бардоштани маърифатнокии мардуми Тоҷикистон саҳм гузорад. Мувофиқи иттилооти оморӣ дар бештар аз шаш моҳи соли 2019 дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар доираи сиёсати пешгирифтаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баланд бардоштани маърифатнокии мардум 7310 чорабинии гуногуни фарҳангӣ доир гардид. Ба шарофати истиқлолият имкони воқеӣ фароҳам омад, ки дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни мамлакат чорабиниҳои   фарҳангӣ, аз ҷумла «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Китоб ганҷи бебаҳо», «Иқдоме, ки ояндаро месозад”, “Асари беҳтарин дар васфи Тоҷикистон”, “Китоб ганҷи бебаҳост” дар сатҳи баланд ва бо фарогири даҳҳо ҳазор нафар шаҳрвандон баргузор гарданд. Хусусан, оид бо иқдоми наҷибу таҳсинбарангези Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дар сартосари кишвар баргузор кардани озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ...” боиси дастгирии ҳамаҷонибаи мардум гардид. Он чорабинии фарогири ҳамаи табақаҳои ҷамъият ба шумор меравад. Дар заминаи ҳамин озмун метавон таваҷҷуҳи мардумро ба китобхонию донишандӯзӣ афзун намуд.
Музаффар ДАВЛАТЗОДА, муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.09.2019    №: 174-175    Мутолиа карданд: 1394
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед