logo

иқтисод

НБО «РОҒУН». БУЗУРГТАРИН ДАСТОВАРДИ ЭНЕРГЕТИКАИ ТОҶИК

Дар ин рӯзҳои фараҳбахшу хотирмон қалби ҳар як шаҳрванди баору номуси кишвар пур аз ифтихору сарбаландист. Рӯйдоди беназири ба истифода додани агрегати дуюми Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар саҳифаҳои таърихи навини тоҷикон бо ҳарфҳои зарин сабт хоҳад шуд.
Ба истифода дода шудани чархаи дуюми НБО «Роғун» натиҷаи файзу баракати Истиқлолияти давлатӣ, тафаккури созанда, ояндабинона ва иродаи қавии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад ва меҳвари ҳадафи сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро шукуфоии мамлакат ва сарсабзии ҳаёти мардум ташкил медиҳад.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мисли шамси тобон барои сохтмони НБО «Роғун» тафаккури мардумро бедор намуданд. Мо бовар дорем, ки Тоҷикистон бо ин қадами ҷиддӣ истиқлолияти комили энергетикиро ба даст меорад. Бо бунёди НБО «Роғун» ормонҳои ҳазорсолаи мардуми тоҷик амалӣ мегарданд. Ва дар саргаҳи ҳамаи ин бунёдкориҳо фарзанди фарзонаи миллат, шахсе, ки қавлу амалаш як аст, фарзанди замини ин диёри куҳанбунёд, Қаҳрамони Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд.
Мардуми Тоҷикистон бо сарварии Пешвои муаззами худ бори дигар ба ҷаҳониён аз қудрат ва рисолати созандагии азалии хеш дарак дод. Ҳазорон фарзандони Тоҷикистон шабу рӯз дар майдони кори неругоҳ заҳмат кашида, бо ғурури рустамона ҷиҳати дар фурсати кӯтоҳ ба истифода додани «Роғун» корнамоиҳо нишон доданд. Онҳо хуб медонанд, ки бунёди «Роғун» барои ояндаи дурахшони миллат заминаи мусоид фароҳам меорад.
Мо, мардуми сарбаланди тоҷик, аз Сарвари хеш ифтихор дорем, мекӯшем, то ба боварии он кас содиқ бошем,  сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллатро дастгирӣ намоем. Зеро бо заҳматҳои шабонарӯзии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосса Пешвои муаззами миллат ва мардуми баору номуси тоҷик, ҷумҳурии мо ба яке аз мамлакатҳои тараққикардаи индустриалӣ - аграрӣ табдил меёбад ва  тамоми мақсадҳои Сарвари давлат,  Ҳукумат ва орзую умеди мардум амалӣ мегарданд.
А. БЕРДИШУКУРОВ, мудири кафедраи сиёсатшиносии ДДХ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.09.2019    №: 179    Мутолиа карданд: 1054
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед