маориф
Ба фонди китобхонаи донишкада - 3500 китоби нав
Марҳабо Ҷабборова, ректори Донишкадаи забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, соли 2009-ро дар фаъолияти донишкада бобарор арзёбӣ намуда гуфт, ки дар соли 2009 дар донишкада аспирантура ба фаъолият оғоз намуд ва айни ҳол дар он 18 нафар таҳсил доранд. Инчунин 5 рисолаи номзадӣ ҳимоя гашта, 7 нафар устоди дигари донишкада рисолаҳои номзадӣ ва доктории худро барои ҳимоя пешниҳод карданд. Ба фонди китобхонаи донишгоҳ зиёда аз 3500 китоби нав ворид гардид.
Алҳол дар донишкада 10 забон омӯхта мешавад. Аз рӯи се ихтисос - омӯзгор, тарҷумон, забондон мутахассис тайёр мекунанд. Дар соли 2009 зиёда аз 50 чорабинии илмӣ, машварат, мизи мудаввар баргузор шуд. Устодону донишҷӯён дар конфронсҳои донишкада, ҷумҳуриявӣ ва берун аз он бо баромадҳои судманд ва пурмӯҳтаво иштирок намуданд. Дар факултети забонҳои шарқ ҳафтаи забонҳои чинӣ, ҷопонӣ ва куриёӣ баргузор гашт. Дар озмуни иншои беҳтарин, ки бо забони куриёӣ байни чор давлати Осиёи Марказӣ - Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистон дар Тошканд баргузор гардид, донишҷӯи курси 5-ум Илмира Маметова ҷойи якумро ишғол намуд. Ҳамчунин донишҷӯи курси 2 З. Буризода дар озмуни ҷумҳуриявии донишҷӯёни кишвар соҳиби мукофот- роҳхати таҳсил дар Миср гардид.
Фарзонаи Файзалӣ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 5438