logo

ҳуқуқ

НОҲИЯИ ВОСЕЪ. ЗАМИНСОЗ БО ҶУРМИ ПОРАГИРӢ БА ДАСТ АФТОД

Мутобиқи талаботи моддаи 13 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон замин, сарватҳои зеризаминӣ, об, фазои ҳавоӣ, олами набототу ҳайвонот ва дигар боигарии табиӣ моликияти истисноии давлат мебошанд ва давлат истифодаи самараноки онҳоро ба манфиати халқ кафолат медиҳад.
Тибқи талаботи моддаи 56 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои назорати давлатии риояи қонунгузории замин, истифодаи дуруст ва ҳифзи замин аз тарафи тамоми заминистифодабарандагон, мақомоти давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, сарфи назар аз тобеият ва шакли моликияташон, шахсони мансабдор аз таъмини иҷрои қонунгузории замин, риояи талаботи (қоидаю меъёрҳои) махсус ва иҷрои чорабиниҳои оид ба истифодаю ҳифзи замин иборат мебошанд.
Мутаассифона, баъзе кормандон ва масъулони соҳаи заминсозӣ бо истифода аз мақоми хизматӣ ба фурӯши замин даст мезананд, ки ин хилофи қонун аст.
Масалан Кароматулло Қувватов, дар вазифаи муҳандис - заминсози Ҷамоати деҳоти Миралӣ Маҳмадалиеви ноҳияи Восеъ кор карда, ҷинояти қаллобӣ, яъне ба шаҳрванд ғайриқонунӣ додани қитъаи заминро бо истифода аз ваколати мансабӣ содир кардааст.
Ӯ 4 январи соли ҷорӣ бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрванд Сайҷафар Саидов, ки ба замини наздиҳавлигӣ эҳтиёҷ дошт, даромада, аз харитаи заминистифодабарии хоҷагии деҳқонии Миралӣ Маҳмадалиев воқеъ дар деҳаи Селбури ҳамин ҷамоат, ки ба гурӯҳи заминҳои таъйиноти кишоварзӣ (чарогоҳ) мансуб аст, бурда ҳамчун замини маҳали аҳолинишин нишон дода, барои сохтани хонаи истиқоматӣ қитъаи заминро дар майдони 0,06 гектар ҷудо карда дода, аз С. Саидов маблағи 10 000 сомонӣ талаб кардааст. С. Саидов ба К. Қувватов бовар карда, 10 январи соли равон 4000 сомонӣ ва баъдан дар давоми моҳ дар се ҳолат маблағи 5500, ҷамъ 9500 сомонӣ додааст.
Тибқи талаботи моддаҳои 71 ва 711 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ба шаҳрвандон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳо аз рӯи ваколаташон  ҷудо карда мешаванд. Шаҳрвандон барои гирифтани қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ муроҷиат менамоянд ва додани қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ба шаҳрвандон аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ амалӣ карда мешавад. Кароматулло Қувватов хилофи ин талабот амал намуда, бо истифода аз ваколати мансабӣ ба С. Саидов барои дар қитъаи замини ғайриқонунӣ додааш сохтани хонаи истиқоматиро иҷозат додааст.
Нисбат ба Кароматулло Қувватов аз тарафи прокуратураи ноҳияи Восеъ бо моддаҳои 247 қисми 3 банди «а» ва 3381 қисми 2 банди «в» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва барои баррасӣ ба суди ноҳия ирсол гардид.
Бо ҳукми суди ноҳияи Восеъ Кароматулло Қувватов гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи як ҳазору сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 60 500 сомонӣ бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муҳандис - заминсози ҷамоати деҳот ба муҳлати ду сол таъйин карда шуд.
Д. ХОЛИҚМУРОДЗОДА, раиси суди ноҳияи Восеъ,                             
Ш. НИЁЗӢ, муовини прокурори ноҳияи Восеъ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.09.2019    №: 180    Мутолиа карданд: 1163
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед