маориф
ДТТ: Як хобгоҳи дигар ба истифода дода шуд
Анвар Абдурасулов, ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, тасмими Президенти ҷумҳуриро бобати Соли маориф ва фарҳанги техникӣ эълон шудани соли 2010 аз рӯйдодҳои муҳими сол арзёбӣ намуд. Ба андешаи ӯ иҷрои тадбирҳои ба ин хотир пешбинишуда ба рушду нумӯи иқтисодиёти мамлакат ва мақоми он дар байни кишварҳои олам метавонад таконе бахшад. Ба ин хотир раёсати донишгоҳ ният дорад силсилаи тадбирҳоро роҳандозӣ намояд. Аз ҷумла дурнамои самтҳои фаъолияти донишгоҳ барои панҷ соли минбаъда ва роҳҳои баланд бардоштани сифати омодасозии мутахассисони ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ тарҳрезӣ шудааст. Дар айни замон раёсати донишгоҳ азм дорад, ки вобаста ба эҳтиёҷи мамлакат ба мутахассисони соҳаи техникию муқаррар намудани ҷойҳои муайяни кор барои онҳо ва ҷалби вазорату идораҳо ба ҳалли ин масъала Шӯрои ҳамоҳангсозӣ ва ё сарпарастонро таъсис диҳад.
Инчунин Анвар Абдурасулов гуфт, ки беҳсозии сифати таълим барои донишҷӯён фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсил, ба вижа суръати таъсиси озмоишгоҳҳои илмию маҳфилҳои ихтироъкорӣ, корхонаҳои таълимию истеҳсолӣ ва технопаркҳоро метезонад.
Ба ин хотир дар навбати аввал бо анҷоми таъмиру тармими пурраи хобгоҳи рақами 3 имсол дар донишгоҳ барои 1000 нафар донишҷӯ шароити хуби ҷои зист фароҳам омадааст.
Ҳамзамон устодони ин даргоҳи илм бо тарғиби донишҳои техникӣ миёни аҳолӣ дар ташаккули фарҳанги техникии ҷомеа саҳм мегиранд. Онҳо дастовардҳои муҳими илмиву техникӣ ва навгониҳои онро тавассути барномаҳои радиову телевизион ва матбуот мунтазам дастраси аҳолии кишвар мегардонанд.
Хайринисои Расулӣ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 5435