logo

фарҳанг

РОЗИ БУЗУРГИИ УСТОД РӮДАКӢ

Қабл аз Рӯдакӣ ҳам ба забони форсии дарӣ шеър сурудаанд, баъзе шоирон девони ашъор ҳам доштаанд, вале ӯ  нахустин ва бузургтарин шоирест, ки ашъори баланду пухта гуфта, шеъри форсиро ба камол расондааст. Ӯ дар тамоми навъҳои шеър, чун рубоиву қитъа, ғазалу қасида табъозмоӣ намуда, дар вазнҳои мухталиф чанд маснавӣ сурудааст, ки сармашқи шоирони баъдина гаштаанд.

Дар ашъори бозмондаи устод Рӯдакӣ ҳамаи мавзӯъҳои асосии адабиёти форсӣ- тоҷикӣ матраҳ гардидаанд. Шоири бузург шеъри ғиноиро бунёд ниҳод, тағаззулҳои оғози қасоид ва порчаҳои парокандае аз ӯ бозмонда далел бар он аст, ки маҳз дар ҳамин давра ин анвои шеърӣ шакл гирифтааст. Рӯдакӣ аввалин шоирест, ки сурудани тағаззулоти ширину диловезро дар оғози қасида расм кард ва дар эҷоди иртиботи миёни тағаззулу мадҳ маҳорати бемисл нишон дод. Дар ин тағаззулот шоир хушиҳои зиндагӣ, суруду мусиқӣ, тавсифи бодаву шароб, васфи маъшуқа, зебоиҳои табиат ва амсоли ин мавзӯъҳоро чунон ба тасвир оварда, равонии сухану содагии андеша ва фасоҳати каломи худро бо эҳсосоти нозуку нарм тавре омехтаву бо чунон малоҳат ибрози андеша намудааст, ки хонандаро, новобаста ба давру замон, маҷзуби худ мекунад. Аз ашъори бозмондаи ӯ қитъаҳое дар даст дорем, ки саршор аз андешаҳои ҳикамӣ ва панду андарз аст. Достонсароию қиссапардозӣ ва овардани ҳикояту амсол маҳз дар ашъори Рӯдакӣ шакли муназзами худро ёфт. Рӯдакӣ ғайр аз «Калилаву Димна», ки нахустин манзумаи ҳикамӣ дар адабиёти тоҷику форс аст, чанд манзумаи дигар дар вазнҳои мухталиф сурудааст, ки абёти пароканда аз онҳо боқӣ мондаанд.
Сабабҳои бунёдгузори адабиёти классикии тоҷикӣ – форсӣ ва устоди мусаллами шеър будани устод Рӯдакиро метавон дар чанд нукта баён кард:
1. Рӯдакӣ дар замони худ ба ҳайси бузургтарин устоди шеър шинохта шуда, аксари шоирону донишмандон ба қудрати сухани ӯ иқрор кардаанд. Масалан, Кисоӣ вайро «устоди шоирони ҷаҳон» хондааст, Унсурӣ бо он ҳама қудрати шоирӣ худро дар ғазал камтар аз ӯ донистааст ва аксари шоирони баъдина шевоию расоии сухани ӯро эътироф намудаанд.
2. Рӯдакӣ дар фунуни сухан ва анвои қолабҳои шеър, монанди рубоиву қитъа, ғазалу қасида ва маснавӣ маҳорат дошта, дар ҳар тарзе ба хубӣ комёб гардида, пешрави дигарон будааст ва метавон гуфт, ки нахустин шоири форсигӯй аст, ки дар навъҳои гуногуни адабӣ шеъри олӣ суруда, онҳоро шаклу сохтори муайян бахшидааст.
3. Рӯдакӣ  дар ташаккулу такомули шеъри  форсӣ  ҳам аз    лиҳози   мавзӯъ ва мундариҷа ва ҳам аз ҷиҳати  сабки қолаб  ба  ҳадди  камол  расондааст.  Аз намунаҳои ками  ашъори  парокандаи шоир   муҳимтарин  мавзӯъҳои адабиётро  метавон  пайдо  кард. Беҳтарин  намунаҳои  ашъорро  дар  мавзӯъҳои  ишқ, мадҳ, тасвири  табиат, хамрия, ҳасби  ҳол,  шикояту  эътироз, марсия,  масоили  иҷтимоӣ,  ахлоқӣ, фалсафӣ,  башардӯстиву  ватанпарварӣ,    ки  дар  адабиёти  тоҷику  форс  ба  ҳукми  анъана  даромаданд, дар  осори  боқимондаи  Рӯдакӣ  ба  назар  мерасанд.
Дар ашъори Рӯдакӣ тасвири бузургии  инсон мавқеи хос дорад. Шоир орзуву омол, эҳсосу андеша ва ангезишҳои олами ботинии мардуми одиву меҳнаткашро ба қалам додааст. 
Муҳимтарин хусусияти ашъори Рӯдакӣ дар содагию равонии сухан ва вуҷуди андеша дар он аст. Фикру андеша ва матлабу мақсад хеле табиӣ ва бидуни такаллуф баён шудааст, ки дар онҳо тасвиру ташбеҳоти дур аз зеҳн ба назар намерасад ва дар фаҳми зебоию фасоҳати муъҷизаосои шеъри шоир хонанда ниёз ба шарҳу тафсир надорад.
Хусусияти дигари шеъри Рӯдакӣ дар тозаву нав будани мазомин ва афкори шеърӣ аст, зеро шоир бо мавзӯъҳое сари кор дошт, ки пеш аз ӯ суруда нашуда буданд. Ин тозагии мавзӯъ ва мазомин боис шуд, ки шоири бузург таркиботи тозаву бадеъ, истиороти наву дилпазир, ташбеҳоти табиию воқеӣ офарад. Хидмати Рӯдакӣ дар такомули забони тоҷикии форсӣ хеле бузург аст. Рӯдакӣ ва муосиронаш ин забонро ба ҳадде такомул доданд, ки он ба забони меъёри илму адаб табдил ёфта, тӯли беш аз ҳазор сол хеле кам тағйир намуда, боиси мондагории он гардид. Ин забон дар тӯли қарнҳои зиёд на танҳо ба мардуми Тоҷикистону Эрон, Афғонистон ва дигар форсигӯён хидмат мекунад, балки чун забони байналмилалӣ дар ривоҷи илму адаб ва фарҳанги халқҳои Осиёи Марказию Қафқоз, Осиёи Хурд ва Ҳинду Покистон ва кишварҳои дигар таъсири қобили таваҷҷуҳ гузоштааст.
Ашъори Рӯдакӣ дар сабку услуби басо содаву равон офарида шуда, ки ба ҳар як хонанда фаҳмост ва он ҳарчанд дар назари аввал хеле сода менамояд, эҷоди чунин шеър кори хеле мушкил аст. Аз ин ҷост, ки сабки ашъори ӯро «саҳли мумтанеъ» меноманд ва ин гуна сабкро «шеъри Рӯдакивор» низ гуфтаанд.
Суннатҳои  устувори  адабие,  ки  Рӯдакӣ  ба  вуҷуд  овард,  раванди  умумии  адабиёти форсу  тоҷикро  муайян  намуда,  то  имрӯз  дар  адабиёти  мардумони  форсизабон  ва  кишварҳои  дигар  идома  доранд.
Омӯзиши илмии рӯзгору осори ин шоири бузург аз қарни XIX дар Аврупо шурӯъ шуда, дар Русияву Амрико ва мамлакатҳои Шарқ идома меёбад ва бузургтарин шарқшиносони ҷаҳон ба қудрати шоирии ӯ баҳои сазовор додаанд. Имрӯз рӯдакишиносӣ на танҳо дар Тоҷикистону Эрон, балки дар эроншиносии ҷаҳон нақши муҳим дорад.
Тоҷикистон имрӯз аз марказҳои асосии рӯдакишиносии олам ба шумор меравад. Дар таҳқиқи ҳаёту  осор ва андешаву маҳорати суханварии  Рӯдакӣ устод С. Айнӣ, А. Мирзоев, Х. Мирзозода, Р. Ҳодизода, А. Афсаҳзод, С. Имронов, С. Амирқулов, А. Сатторзода, Х. Шарифов, А. Сайфуллоев ва дигарон саҳми  назаррас гузоштаанд.
Осори  Рӯдакӣ ба забонҳои зиёди олам тарҷума ва нашр шудааст. Андешаҳои волои инсондӯстии Рӯдакӣ имрӯз дар замони ҷаҳонишавӣ барои таҳкими арзишҳои умумибашарӣ хеле муассир ва муҳиманд. Андешаҳои ӯ на танҳо имрӯз, инчунин фардо низ барои тарбияву ташаккули инсони комили сайёраи мо хидмати шоиста анҷом хоҳанд дод.
Мирзо МУЛЛОАҲМАД, адабиётшинос


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.09.2019    №: 182    Мутолиа карданд: 1106
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед