туризм
МУШКИЛИҲО ЗИНА БА ЗИНА ҲАЛ МЕШАВАНД
Ҷавоб ба мақолаи «Сайёҳии экологӣ, тадбирҳо ҳанӯз қонеъкунанда нестанд», ки 15 майи соли 2019, № 92 дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» чоп шудааст.
Ҳарчанд ба ин навъи сайёҳӣ тайи чанд соли охир таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад, ҳоло, воқеан, натиҷаҳо қонеъкунанда нестанд. Зеро барои ба меъёрҳои муосири сайёҳӣ мутобиқ намудани хизматрасониҳо дар самти сайёҳии экологӣ имконият ва вақт лозим аст. Мушкилоти дар мақола овардашуда, дар барномаҳои вобаста ба сайёҳӣ амиқан дарҷ гардидаанд ва барои ҳалли онҳо зина ба зина тадбирҳои муассир андешида мешаванд. Дар ин бора Кумитаи рушди сайёҳӣ бо Кумитаи ҳифзи муҳити зист ҳамкориҳоро тақвият хоҳанд бахшид. Дарвоқеъ, экотуризм барои кишвари мо дурнамои хуб дорад. Табиати нодири Тоҷикистон ангезаи аслии ҷалби сайёҳон ба шумор меравад. Бинобар ин, мо талош мекунем, то рушди муносиби экотуризм таъмин ва натиҷаҳо тадриҷан беҳтар шаванд. Кумита дар ҳамкорӣ бо ниҳодҳои марбута ва масъулони мавзеъҳои экологӣ барои ҳалли мушкилиҳо чораҷӯӣ мекунад.
Дар мақола, ҳамчунин, муаллиф аз набудани назорати пурраи ҳифзи табиат, таҷассум наёфтани тамоми функсияҳои сайёҳии экологӣ дар хатсайрҳои сайёҳӣ, танҳо ҷанбаи шиносоӣ доштани саёҳатҳо ва набудани воситаҳои махсуси ҷойгиронии сайёҳон изҳори нигаронӣ кардааст. Ба назар бояд гирифт, ки барои рушди экотуризм ҳалли силсилаи мушкилоте дар пешанд, ки дар як ё ду сол бартараф кардани ҳамаи онҳо имкон надорад. Эроди дигари муаллиф аз сатҳи пасти хизматрасонӣ ва инфрасохтори рушднаёфта мебошад. Натиҷаҳои ду соли гузашта ифодагари онанд, ки инфрасохтор дар ҳоли рушд аст ва метавон дар ин бора даҳҳо мисол овард.
Дар ин самт айни замон барои фароҳам овардани шароити мусоид, боло бурдани сатҳи хизматрасонӣ бо ҷалби соҳибкорон ва муомилаву муносибати меҳмоннавозона аз тарафи гурӯҳи кории кумита ба масъулони мавзеъҳои марбут ба ин навъи сайёҳӣ тавсияҳо дода шудааст. Аз натиҷаҳои он ба шумо маълумот ирсол хоҳем намуд. Ҳамчунин, дар кумита барои тарбияи роҳбаладони баландихтисос тадбирҳои махсус андешида шуда, курси махсуси омӯзишӣ дар фурсатҳои наздик ба кори худ шурӯъ мекунад.
Н. АБДУҒАФФОРЗОДА,
раиси Кумитаи рушди сайёҳии
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 16.09.2019 №: 177 Мутолиа карданд: 3211