иқтисод
ШАҲРСОЗӢ
Дар шаҳри Хоруғ – маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Намоишгоҳи ҷумҳуриявии дастовардҳои соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ, масолеҳи сохтмонии ватании воридотивазкунанда ва нақши ҳунарҳои мардумӣ дар муаррифии меъмории миллӣ бо дастури Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ВМКБ доир гардид.
Дар намоишгоҳ бахшҳои меъморӣ, сохтмон, шаҳрсозӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмонии ватанӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва ғайра муаррифӣ шуданд. Дар он 35 ташкилоти лоиҳакашӣ, бештар аз 20 муассисаи сохтмонӣ ва ҳунармандони самти сохтмон аз тамоми манотиқи кишвар ширкат варзиданд. Аҳмадзода Ҷамшед, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи махсуси роҳбарияти олии кишварро ба роҳандозии истеҳсолоти ватании рақобатпазир ва воридотивазкунанда таъкид карда, зикр намуд, ки ҳадаф аз ташкили намоишгоҳ рушди минбаъдаи соҳаи сохтмон ва меъмории кишвар, ҷалби сармояи хориҷӣ, густариши фаъолияти меъморӣ, лоиҳакашӣ, шаҳрсозӣ, бунёди иншооти соҳаи сайёҳӣ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар бо истифода аз сарчашмаҳои таърихии санъати меъмории ниёгон, мубодилаи таҷриба, истеҳсоли масолеҳи сохтмонии воридотивазкунанда, рушди ҳунарҳои мардумӣ мебошад.
Ёдгор Файзов, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, бо изҳори хушнудӣ аз ташкили намоишгоҳи ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Хоруғ зикр намуд, ки мардуми тоҷик табиатан созандаву бунёдкор мебошанд. Қалъаву кох ва боқимондаи шаҳрҳои қадим, мисли Саразм, Қаҳқаҳаву Ямчун, Карону Ҳулбук далолат бар он мекунанд, ки мо аз қадим шаҳрнишин будем, манзили обод доштем. Дар даврони Истиқлолияти давлатӣ бо роҳбарии Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон созандагӣ вусъати тоза касб карда, дар давоми ду даҳсолаи охир дар пайи ободкориҳо симои шаҳру деҳотамон ба таври шинохтанашаванда тағйир ёфт.
Раҳмони ГУЛЗОР,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 24.09.2019 №: 182 Мутолиа карданд: 951