logo

иқтисод

ПАХТА. НУФУЗИ РАФТА КАЙ БАРҚАРОР МЕШАВАД?

Солҳои  80 - уми қарни гузашта Тоҷикистон яке аз пешсафони истеҳсоли пахта дар Иттиҳоди Шӯравӣ маҳсуб меёфт. Аз як гектар замин  30 - 35 сентнер ва, дар маҷмӯъ, то 1 миллион тонна пахта рӯёнда мешуд.  Аммо бо сар шудани нобасомониҳо ва ҷанги таҳмилӣ дар кишвар ҳосилнокии майдонҳои пахтазор коҳиш ёфт ва ин раванд тадриҷан давом кард. Соли гузашта пахтакорон аз ҳар гектар 16, 2 сентнер ҳосил ғун доштанд, ки нисбат ба соли пешӣ 6, 2 сентнер кам аст. Ин дар ҳолест, ки, бо пешрафти илму техника, тухмиҳои зиёди серҳосили пахта фаровон ва имкониятҳои дигари кишту парвариши он зиёд гардидаанд. Пас, чӣ монеаҳо пешорӯи пахтакорон қарор доранд, ки онҳо самари дилхоҳ ба даст намеоранд ва ҳадди ақал ба натиҷаҳои сӣ соли қаблӣ расида наметавонанд?
Бо мақсади шинос шудан бо проблемаҳои ҷойдошта, хабарнигорони рӯзнома ба ноҳияҳои пешсафи пахтакори ҷумҳурӣ – Қубодиён, Шаҳритуз ва Носири Хусрав сафар карданд.

ДЕҲҚОНОН: "БА ТУХМИИ ВАТАНӢ ДАСТРАСӢ НАДОРЕМ"
Мусаллам аст, ки ҳосили баланди пахта аз тухмии хушсифат вобастагӣ дорад. Аммо аз суҳбат бо мутахассисону деҳқонон маълум гашт, ки онҳо  аз дастрасӣ бо тухмии хушсифат танқисӣ мекашанд. Дар робита ба ин, Зулфиқор Мусулмонов, сардори раёсати кишоварзии ноҳияи Қубодиён, иброз дошт, ки солҳои охир тухмипарварӣ ба яке аз масъалаҳои ҳалталаби пахтакорӣ табдил ёфтааст.
- Иқлими се ноҳияи мавриди назар қариб як хел аст. Дар ин минтақа аз охирҳои моҳи июн сар карда, ҳаво гарм мешавад. Вале, пахтае, ки парвариш менамоем, ба чунин обу ҳаво тоб намеорад ва яке аз сабабҳои камҳосилӣ низ ҳамин аст. Бо вуҷуди аз ҷониби олимони кишвар кашф гардидани навъҳои гуногуни тухмӣ, ҳанӯз ҳам ин проблема ҳалли худро наёфтааст. Яъне тухмии ватание, ки ба иқлим созгор бошад, камёфт аст. Деҳқонон аксаран тухмии навъи туркии «Флеш» - ро истифода мебаранд, ки аз ҳар кӯрак 2 – 2,5 грамм ҳосил мегиранд. Вале солҳои пеш тухмии ватании навъи «МС» - ро парвариш мекардем, ки ба иқлим тобовар буду ҳар ниҳоли он то 5 грамм ҳосил медод. Ҳоло он мисли тухми анқо ноёб гаштааст. Хуб мебуд олимони соҳа ва хоҷагиҳои тухмипарварӣ сари ин масъала андеша мекарданд. Ба ҷуз ин, дар ҳар минтақа таъсиси хоҷагиҳои тухмипарвар ба манфиати кор аст, то бо назардошти иқлиму хок парвариши тухмиро ба роҳ монанд.

ТАЪМИНОТ БО ОБИ ПОЛИЗӢ БЕҲТАР МЕГАРДАД, АММО...
Барои ҳосили фаровон гирифтан риояи қоидаҳои агротехникии парвариш, пошидани нуриҳои минералию органикӣ, заҳрхимикатҳо дар майдонҳои кишт ва ҳолати мелиоративии замин ҳам нақши муҳим мебозанд. Ҳосилнокии замини пахта ба омилҳои гуногун, бахусус таъминот бо  об, сахт вобаста мебошад. Солҳои пеш вазъи таъминоти оби полизӣ дар ин ноҳияҳо мушкил буд. Баъдан бо таъсис ёфтани муассисаи ҳавзаи поёноби дарёи Кофарниҳон ки ноҳияҳои мавриди назарро бо оби полизӣ таъмин менамояд, ин проблема ҳалли худро ёфт. Вале дар ин самт ҳанӯз ҳам баъзе мушкилиҳо ҷой доранд. Барои мисол, ноҳияи Носири Хусрав, ки солҳои пеш дар иҷрои дурнамои кишт пешсаф буд, соли гузашта ба ҷои истеҳсоли 6 ҳазор тонна ҳамагӣ 3 ҳазору 201 тонна пахта ба даст овард.  Пахтакорони ноҳия баробари сифати пасти тухмӣ  номусоид омадани ҳаво ва норасоии оби полизиро сабаби дигари иҷро нагардидани дурнамо медонанд. Махсусан, деҳаҳои Ҳоҷимаҳмадшукур ва Ҷаббор Қодиров, аз норасоии обӣ полизӣ танқисӣ мекашанд. Дар ноҳия 462 гектар замини корам бинобар норасоии об бекор хобидааст. Деҳаи Муҳаммадиеви Ҷамоати деҳоти Фирӯза низ ба ин мушкил мувоҷеҳ аст, ҳарчанд раиси ҷамоат Икром Тиллоев таъминот бо обро дар деҳаҳо қонеъкунанда арзёбӣ менамояд. Тавре аз суҳбат бо сокинони деҳаҳо маълум гардид, асоси проблемаи норасоии об вайрон будани хати обгузар ва пойгаҳи обкашии “Искра” мебошад: аз 4 агрегат ҳоло танҳо ду агрегати он кор мекунад. Кишоварзон аз ноилоҷӣ  баъзан  аз оби кӯли Ойкӯл истифода мебаранд, ки оби шӯри он боиси камҳосилии замин мегардад.

ЗАҲБУРУ ЗАҲКАШҲО САРИ ВАҚТ ТОЗА НАШУДААНД
Ҷои таъкид аст, ки заҳбуру заҳкашҳо дар ноҳияҳои Қубодиёну Шаҳритуз тоза карда шудаанд, вале дар ноҳияи Носири Хусрав вазъи ногувор доранд.
- Заҳбуру заҳкашҳо сари вақт тоза карда намешаванд, - гуфт  зимни суҳбат Акмал Раҳмонқулзода, раиси Ҷамоати деҳоти Наврӯзи ноҳияи Носир Хусрав. - Заминҳои корами ҷамоати мо бо оби полизӣ таъминанд, аммо бинобар тоза нашудани заҳбурҳо шӯра шудаанд. Гарчанде ин кор ба зиммаи кумитаи идораи замин ва хоҷагиҳои обрасону ассотсиатсияҳои об вогузор шуда бошад ҳам, аксаран худи деҳқон онро ба сомон мерасонад. Имсол аз 59 километр заҳбуру заҳкаши ҳудуди ҷамоат танҳо 10 километрро тоза кардаанду халос, ки хеле кам аст.

ТАНЗИМИ ДАВЛАТИИ НАРХ
Ҳамчунин, зимни суҳбат деҳқонон аз он шиква намуданд, ки корхонаю ташкилотҳо дар мавсим маҳсулотро бо нархи арзон – аз 3 то 5 - сомонӣ мехаранду моҳҳои январ - феврал бо арзиши гарон мефурӯшанд.
- Мо ҷонибдори онем, ки танзими давлатии нарх ба роҳ монда шавад, то ин хараҷу мараҷро аз байн барад. Зеро тухмию нуриҳои минералӣ бо нархи арзон ба даст намеоянду анҷоми корҳои агротехникӣ низ маблағи муайянро талаб мекунад,- гуфтанд онҳо.

Меҳрангез ҚОДИРОВА,
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.09.2019    №: 179    Мутолиа карданд: 1246
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед