logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

МУСАВВАРАИ «АРӮСИ ТОҶИК» - 14 МИЛЛИОН ДОЛЛАР
Чанде пеш асари наққоши чинӣ Дзин Шанъи, ки «Арӯси тоҷик» ном дорад, бо нархи 14 миллион доллар ба фурӯш рафт. Бино ба гузориши хабаргузории «Синхуа» - и Чин дар бист соли охир ин арзиши рекордии асари наққошист, ки дар намоишгоҳҳои рассомӣ мушоҳида шуд.
Дзин Шанъи изҳор доштааст, ки нархи асарашро нахуст 9 миллион юан муқаррар карда буд, аммо ногаҳон арзиш то ба 85,1 миллион юан боло рафт.
Тасвири "Арӯси тоҷик" бисёр зебо буда, пироҳан, кулоҳи арӯсӣ ва ҳалқаву занҷиру дигар маводи ороишиаш ҳама хоси миллати тоҷик аст ва дар муаррифии халқи мо муҳим мебошад.
Таҳияи Бузургмеҳри БАҲОДУР


САРВАТМАНДТАР АЗ БИЛЛ ГЕЙТС КИСТ?
Аз Билл Гейтс пурсиданд: «Дар дунё аз ту ҳам сарватмандтар касе ҳаст?» Гуфт: «Бале, танҳо як нафар. Рӯзе дар фурудгоҳ пул надоштам, ки рӯзнома бихарам, вале писараки рӯзномафурӯш онро бароям ройгон дод».
Пас аз се моҳ боз ҳам дар ҳамон фурудгоҳ дубора чашмам ба як маҷалла афтод. Чун одат даст ба ҷайбам бурдам, аммо ин дафъа низ пул надоштам. Боз ҳамон бача ба наздам омада гуфт: «Ин маҷалларо бигир». Гуфтам: «Писарҷон, чанд вақт пеш як рӯзнома ба ман туҳфа карда будӣ, имрӯз бошад, маҷалла. Ин аз кадом ҳисоб?» Рӯзномафурӯш гуфт: «Аз фоидаи худам».
Баъд аз 19 сол, замоне ки ба авҷи қудрату сарват расидам, тасмим гирифтам, он кӯдакро, ки шояд акнун ҷавонмард шуда бошад, пайдо намоям. Ниҳоят вохӯрдем. Ӯ, ки дарбони яке аз театрҳо будааст, маро шинохт. Гуфтам: «Замоне, ки рӯзнома мефурӯхтӣ, ду бор ба ман молатро ройгон додӣ. Ҳоло мехоҳам хубиҳои туро ҷуброн кунам. Ҳар чи мехоҳӣ, бипурс, бароят дареғ намедорам». Ҷавон бо табассум гуфт: «Шояд, ҳар чи бихоҳам, медиҳӣ, вале хубиҳои маро ҷуброн карда наметавонӣ».
Аз шунидани чунин суханҳо сарватмандтарин шахси ҷаҳон дар ҳайрат монд, ки боз пурсид: «Наметавонам ё намехоҳам?»
Ҷавон бо ҳамон лаҳни мулоиме, ки дошт, гуфт: «Мехоҳӣ, аммо наметавонӣ. Зеро ҳолате, ки ман моламро ба ту ройгон додам, авҷи нодориям буд. Ту бошӣ дар камоли тавоноӣ мехоҳӣ хубиҳои маро ҷуброн намоӣ. Яъне фарқ миёни ману ту аз замин то осмон аст».
Таҳияи Нигина РАҲМОН


ЗАБОНИ ОРУҲО 
КАШФИЁТИ ҶОЛИБ
Соли 1973 Карл фон Фриш, зоологи австриягӣ, барои кашфи забони оруҳо (занбӯри асал) сазовори ҷоизаи Нобел гашт.
Ӯ дар тадқиқоташ собит намуд, ки оруҳо  тавассути душвортарин забон – рақс, бо ҳам муомилаву гуфтугӯ мекунанд. Ору – разведкачӣ на танҳо масофаро то қитъаи рустаниҳои шаҳддор хабар, балки роҳ ба сӯи онро дақиқ нишон медиҳад.
Аммо бисёр олимон бовар намекарданд, ки оруҳо аз чунин забони душворфаҳм истифода мебурда бошанд. Танҳо соли 1992 роботи ихтироъкардаи олимони даниягӣ шакку шубҳаи онҳоро аз байн бурд. Ин робот дақиқан тамоми ҳаракати тасвиркардаи Фришро такрор кард. Ҳангоми озмоиш оруҳо маҳз ҳамон самте парвоз мекарданд, ки робот, - занбӯр  ба онҳо нишон медод.
Таҳияи Мафтуна НУРИДДИН


АЯМ ЧЕМАНИ - МУРҒИ КОМИЛАН СИЁҲ
Аям чемани яке аз қадимтарин парандаи хонагӣ маҳсуб мешавад. Сокинони Аврупо бо ин ҷонвар солҳои 20 - уми асри гузашта шинос шуданд, ҳарчанд ҳолландиҳо онро бори аввал дар ҷазираҳои Индонезия вохӯрда, пас аз тақрибан ҳаштод сол ба қитъаи худ бурданд.
Аям чемани на худ аз худ, балки дар натиҷаи дурага шудани мурғҳои ҷангалӣ ба вуҷуд омадааст. Тарҷумаи “аям” – мурғ ва “чемани” - комилан сиёҳ мебошад. Чунки на танҳо зоҳир, балки организми ин ҷонварон пурра сиёҳранг аст.
Таҳияи Наргис АТОЕВА


ЯК ПАНД
Марде дар биёбон бо нафаре рӯ ба рӯ мешавад, ки бар асари ташнагӣ ва шиддати гармо ба ҳалокат мерасид. Барои наҷоташ аз асп мефарояд ва андак оберо, ки бо худ дошт, ба ӯ медиҳад. Пас аз он мехоҳад ҳамроҳ савори аспаш бинамояду ба шаҳр биёрад.
- Ман боре ҳам ба асп савор нашудаам. Чи мешавад, ки ту аз асп бифароию дар савор шуданам ёрӣ бирасонӣ? - мегӯяд марди наҷотёфта.
Он мард бехабар аз нияти бади ӯ аз асп фуруд меояд ва дар савор гардиданаш ёрӣ мерасонад. Баробари нишастан ба асп, онро медавонаду наҷотдиҳандаашро дар биёбон танҳо мегузорад.
Марди некхоҳ аз дунболи ӯ медаваду бо овози баланд, ки ба ӯ бирасад, мегӯяд: «Эй фурӯмоя, аз ин ҳодиса бар касе чизе магӯй!"
- Чаро ту аз ин бояд ранҷ бибарӣ? Дигар шармандагӣ нест, чун дар ин биёбон аз ташнагиву гуруснагӣ ва шиддати гармо мемирӣ.
- Ман аз шармандагӣ ва марг наметарсам. Тарсам аз он аст, ки ин ҳодисаро мардум бишнаванд ва оини ҷавонмардиро аз миён бибаранд.
Таҳияи Зебунисо ҲАМИДЗОДА, донишҷӯи Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улуғзода


1000 ФАКТИ ҲАЙРАТАНГЕЗ
Шабе дар автомобил
 Нафақахӯри 77 - сола аз деҳаи хурдакаки назди Вюртсбург бо завҷаи 75 - солааш барои хариди маводи хӯрока ба шаҳр омад. Вай мошинро дар яке аз таваққуфгоҳҳои назди супермаркети шаҳр, ки бо ҳашаматаш ҳамеша ин пири хонанишинро метарсонд, гузошт. Ба завҷааш таъкид намуд, ки ба ҷое нарафта дар мошин ором нишинад ва ӯро интизор шавад. «Ду хара бор» дар китфаш, ки ҳама аз пакетҳои пластикӣ иборат буд, аз супермаркет баромад ва ҳарчанд, ки ҷуст, автомобилашро наёфт. Охир, ба ҷойи он ки ба тарафи чап тоб хӯрад, вай ба рост гашт ва ҳамвора мерафту аз таваққуфгоҳи мошинҳо дур мешуд. Ниҳоят, тоқаташ тоқ шуду ба духтараш занг зад. Вай зуд бо мошинаш омад ва падари куҳансоли бемадоргаштаашро ба хона бурд. Аз кӯфтагӣ пирро зуд хоби гарон пахш намуд. Субҳидам омодаи наҳорӣ шуд. Дид, ки қаҳвааш дер мерасад. Хост ба сари завҷааш дӯғ занад ва, Худоё, яке ба хотираш расид, ки завҷаашро бо мошин дар таваққуфгоҳ фаромӯш кардааст. Пир аз ин ҳодиса чору ночор ба духтараш хабар дод. Ҷавонзан воқеаро ба пулис арза дошт. Баъди чанд дақиқа мошини пулис дар назди таваққуфгоҳи супермаркет қарор гирифт. Воқеан ҳам мошин дар ҷояш меистод. Бибӣ низ пуртоқатона омадани шавҳарашро интизор буд. «Шумоён бояд кайҳо меомадед, - ғур-ғур намуд норозиёна, аммо оромона. – Намедонам, барои чи бошад, ки баданамро сардӣ фаро мегирад. Хунук хӯрда истодаам. Бигӯед, ки шавҳари ман ҳоло ҳам дар мағоза гаштааст? Ҳа, вай ҳамин хел аз рӯи одат бешитоб харид мекунад», - гуфт кампир. 
Қурбон МАДАЛИЕВ, тарҷума аз русӣ


БОЗ АЗ ЛУВР
ИН ДАФЪА ЧАНД ФАКТИ ҶОЛИБ 
* Лувр аввалин осорхона мебошад, ки ба қабули муштариён оғоз кардааст.
* Тарҷумаи номи осорхона «Ҷангали гургон» аст, ки ба исми таърихии макони ҷойгиршудааш робита дорад.
* На ҳамаи қаср ба осорхона табдил дода шудааст, дар ҳудуди он Вазорати молияи Фаронса низ ҷойгир аст.
* Дар аввал бино ҳамчун қалъа сохта шуда, сипас, ба «Кохи шоҳон» табдил ёфт.
* Мусаввараи «Мона Лиза» варақаи боздиди Лувр мебошад.
Таҳияи Лутфия ҚОДИРОВА


АЗ ОЛАМИ АҶИБИ ҲАЙВОНОТ
Гамбуски поруғелон
Ин гамбуск борҳои нисбати вазни худаш то 400 маротиба вазнинро мебардорад. Аксаран ин намуди ҳашаротҳо пору мекашанд (аз ин ҷост номашон), ки ҳамчун маводи ғизоӣ истифода мебаранд. Гамбускҳо аз худ гулулачаҳое (саргин) хориҷ мекунанд, ки 50 грамм вазн доранд. Дар ҳоле, ки вазни худашон 2 граммро ташкил медиҳад.
Таҳияи Сайфулло АШУРОВ


ЧЕМПИОНҲОИ ҶАҲОН ОИД БА ШОҲМОТ
Эммануил ЛАСКАР
Давраи чемпиониаш
солҳои 1894 – 1921. Намояндаи Олмон.
Дуюмин чемпиони ҷаҳон. Аз рӯи давомоти чемпиониаш рекордгузор ба ҳисоб меравад. Ӯ 27 сол чемпиони ҷаҳон буд. Баъди ғалаба бар Стейнитс дар соли 1894 ба тахти чемпионӣ нишаста, то соли 1921 ҳукмронӣ кард.
Ласкар шоҳмотбози услуби универсалӣ. Эҳсосоти фавқулодаи дарки вазъияти бавуқӯъомада дошт, махсусан дар эндшпил (мақтаи бозии шоҳмот) хеле қавӣ мебозид. Воқеан, нахустин шуда аз байни шоҳмотбозони бузург ба ҷанбаи рӯҳии бозӣ аҳамият медод. Ба ғайр аз шатранҷ, дар илми риёзиёт низ машҳур гашт. 
Таҳияи Қурбон МАДАЛИЕВ


ОБ ДАР МОҲ
Муҳаққиқон аз Донишгоҳи Калифорния дақиқ намуданд, ки дар Моҳ дар шакли ях миқдори зиёди об вуҷуд дорад. Аз ин боб онҳо дар сомонаи «Phys.org» хабар додаанд.  Ба гуфтаи олимон, нишондиҳандаҳои пешинаи Обсерваторияи Аресибо ва дастгоҳи кайҳонии «MESSENGER», бинобар сабаби дар сояи Уторид монданаш, ин захираи обро «нодида гирифтаанд».
Ба сатҳи Моҳ бархӯрдани зонди LRO нишон дод, ки дар ин қисмат қабатҳои яхи чандметра мавҷуд аст. Бо сабаби ба ин қабатҳои яхин нарасидани нурҳои офтоб онҳо обу бухор намешаванд.
Ҳамчунин, олимон исбот кардаанд, ки ҳарорати гармии Моҳ ва Уторид ба ҳам монанд аст. Дар Уторид низ ҷо – ҷо бо қабатҳои махсусе вохӯрдан мумкин аст, ки қисман аз ях иборат мебошад.
Таҳияи Саҳобиддин СУЛТОНЗОДА


ХИМИКИ БУЗУРГ 
Соли 1837 дар таҳхонаи пансиони хусусие якбора оташ аланга заду тамоми биноро дуд зер кард. Маълум шуд, ки яке аз шогирдони камгап Саша Бутлеров пинҳонӣ аз роҳбарият таҳхонаро ба лабораторияи химия табдил дода, ҳангоми гузарондани нахустин «амалиёт» - аш сабабгори сӯхтор шудааст. Ҳамчун ҷазо Сашаро чанд рӯз дар карсер маҳкам карданд. Рӯзи нахустини озодшавияш ӯро рост ба ошхона оварданд. Тамоми бошандагони пансион, ки барои тановули хӯроки нисфирӯзӣ ҷамъ омада буданд, ба Сашаи хиҷолатзада бо тамасхур менигаристанд, зеро дар тахтачае бо ҳарфҳои калон «Химики бузург» навишта, онро дар гарданаш овехта буданд. Вале, бо гузашти замон  фариштае гӯё омин карда бошад, ин шогирди ба қавли устодонаш шӯх, ҳамчун олим ном баровард. Имрӯз  Александр Михайлович Бутлеровро ҳамчун химики бузург тамоми ҷаҳон эътироф ва эҳтиром мекунад.
Аз русӣ тарҷумаи Ҳалимаи ҚУРБОНАЛӢ


ЧОЙ - ГАРАВИ САЛОМАТӢ     
Олимони Донишгоҳи миллии Сингапур исбот намуданд, ки чойнӯшии ҳаррӯза гарави солимӣ дар овони пиронсолист. Инчунин, нӯшидани бардавоми чой зуҳуроти камақлиро  пешгирӣ намуда, монеи лахтшавии хун дар майнаи сар мегардад. Таркиби баргҳои ин гиёҳ аз катехин ва теафлавин бой буда, зидди хунукзании организм истодагарӣ мекунад. Нӯшидани ҳамагуна чой организмро ором ва рӯҳро болида мегардонад. Олимон тӯли 12 сол 957 шахси солхӯрдаро зери назорат ва омӯзиш қарор дода, бори дигар собит намуданд, ки нӯшидани ҳамагӣ як пиёла чой давоми рӯз хатари осебпазирии мағзи сарро панҷоҳ дарсад коҳиш медиҳад.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО


РОҲИ ТАНОБИИ БЕҲАМТО
Сохтмони роҳи танобӣ байни Благовешенски Россия ва Хейхэи Чин, ки дар ҷаҳон ҳамто надорад, шурӯъ гардид.
Роҳ аз болои дарёи Амур гузашта, ду соҳилро бо ҳам мепайвандад. Барои бунёди ин роҳ, ки бояд то соли 2023 ба истифода дода шавад, ҳар ду кишвар маблағгузорӣ менамоянд. Дар сурати бомуваффақият анҷом ёфтани сохтмон, аз Россия то Чин метавон дар  зарфи 6 дақиқа расид.
Алҳол роҳи кӯтоҳтарин байни Благовешенск ва Хейхэ тавассути об буда, сафар 20 дақиқа идома меёбад.
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ


МУҶАССАМАИ ҒАЙРИОДӢ
Дар шаҳри Антеми иёлати Аризона барои сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳи Амрико муҷассамаи махсус сохтаанд.
Дигар рӯзҳои сол он муқаррарӣ ба назар менамояд. Танҳо як рӯз – 11 ноябр (Рӯзи собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳ) соати ёздаҳу ёздаҳ дақиқа, муҷассама рамз ва ғояи аслии худро нишон медиҳад, то ҳама маънои онро бифаҳманд. Гап дар сари он аст, ки танҳо дар як сол дар ҳамин рӯз як маротиба нурҳои офтоб аз панҷ сӯрохии махсуси сутунҳои он мегузаранд ва нишони давлатии Амрикоро ба намоиш мегузорад.
Панҷ сутун рамзи ягонагии намудҳои Қувваҳои Мусаллаҳи ин кишвар аст. Меъморон ва тарроҳони маҷмааи ёдгорӣ вақту қувваи зиёдеро барои ҳисоб намудани ҳама ҷузъиёти он сарф кардаанд.
Таҳияи Наргис АТОЕВА


АСБОБҲОИ НОДИРИ МУСИҚӢ
 4. КАЙСЭТСУКО
ЧАРХИ ГАРДОН
Юичи Оноуэ, оҳангсози ҷопонӣ, асбоби ғайриодии механикиро барои дӯстдорони олами мусиқӣ пешкаш намуд, ки диққати ҳамагонро ҷалб кард. Агар асбобҳои муқаррарӣ ҳангоми ларзиши торҳо ба воситаи камонча аз худ садо бароранд, кайсэтсуко ба воситаи дастаки хурде, ки дастаи нейлониро давр занонда, ду симторро ба ларзиш меоранд, навохта мешавад. Ин чархи гардон ба лираи чарчӣ, ки ҳанӯз дар асри XI сохта шуда буд, хеле шабоҳат дорад. Аммо ба ин нигоҳ накарда, кайсэтсуко асбоби мусиқии хосе мебошад, ки оҳангу садои он такрорнашаванда боқӣ мондааст.
Таҳияи  Гулнисои САЪДОНШО


ПАЙДОИШИ ЯХМОС ДАР ЧӮБЧА
Ҳанӯз дар оғози асри XX истеҳсоли   яхмоси чӯбчадор аз ҷониби як писарбачаи хурдсоли амрикоӣ хеле аҷиб аст. Боре ӯ стакани нӯшокии содадорро, ки найча дошт, дар берун фаромӯш карду субҳ  онро яхбаста дида, дар ҳайрат монд. Вале, зиёд фикр накарда, онро дар шакли яхмоси муқаррарӣ аз зарф берун оварда, бо завқ истеъмол кард. Ҳамин тариқ, гоҳ - гоҳ барои худ «яхмоси чӯбчадор» омода сохта, истеъмол  мекард. Ниҳоят баъди 20 сол қарор дод, ки ихтирои ғайричашмдошташро патент карда, ҳуқуқи истеҳсоли яхмос дар чӯбчаро  ба яке аз  ширкатҳои бонуфуз фурӯшад. Бо гузашти вақт истеҳсоли  ин навъи яхмос вусъат ёфта, шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо кард.
Таҳияи  Сайфулло АШУРОВ


АРАБИКА ВА РАБУСТА
ДУ НИҲОЛИ  АСОСИИ ҚАҲВА     
Дар олами наботот ду навъ ниҳоли қаҳва - арабика ва  рабуста мавҷуд аст, ки 98 дарсади қаҳваи ҷаҳон аз  онҳо тавлид  мешавад.
Ниҳоли арабика дар Амрикои  марказӣ - ҷанубӣ, Африқои марказӣ - шарқӣ ва рабуста дар  Осиёи  ғарбӣ – шарқӣ,  Африқои ғарбӣ ва кишвари Мадагаскар  месабзанд. Навъҳои гуногуни қаҳва вобаста  ба иқлим, бо усули  беҳтарсозии навъи наботот ва технологияи муосир истеҳсол мегардад. Вале гуногунтаъмии  қаҳваҳо аз тахайюлоти инсон вобаста аст. Донаҳои арабика  ниҳоят хуштаъму хушбӯ ва хушкунандаи табъ буда, рабуста таъми устувори қувватбахш ва тунд дорад.
Тааҷҷубовар он аст, ки дар  таъми  қаҳваҳо эҳсосоти одамон, иқлим ва миҷози сокинони минтақаҳои гуногун ҳам омезиш меёбанд. Масалан, онҳо дар Рим романтикӣ,  Вена нотакрор, Рейкявик нерубахш, Бразилия иштиёқовар, Куба устувор ва Ветнаму Индонезия мазаи талх  доранд.
Таҳияи Иронбӣ МӮСОЗОДА  


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.09.2019    №: 176    Мутолиа карданд: 1283
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед