logo

иқтисод

ХАТЛОН. 60 РӮЗИ МЕҲНАТИ ЗАРБДОР ДАР ПАХТАЗОР

Дар майдони «Қӯрғон» - и шаҳри Бохтар бо иштироки раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, раисони шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва бахши кишоварзӣ даври якуми мусобиқаи меҳнатии 15 - рӯзаи ҷамъоварии ҳосили пахтаи соли равон ҷамъбаст гардид.

Тавре Носирҷон Маъмурзода, мудири шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят, ба рӯзномаи «Ҷумҳурият» иттилоъ дод, дар мусобиқа пахтакорони ноҳияи Шаҳритуз бо таъмин намудани 44 дарсади дурнамо (ҷойи якум), шаҳри Бохтар 41,4 (ҷойи дуюм) ва шаҳри Левакант 35,5 дарсад (ҷойи сеюм) ғолиб дониста шуданд. Қурбон Ҳакимзода ба раисони ноҳияи Шаҳритуз Ҷаббори Ғаффор 15000 сомонӣ, шаҳри Бохтар Абдуалим Исмоилзода 10000 сомонӣ ва шаҳри Левакант Заррина Давлатзода 5000 сомонӣ мукофотпулӣ супурд.
Раиси вилоят гуфт, ки пахтакорӣ яке аз самтҳои асосии соҳаи кишоварзӣ ба ҳисоб рафта, рушди он барои таъмини соҳаи саноати сабук бо ашёи хом, сокинон бо ҷойи кор ва тақвияти иқтисодиёти кишвар нақши муҳим дорад.
- То кӯраки охирин чидани пахта бояд қарзи шаҳрвандии ҳар як сокини вилоят бошад. Зеро ин омил ба нишондиҳандаҳои корхонаҳои саноатии шаҳру ноҳияҳои вилоят таъсир намуда, барои ғанӣ гардондани Буҷети давлатӣ мусоидат мекунад, - гуфт Қурбон Ҳакимзода.
То 16 сентябри соли равон хоҷагиҳои пахтакори вилоят беш аз 44 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ намуданд, ки 16,2 дарсади дурнаморо ташкил медиҳад.
Дар ҳамоиш барои беталаф ғундоштани ҳосили пахта «60 рӯзи меҳнати зарбдор дар пахтазор» эълон гардид. Минбаъд низ дар ҳар 15 рӯз мусобиқа ҷамъбаст гардида, ғолибони маъракаи ҷамъоварии пахта мукофотпулӣ мегиранд. Дар ҷамъбасти умумии мусобиқа, ки ба Рӯзи Президент, яъне 16 ноябр рост меояд, барандаи ҷои аввали мусобиқа соҳиби мошини сабукрав гардида, ғолибони дигар бо мукофотҳои арзишманд қадр мешаванд.

 Кароматулло АТО,
 «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.09.2019    №: 182    Мутолиа карданд: 2268
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед