logo

сиёсат

ҶАНГ ВА СУЛҲ. АЗ ҚАҲТӢ ТО ФАРОВОНӢ

Ҷанг, харобӣ, тарсу таҳлука, ваҳму изтироб, парешонию сардаргумӣ, гуруснагию талошу такопӯ баҳри дарёфти луқмаи нон... Мо ин ҳама даҳшатро бо чашми сар дидему дар ҷисму ҷони хеш озмудем ва аз байни оташу дуди ҷанг гузашта, ба рӯзҳои нек расидем. Мардумони зиёде қурбон шуданду дар роҳи озодии Ватан ҷон бохтанд.

Шакку тардид, нобоварӣ, ноумедию варшикастагӣ панҷа ба торҳои қалбу захм бар ҷигар мезад. Зеҳну мағзҳо хастаю умед ба фардои зиндагӣ дар синаҳо ях баста, оянда тираю дурахшу равшанӣ аслан нопайдо ба чашм мерасид. Замин дар гулхани ҷанг месӯхт. Кишвар зери тасаллути камонбадастон монда, ҳама гуна робитаю алоқа аз марказ бо минтақаҳо қатъ гардида, гуруснагӣ, бемориҳои музир ва маргу мири одамон авҷ мегирифт. Раҳму шафқат аз байн рафтаву тиру камон ҳокими мутлақ ва довари давру замон гардида буд. Нафаси сарди ҷанг ба мактабҳо ҳам расид. Ҷӯшу хурӯши омӯзиш батадриҷ коста гардида, аз бемаошӣ гурӯҳи омӯзгорон мактабро тарк карданд. Яке савдогариро пеш гирифту дигаре мардикориро.  Аммо ҷанг ҳамоно давом меёфт.
- Эй кош, ин рӯзҳои сиёҳ тезтар паси сар мешуданду як бурда нонро дар ҳалқаи ёрону пайвандон ва ҳамсоягон ба роҳат ва фориғ аз ғаму ғуссаҳо бо ҳам медидем, - ашки дидагонашро бо остинҳояш пок карда мегуфт кампири Оламбибӣ ва даст ба дуо бардошта, хитоб мекард:
- Ё Худои бузург! Ба доди мардуми бечораю бенаво бирас. Додрас худат ҳастӣ, раҳме, шафқате!
Ва ниҳоят, ба қавли Лоиқ, «раҳми Парвардигори мо омад».
Ҳамон сулҳу ваҳдате, ки мардум дар интизораш чашм ба роҳ буданд, оқибат ба даст омад, тантана кард. Сарвари иродатманду боҷасорат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри аз буҳрони иқтисодӣ ва гуруснагӣ наҷот додани мардуми шарифи кишвар пешниҳод карданд, ки 75 000 гектар замин ба аҳолӣ тақсим карда шавад. Ва ин заминҳо бо номи «заминҳои президентӣ» маъмулу машҳур гардиданд.
- Чи хубе, чи хубе, - шукрона дар лаб мегуфт бобои Ғаюр. - Тинҷию амонӣ, ки барқарор шуд, кор дар замин ҳам авҷ хоҳад гирифт. Инак, бигир белрову побел кун заминро ва бикор тухми гандумро. Худо ба як лаб нон расондмон.
- Дилу нияти мардум, ки соф будааст, ба сулҳу озодӣ расидем, - бо чеҳраи болида гуфт сарвари таълимгоҳ Башорат Қурбонова ва афзуд: - Пиру барно бо шавқу шӯр ва дар хонаи чашмонашон нишоту фараҳ мавҷ зада, аз файзу баракат ва шукӯҳу шаҳомати рӯзгорон сухан дар миён андохта, дуои ҷони Сарвари давлат, фарзанди баруманди диёр муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мекарданд: «Худо дар пушту паноҳаш нигоҳ дорад Эмомалии азизро, дар пояш хор нахалад. Чашми душманон кӯру кораш бобарор ва дар ривоҷу равнақ бошад. Ҳамин як пора нон ёфт шуд, оҳиста-оҳиста дигар мушкилиҳо ҳам роҳи ҳалли худро меёбанд. Нест бод номи ҷангу даҳонаш аз хок пур гардад ҷангҷӯи беандешаро».
АММО душманони Ватану миллат чун каждуми зери бӯрё ҳанӯз гӯш ба қимор буданд, ки кӯтоҳ аст умри ин давлату Ҳукумат ва ба ҳар роҳу васила нақшаҳои муғризонаи худро тарҳрезӣ мекарданд. Аз ҳар гӯшаву канор ба хоки кишвар ҳамлаҳо оғоз карда, вазъро ноамн ва халалдор месохтанд.
- Хонасӯхтаҳои бедодгар ҳанӯз аз ҷангу хунрезӣ сер нашудаанд,- бо нафрат мегуфт кампири Оламбибӣ ва даст меафшонд, ки тири ин палидон хок хӯрда, шармандаи ду олам мешаванд. Охир, мардумро гирифтори балову фоҷиаҳо гардонда, нонашонро дар баданашон заҳр кардед. Ин ҳама кам буд, ки боз бетараҳҳумиро оғоз намудед? Хобатонро ба об гӯед. Кӯр асояшро як бор гум мекунад. Фаҳмида гиред, ки мардум ба ҳилаву найранг ва «амри маъруфҳои» шумо дигар фирефта намешавад. Эҳ, лаънати Худову халқ ба саратон, худобехабарҳо.
Воқеан ҳам, тири душманони миллат хок хӯрду нақшаҳои палидонаашон бар боди фано рафт. Мардум, аз сағир то кабир, зану мард, мӯйсафеду пиразанон дуои ҷони Президент дар лаб, дар атрофи Сарвари фидокор муттаҳид гардида, алорағми бадхоҳони дилсиёҳ, ки орзуи соҳиб гардидан ба тахту тоҷро дигарбора дар сар мепарвариданд, садо баланд карданд. Ҷавонмардони шуҷою бебок панди пирон дар гӯш, ки «душманат гар паша бошад, камтар аз филаш мадон» - маънидод мегардид, ба набардгоҳ шитобида, ба бадсиголон зарбаҳои муҳлик зада, шикасташон доданд ва он «хонашерони майдонғариб» ба чаҳор канори олам парокандаву пинҳон шуданд. Неруҳои асосӣ ва саркардагонашон марзро убур карда, ба паноҳи ҳамсоядавлатҳо худро гирифтанд. Сарвари дурандешу  раиятнавоз ба хотири ободию сарсабзии минбаъдаи диёр, зиндагии шоистаю хуррамонаи мардум, таҳсилу омӯзиши насли наврас, рушди ҳамҷонибаи кишвар ва шинохти Тоҷикистон ба масобаи як мамлакати тараққикардаю тавоно дар арсаи ҷаҳонӣ иқдоми ҷавонмардона аз сар гирифта, ба дастаҳои гуногуни разманда, ки аз амалу кардаҳои худ пушаймон гардида буданд, афв эълон намуд. Президент бо оғӯши боз ҷониби мухолифин гоми аввалин гузошт ва ба расми сулҳу салоҳ сӯяшон даст дароз кард. Дасту дили пок ва оғӯши гарм нишонаи бахтиёрӣ ва бузургию қудрату шаҳомати инсонии абармардон аст. Эмомалӣ Раҳмон абармарде буд, ки ба мӯҷиби дифоъ аз ормонҳои миллӣ ва бақою ҳастии Ватан ҳамчун як тоҷики сарафрохтаю дарёдил ба вохӯрию мулоқот ҳозир гардида, ба Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ имзо гузоштанд.
- Эҳ Худои бузург, - аз ғояти хурсандию болидарӯҳӣ нидо баровард бобои Ғаюр. -Дар сари Сарвари давлатамон бози давлат нишаст. Ҳалолаш бод. Аз байни дуду оташу ҷангу балову фалокатҳои фоҷиазо сиҳату саломат гузашта, ба пешвози мухолифон шитофт. Гурдааш кӯҳи Мағмурӯд будааст ба Худо. Сулҳу тинҷиро асос гузошт. Дар бузургию қудрати давлатдории ин ҷавонмард ҳеҷ ҷойи шакку шубҳа нест. Баъд, бобои Ғаюр дасти ҳамдеҳагонро фишурда, табрику шодбошашон гуфт:
- Эй мардуми баору номус, ваҳдату тинҷӣ ва сулҳу дӯстӣ муборак шавад! Минбаъд ҳама аз як гиребон сар бароварда, барои пешравию шукуфоии Ватан талош мекунем. Мо, тоҷикон, охир, ҳеҷ гоҳ ҷангҷӯю қотил набудем. Хонаи ҷангҷӯ сӯзад…
Шодӣ РАҶАБЗОД, нависанда


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.09.2019    №: 177    Мутолиа карданд: 917
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед