logo

иқтисод

МАҲСУЛОТИ ТОҶИКИСТОН ДАР НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «ТЕКСТИЛЛЕГПРОМ»

Дар Намоишгоҳи  байналмилалии «Текстиллегпром» - бузургтарин намоишгоҳи тахассусӣ дар миқёси Иттиҳоди  Давлатҳои Мустақил, ки 17 сентябр дар шаҳри Москва – пойтахти Федератсияи Россия ифтитоҳ ёфт, Тоҷикистонро корхонаҳои нассоҷӣ ва дӯзандагии «Ваҳдат», «Лиман», «Раҳимов А.А.», «Файзи истиқлол» ва «ХИМА-Текстил» намояндагӣ мекунанд.
Павилйони Тоҷикистонро дар Намоишгоҳи байналмилалии «Текстиллегпром», асосан, дастовард-  ҳои навтарини бахши нассоҷию дӯзандагии соҳаи саноати сабуки кишвар - газвор (аксаран пахтагин), ришта, либосворӣ, намунаҳои ҳунармандӣ ва молу маҳсулоти дигари содиротӣ зинат бахшидаанд.
Тавре роҳбари дафтари Маркази тиҷорати байналмилалӣ дар Тоҷикистон Саидмуъмин Камолов ба «Ҷумҳурият» иттилоъ дод, ширкати корхонаҳои Тоҷикистон дар ин намоишгоҳи бонуфузи ҷаҳонӣ дар доираи Барномаи ҷаҳонии рушди нассоҷӣ ва дӯзандагии МТБ ҷараён мегирад. Ҳайати Тоҷикистонро намояндагони ширкатҳои консалтингии «ACT Development Group» - и шаҳри Душанбе, «Business Consulting Group» - и шаҳри Хуҷанд ва Иттифоқи рушди бахши хусусии Тоҷикистон раҳнамоӣ мекунанд.
 - Намоишгоҳи  «Текстиллегпром»  платформа ё  пойгоҳи мувофиқу муҳимест барои намоишу муаррифии молу маҳсулоти содиротии корхонаҳои нассоҷию дӯзандагӣ,  ҳамчунин, барои пайдо намудани шарикони тиҷоратӣ, дарёфти бозори фурӯши мол, шиносоӣ бо таҷҳизоту технологияи навтарини истеҳсолӣ, - гуфт Саидмуъмин Камолов.
«Текстиллегпром» - намоишгоҳи байналмилалии тиҷоратии маҳсулоти нассоҷию дӯзандагӣ – сар аз ашёи хому маҳсулоти тайёри саноатӣ то дастгоҳу таҷҳизот, технология ва хатҳои муосири истеҳсолии соҳаи саноати сабук аст, ки имсол бори 53 – юм баргузор мегардад. Дар он беш аз 230 ширкату корхонаи соҳаи нассоҷию дӯзандагии 30 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла мамлакатҳои узви ИДМ, Чин, Олмон, Италия, Австрия,Туркия,  Франсия, Ҷопон, Ҳиндустон ва Покистон, иштирок доранд.
С. РАҶАБЗОДА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.09.2019    №: 180    Мутолиа карданд: 850
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед