logo

фарҳанг

РӮНАМОИИ “КУЛЛИЁТ” - И ҲОҶӢ ҲУСАЙН

Чанде пеш дар  Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо иштироки аҳли зиёи кишвар ва ҳаводорони каломи бадеъ “Куллиёт” - и  тозанашри шоир, хаттот, сайёҳ ва орифи бузург Ҳоҷӣ Муҳаммад Ҳусайни Кангуртӣ рӯнамоӣ гардид.
Тавре иттилоъ дода шуд, “Куллиёт” дар партави ҳидоят ва дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бори аввал бо сифати баланд ва теъдоди 5 000 нусха, дар нашриёти «Адиб» ба табъ расид.
Мавриди зикр аст, ки Ҳоҷӣ Муҳаммад Ҳусайни Кангуртӣ (1868 — 1917) дар деҳаи Қарамиши собиқ тумани Кангурт ба дунё омадааст. Падари шоир яке аз шахсони фозил буда, дар тарбия ва таълими фарзанд ҳиссаи арзанда гузоштааст. Ҳоҷӣ таълими ибтидоиро дар зодгоҳ гирифта, сипас, дар мадрасаҳои Турсунҷон ва Рашидии шаҳри Бухоро таҳсилро идома медиҳад. Ӯ дар он ҷо на танҳо улуми расмии замонаш, балки илми калом, ҳунарҳои  гуногуни нафиса, амсоли хушнависӣ, лаввоҳӣ, саҳҳофӣ, наққошӣ ва муҳрканиро омӯхта, устод мегардад.
Ӯ баъди хатми мадраса бо мақсади ба ҷо овардани маносики ҳаҷ ба Арабистон сафар карда, се сол он ҷо умр ба сар бурд. Баъдан, ба Фарангистон, Эрон ва Ҳиндустон сафар намуда, илму адабиёти халқҳои гуногунро меомӯзад.
Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ солҳои охири умраш дар мадрасаи Кангурт ба шогирдон дарс мегуфт ва зимнан бо ақидаҳои озодипарастиаш мардумро аз нодонӣ, торикӣ ва ҷаҳолат ба сӯи рӯшноӣ, маърифат ва некномию хештаншиносӣ ҳидоят мекард.
Ҳоҷӣ аз овони наврасӣ ба иншои шеър оғоз карда, дар як муддати кӯтоҳ чун шоири соҳибном эътироф гардид. Ӯ яке аз суханварони орифу фарзона ва нозукбаён буда, дар таърихи адабиёти тоҷик аз мақом ва манзалати хос бархӯрдор аст.
Аз мутолиаи осори рангину арзишмандаш бармеояд, ки Ҳоҷӣ дар замони худ аз ҷониби амалдорон ва ҳасудонаш сахтиҳо ва ранҷҳои зиёд кашидааст,- иброз доштанд муҳаққиқони осори шоир.
Ба иттилои адабиётшиносон, аз Ҳоҷӣ Муҳаммад Ҳусайни Кангуртӣ то замони мо 254 ғазал, 19 мухаммас, як мусаддас, 97 рубоӣ, 13 таърихи манзум, 9 мактуби мансур, манзумаҳои «Василат - ун - наҷот», «Дабистони ибрат», «Таърихи ҷуда», рисолаи таърихии «Мунтахаб - ул - ахбор фи табақот - ус - салотин» ва маснавии «Комде ва Мадан» расидааст. Илова ба ин, як мероси адабии пурқимати Ҳоҷӣ рисолаи «Хутути ашколи исломия» мебошад, ки дар бораи намудҳои гуногуни хат ва хушнависӣ аст.
Зикр гардид, ки «Куллиёт» - и шоир бори нахуст соли 1913 дар Тошканд ба табъ расида буд. Эҷодиёти Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ ҳанӯз солҳои 60 - уми асри гузашта мавриди таваҷҷуҳи донишманди шинохта Сайидумар Султонов қарор гирифт ва мавсуф нусхаҳои беҳтарин ва саҳеҳтарини дастхатҳои шоирро ҷамъ оварда, мавриди таҳқиқ қарор дод. Дар натиҷа, соли 1962 осори гаронбаҳои шоир, ки аз ғазал, мухаммас, марсия, рубоиҳо, инчунин, манзумаи «Комде ва Мадан» иборат буданд, мураттаб гардид. Соли 1998 нашриёти “Ирфон” “Куллиёт” - и Ҳоҷиро бо ду хат: кириллӣ ва арабӣ, ба табъ расонд.
Тавре Давлат Сафар, директори муассисаи нашриявии «Адиб», изҳор дошт, «Куллиёт» - и тозанашри шоир аз дигар китобҳояш, ки дар давраҳои гуногун рӯи чоп омадаанд, ҳам аз лиҳози сифат ва ҳам аз ҷиҳати ҳаҷм ба куллӣ фарқ мекунад. “Дар нашри нави «Куллиёт» - и Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ аз нусхаҳои аслии дастнавис истифода ва ғазалу рубоиҳои то ба имрӯз бачопнарасидаи ӯ ҷой дода шудаанд”, - афзуд номбурда.
Б. КАРИМ, "Ҷумҳурият"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.09.2019    №: 178    Мутолиа карданд: 882
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед