logo

сиёсат

ТОҶИКИСТОНУ ИТТИҲОДИ АВРУПО. ҲАМГИРОИИ ИЛМӢ ТАҚОЗОИ ЗАМОН АСТ

Ҳамкории Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо моҳи октябри соли 2004 заминагузорӣ шуда, аз  январи соли 2010 амалан оғоз гардид. Вале то ҳанӯз назарияи нави иртиботи байнифарҳангӣ аз тарафи донишмандони ду ҷониб коркард нашудааст.
Агарчи аз солҳои 90 - уми асри гузашта таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, хусусан Тоҷикистон, беш аз пеш гашта, баҳсу музокираҳои илмӣ зиёд шудан гирифт, вале иштироки донишмандони тоҷик дар ин музокираҳо хеле кам ба назар мерасид. Маълум аст, ки сабаби дертар ба миён омадани асосҳои ҳуқуқии муносибатҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол бо Иттиҳоди Аврупо ҷанги шаҳрвандӣ, таназзули иқтисодӣ ва дигар омилҳо мебошад. Вале, аслан, решаҳои камфаъолиятии донишмандони кишвар дар баҳсу музокираҳои ҷаҳонӣ надонистани забони англисӣ дар сатҳи касбӣ буда, илова бар ин, қолабҳои фикрие мебошанд, ки ҳам дар дохил ва ҳам берун аз кишвар мавҷуданд. Агарчи паҳнои ҷаҳонӣ ҳоло барои ҳар як фарҳанги миллӣ кушода аст, фарҳангҳои миллӣ дар ҷустуҷӯи мақом ва мартабаи «худӣ» дар ин паҳно қарор доранд, лоиҳаҳое, ки барои ҳамгироии илмии миллӣ - ҷаҳонӣ маблағгузорӣ шуда истодаанд, ангуштшумор аст.
Гузашта аз ин, иқтидор ва қобилияти милливу минтақавии Осиёи Марказӣ дар рушди замонавӣ аз тарафи аксари мутахассисони Ғарб инкор карда мешавад. Чунин ҷаҳолати фикрӣ, мутаассифона, дар «тадқиқот» - и баъзе муҳаққиқони таҳҷоӣ низ сар зада, барои донишмандони беруна дастак мегардад. Дар натиҷа, инкори иқтидори зеҳнии милливу минтақавии Осиёи Миёна дар Иттиҳоди Аврупо дар муносибатҳои байни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо холигиро ба миён оварда, ҳам дар камии сармояҳо барои илму маърифати миллӣ - минтақавӣ ва ҳам барои бунёди ҳамкориҳои тадқиқотии тарафайн ва баробарҳуқуқ ба назар мерасад. 
Ҳузури намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон аз соли 1992 шурӯъ шуда, то ба имрӯз даҳҳо созмонҳои давлатӣ ва ғайридавлатии иттиҳод дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ба фаъолият пардохтанд. Вале аксари лоиҳаҳои онҳо бештар ба ҷалби ҷавонон барои омӯзиши ин ё он намуди фаъолият равона гашта, баъзе «устодони» чунин лоиҳаҳо доир ба пайвандҳои мафкуравии ҷомеаи таҳҷоӣ - аврупоӣ (g/local) тасаввуроте ҳам надоранд. Даҳҳо китобу садҳо мақола дар самтҳои мухталифи сиёсат, иқтисодиёт ва, умуман, ҷамъиятшиносии кишварҳои Осиё низ дар паҳнои  Иттиҳоди Аврупо ба чоп расид, ки бештар дар чорчӯбаи шӯравишиносии куҳнаи замони «ҷанги сард» қарор доранд ва ё муаллифон бо омӯхтани «муҳити табиӣ» (field work) маҳдуд гаштаанд. Чунин назарияи зоҳирӣ хавфи номафҳумии ҷавҳари тамаддунофарии умумиминтақавиро дар ҷаҳон ба миён оварда истодааст. 
Хушбахтона, ин хатои маҳз аз тарафи донишмандони Иттиҳоди Аврупо дарк гардида, эҳтиёҷ ба ҳамкориҳои илмӣ - тадқиқотии муштарак ба назар расида истодааст.
 Мақсади лоиҳаи «Бунёди иқтидори тадқиқотии ҳамкориҳои дастаҷамъии муҳаққиқони ҷаҳон» ба бунёди робитаҳои илмиву фарҳангии Британияи Кабир бо кишварҳои беруна нигаронида шуда, яке аз лоиҳаҳои камназир ба шумор меравад. Усули асосии ҳамкорӣ тайёр кардани ҷавонони болаёқат дар муҳити музокиравӣ байни 6 донишгоҳи ҷаҳонӣ мебошад. Ин муассисаҳо дар кишварҳои Беларус, Озарбойҷон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Британияи Кабир фаъолият доранд. Дар созишномаи аз тарафи роҳбарони ин донишгоҳҳо дар моҳи марти соли 2018 баимзорасида таъкид гаштааст, ки ҳар як донишгоҳ  бояд бо марказҳои илмиву таълимӣ ва муассисаҳои роҳбарикунандаи кишвари хеш ҳамкорӣ дошта, назарияи нави равобити илмиро бо назардошти арзишҳои аслӣ ва асосии милливу минтақавӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ пешниҳод намоянд.  
Хусусияти муҳими ин лоиҳа аз он иборат аст, ки аввалин маротиба дар таърихи муносибатҳои Иттиҳоди Аврупо бо Тоҷикистон ташаббус барои робитаҳои илмии баробарҳуқуқ ва ҳамаҷониба ба дасти худи иҷрокунандагон, яъне донишмандон дода шудааст. Шубҳае нест, ки чунин ташаббусҳои аҳли илму маърифати Британияи Кабир ба тағйири муносибатҳои Иттиҳоди Аврупо бо Тоҷикистон ва, умуман, минтақаи Осиёи Марказӣ, таъсири мусбат хоҳад гузошт.    
Аз ин лиҳоз, стратегияи нави иттиҳод нисбат ба Осиёи Марказӣ, ки 15 майи соли 2019 ба ҷомеаи ҷаҳонӣ пешкаш гардид, як қатор навгониҳо дорад. Агарчи стратегияи пешина бештар масъалаҳои ҳуқуқи башар, пешгириҳои бехатарӣ ва ҳарчи бештар фаҳмондани моделҳои рушди аврупоиро баррасӣ месохт, бино ба андешаи мутахассисон, чунин сиёсат дар кишварҳои минтақа чандон муваффақ нашуд. Бинобар ин, дар стратегияи нави Аврупо бештар ба ҳамкориҳои илмӣ - тадқиқотӣ такя шуда, муаллифон манфиатҳои тарафайн, робитаҳои замонавӣ ва сиёсати ҳамгироиро дар Осиёи Марказӣ пеш гирифтаанд. Ҳамзамон, мақсади асосии донишмандон дар ин вокуниш ба равшан намудани баъзе проблемаҳои амалисозии чунин стратегия дар Осиё ва ҳалли онҳо равона шудааст. Ба назари муҳаққиқони ғарбӣ, стратегияи нав барои ба эътидол овардани манфиатҳои тарафайни байниминтақавӣ қадами муҳим мебошад.  
Мунира ШАҲИДӢ, устоди шуъбаи байналмилалии ДМТ,
роҳбари гурӯҳи миллии GCRF COMPASS (ИА/БК)   
    


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.09.2019    №: 180    Мутолиа карданд: 834
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед