logo

иқтисод

ДАНҒАРА. АВЛАВИЯТ БА КОРКАРДИ САНОАТИИ МАҲСУЛОТ

Таъмини бозори истеъмолии кишвар бо маҳсулоти кишоварзӣ, бахусус меваю сабзавоти аз лиҳози экологӣ тару тоза, инчунин содироти онҳо ба хориҷи кишвар, яке аз ҳадафҳои давлату Ҳукумати кишвар ба ҳисоб меравад.

Кишоварзони Данғара, яке аз ноҳияҳои калонтарини агросаноатии кишвар, талош доранд, ки дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат ҳиссагузор бошанд. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия барои кишоварзон ҷиҳати бунёди корхонаҳои хурду миёнаи саноатии коркарди маҳсулоти кишоварзӣ имкониятҳои фарох фароҳам овардааст, то ҳаҷми истеҳсол ва коркарди маҳсулоти кишоварзиро бамаротиб зиёд намуда, ҷойҳои нави корӣ таъсис диҳанд. Боиси қаноатмандист, ки ҳоло корхонаҳои саноатии коркарди маҳсулоти кишоварзии ноҳия рушди назаррас доранд.
Ҷамшед Шарифзода, муовини аввали раиси ноҳия, гуфт, ки то имрӯз хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия ба бозорҳои Россия, Чин, Қазоқистон, Афғонистон ва Қирғизистон 2051 тонна маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла 700 тонна сабзавоту полизӣ (сабзӣ, пиёз, карам, қаланфури булғорӣ, тарбузу харбуза, лӯбиё, каду, помидор), 750 тонна мева (себ, гелос, олу, нок, зардолу) ва 600 тонна меваи хушки коркардшуда баровардаанд.
Дар мавзеи зебоманзари Чашмаи Нуқра ва МОИ «Данғара»  ду корхонаи саноатии мевахушккунӣ бо иқтидори истеҳсолии 100 тонна маҳсулоти кишоварзӣ дар мавсим фаъолият доранд, ки дар онҳо зиёда аз 250 нафар сокинони маҳаллӣ ба ҷои кор таъминанд. Дар ин корхонаҳо то расидани фасли сармо мағзи писта, чормағз ва бодом коркард шуда, маҳсулоти тайёрро ба бозорҳои истеъмолии кишвар ва хориҷа ба фурӯш мебароранд. Корхонаҳо бо технологияҳои нави замонавӣ муҷаҳҳаз буда, давоми як мавсим метавонанд ҳар кадом 500 - 600 тонна маҳсулот истеҳсол намоянд. Барои нигоҳдории маҳсулот дар ҷамоатҳои деҳоти Себистон, Пушинг ва Лолазор сардхонаҳо бо ғунҷоиши зиёда аз 2500 тонна омодаи қабули  маҳсулотанд.

Холназар КАСИРОВ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.09.2019    №: 181    Мутолиа карданд: 1905
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед