logo

сиёсат

САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА НОҲИЯИ РӮДАКӢ

25 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо рафти корҳои созандагию ободонӣ ва ифтитоҳи як қатор иншооти таъйиноти гуногун бо сафари корӣ ба ноҳияи Рӯдакӣ ташриф оварданд.
Сокинони шарафманду сарфарози ноҳия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
Ноҳияи Рӯдакӣ дар замони соҳибистиқлолӣ бо бунёди даҳҳо иншооти маъмурӣ ва иҷтимоию хизматрасонӣ ободу зебо гардида, дар натиҷаи татбиқи ҳадафҳои созанда ва рушди бахшҳои муҳими ҷомеа сатҳу сифати зиндагии мардуми ноҳия рӯз ба рӯз хубтару беҳтар мегардад.

25 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти нонию қаннодӣ ва таомҳои милливу ҳунарҳои мардумӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ боздид намуданд.
Аҳли заҳмати шонздаҳ шаҳраку деҳоти ноҳия маҳсули дастранҷи худро ба маъраз гузоштанд. Нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳунару маҳорати баланди нонпазии кадбонувони ноҳия шинос шуданд. Сокинони шукргузори ноҳияи Рӯдакӣ дар ҳама бахшу соҳаҳо бо заҳмати аҳлона ба дастоварду натиҷаҳои назарраси меҳнатӣ ноил мегарданд. Дар гӯшаи дигари намоишгоҳ дар дегҳои алоҳида пухтани таҳмол, далда, ду намуд ҳалво, оши палав ва дигар намуди ғизоҳои болаззат муаррифӣ гардид. Таомҳои миллии мо дар олам бо таъму лаззати ба худ хос беҳамто буда, шаҳодати соҳибтамаддун будани тоҷикон аст. 
Ҳунармандони чирадасту хушсалиқаи ноҳия аз эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (2019 - 2021) илҳоми тоза гирифта, ба эҳё ва рушди ҳунарҳои халқӣ, аз қабили кӯлолгарӣ, кандакорӣ, табақтарошӣ, оҳангарӣ, сабадбофӣ, ҷомадӯзӣ, кашидадӯзӣ, либосҳои миллӣ ва амсоли ин, камари ҳиммат бастаанд. Рушди соҳаи сайёҳӣ дар мамлакат ва таваҷҷуҳи бештари сайёҳони хориҷӣ ба кишвари мо ҳунармандони чирадасти ноҳияро водор кардааст, ки барои сайёҳон армуғонҳои зебову дилкаш омода созанд.
Дар маҷмӯъ, дар намоиши маҳсулоти нонӣ таомҳои миллӣ, қаннодӣ ва ҳунарҳои мардумӣ маҳсули дастранҷи ҳунармандони бомаҳорати ноҳияи Рӯдакӣ, ки бо завқу салиқаи баланд офарида шудаанд, ба таври шоиста муаррифӣ гардид.
Таъкид шуд, ки маҳз дар замони ҷаҳонишавӣ эҳё ва рушди анъанаҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва ҳифзи арзишҳои бойи ниёгон, метавонад миллати соҳибтамаддуну соҳибфарҳанг ва дорои таърихи куҳанро пойдору устувор нигоҳ дорад.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳунару маҳорати волои аҳли заҳмати ноҳия баҳои баланд дода, ҷиҳати эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ ва муаррифии арзандаи он дар арсаи байналмилалӣ ба сокинон ҳидоятҳои судманд доданд.

Пас аз шиносоӣ бо ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллии аҳли заҳмати ноҳияи Рӯдакӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 182 - ро, ки дар деҳаи Ҷӯйбодоми деҳоти Чортеппаи ноҳия бунёд гардидааст, ифтитоҳ намуданд.
Дар саҳни муассисаи навбунёди таълимӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро хонандагону омӯзгорони ин боргоҳи илму маърифат гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
 Мавриди зикр аст, ки муассисаи нави таълимӣ дар заминаи таваҷҷуҳи хосса ва ғамхориҳои ҳамешагии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳаи маориф ва фароҳам овардани шароити арзандаи таълим барои насли наврасу ҷавони мамлакат, бо фармоиши Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Корхонаи воҳиди давлатии таъмиру сохтмони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тарҳи муосир ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ сохта шудааст. Он сеошёна буда, дорои 1280 ҷойи нишаст аст ва дар ду баст фаъолият мекунад. Муассисаи таълимии мазкур аз 28 синфхонаи барҳаво, аз ҷумла 4 кабинети фаннӣ (химия, физика, математика, биология), 4 синфхонаи таълими меҳнат дар алоҳидагӣ барои писарон ва духтарон, 2 синфхонаи компютерӣ, китобхона бо ду утоқи алоҳидаи китобхонӣ ва 18 ҳуҷраи ёрирасон, иборат мебошад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сатҳу сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, аз фароҳам шудани шароити арзандаи таълим ба масъулон ва омӯзгорон, ҷиҳати тарбияи дурусти насли ояндаи миллат ва дар рӯҳияи баланди ифтихори миллӣ ба воя расидани онҳо, дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Дар ошёнаи якуми муассиса ошхона барои 150 ҷойи нишаст мавҷуд аст, ки барои хонандагон хӯрокҳои гарму болаззат пешниҳод месозад. Барои тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва ба варзиш машғул шудани наврасону ҷавонон толори барҳавову муосири варзиш сохта шудааст, ки барои тамошобинон 240 ҷойи нишаст дорад.
Толори варзиш, асосан, барои баргузор намудани бозиҳои футболи хурд, волейбол ва баскетбол мебошад. Дар толор хонандагон имкон доранд дар рафти машғулиятҳои варзишӣ ба обу тоби бадан машғул шаванд.
Бо мақсади дар шароити зарурӣ баргузор намудани ҷамъомаду чорабиниҳои гуногуни оммавию фарҳангӣ, дар муассисаи навбунёд маҷлисгоҳ бо 185 ҷойи нишаст мавҷуд аст, ки бо дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз мебошад.
Аснои шиносоӣ, ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бо мақсади таъмини гармӣ дар фасли сармо тамоми синфхонаҳо, роҳраву ҳуҷраҳои ёрирасон ва ҳуҷраҳои кории муассиса бо шабакаи мутамаркази гармидиҳӣ муҷаҳҳаз мебошад.
Барои зебою назаррабо шудан, саҳн ва атрофи муассисаи таълимӣ майсазор гардида, дарахтони ҳамешасабз шинонда шудаанд, ки бо низоми муосири обёрӣ таъмин мебошад.
Иншооти дигари ёрирасони муассиса шабакаи обрасонист, ки аз қаъри 80 метр об кашида шуда, ба муассиса интиқол дода мешавад. Барои таъмини бехатарӣ ва мушоҳидаи пайвастаи раванди таълим, дар дохил ва беруни бинои таълимӣ 20 камераи назоратӣ насб гардид.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо омӯзгорону хонандагон ба онҳо оид ба истифодаи босамари имконияти фароҳамшуда, аз худ кардани барномаҳои таълимӣ, кор бо техникаю технологияи муосир ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ ҳидоятҳои судманд доданд.

25 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар деҳаи «Оли Сомон» - и деҳоти “Зайнабобод” - и ноҳияи Рӯдакӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 85 - ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки муассиса аз ҷониби соҳибкор Абдуҷаббор Қурбонов, тибқи талаботи муосир дар давоми як сол бо тарҳи зебову замонавӣ сохта шуда, сеошёна ва дорои 640 ҷойи нишаст дар ду баст мебошад. Муассисаи таълимӣ дар як қисми замини муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 85, ки соли 1963 сохта шуда буд, бунёд гардидааст.
Дар муассисаи таълимӣ барои таълиму тарбияи насли ояндасози кишвар беҳтарин шароит муҳайё шудааст. Тавре ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, дар ин муассисаи типи нав, бо мақсади дар сатҳи баланд ба роҳ мондани таҳсилот, 13 синфхона, аз ҷумла синфхонаҳои забони русӣ, англисӣ, забон ва адабиёти тоҷик, физика, биология, математика, химия ва технологияи иттилоотӣ, бо таҷҳизоти зарурӣ, муҷаҳҳаз гардонда шудаанд. Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани муассиса ва имкониятҳои хуби таълимии он, ҳайати 25 - нафараи омӯзгорон имкон пайдо мекунанд, ки сифати таҳсилотро баланд бардошта, хонандагонро аз илмҳои замонавӣ бархӯрдор намоянд.
Зимни боздид, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, иқдоми созандаи соҳибкорро шоёни таҳсин хонданд. Инчунин, ифтитоҳи ин муассисаи таълимиро Сарвари давлат беҳтарин туҳфа ба хонандагон ва омӯзгорони ноҳияи Рӯдакӣ арзёбӣ карда, вобаста ба ин, аз кормандони соҳаи маорифи ноҳия даъват ба амал оварданд, ки бо пуштибонӣ аз сиёсати маорифпарваронаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тарбияи кӯдакону наврасон ва ҷавонон саҳми арзанда гузоранд, зеро пешрафти давлатдории миллӣ ба рушди соҳаи маориф вобастагии амиқ дорад.
Бино ба маълумоти масъулин, марҳилаи дуюми сохтмони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 85 дар ояндаи наздик шурӯъ мешавад. Тибқи лоиҳа, дар иншооти бунёдшаванда маҷлисгоҳ, толори варзиш, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон ба истифода дода хоҳанд шуд.

25 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ дар деҳоти Чоргултеппа ба фаъолияти корхонаи «Оҳангудозии Тоҷикистон» оғози расмӣ бахшиданд.
Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Оҳангудозии Тоҷикистон» бо иқдомҳои созандаи Пешвои миллат, баҳри татбиқи бомароми ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат, истеҳсоли маҳсулоти босифати ватанӣ ва ба роҳ мондани содироти он ба хориҷи кишвар, таъсиси ҷойҳои нави кор ва, ба ин васила, беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ бунёд шуда, аз ҷиҳати иқтидор калонтарин корхонаи истеҳсолии ноҳия ба ҳисоб меравад.
Зимни муаррифӣ, ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки самти асосии фаъолияти корхонаи навтаъсис коркарди оҳанпора ва истеҳсоли ду намуди масолеҳи сохтмонӣ – арматур ва ноқил бо андозаҳои гуногун мебошад. Барои идора намудани дастгоҳу технологияи замонавӣ ва бандубасти маҳсулот 150 мутахассиси маҳаллӣ ба кори доимӣ ҷалб карда шуд.
Иқтидори истеҳсолии корхона дар як сол 60 ҳазор тонна арматур ва ноқил буда, сифати маҳсулот дар асоси таҳлили мутахассисон ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад.
Ашёи хом ба корхона, қисман, аз дохили ҷумҳурӣ ва хокаи кимиёвии он бошад, аз Ҷумҳурии Қазоқистон дастрас шуда, дуди ғализи он бо истифода аз дастгоҳҳои махсус коркард ва безарар гардонда мешавад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, дар самти амалишавии ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат, истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот, ҷалби сармоя, бунёди корхонаҳои муосири саноатӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ ба роҳбарият ва масъулон дастуру ҳидоятҳо доданд.
Тавре иттилоъ дода шуд, барои бо сифати баланд истеҳсол шудани маҳсулоти корхона, дастгоҳу технологияи муосиру замонавӣ дар доираи ҳамкорӣ аз Ҷумҳурии Мардумии Чин дастрас ва васлу насб гардида, маҳсулоти ниҳоӣ (арматур ва ноқил) пас аз коркарди оҳанпора, истифодаи моддаи кимиёвӣ ва об кардан, омода ва бандубаст мешавад.
Дар саҳни корхонаи «Оҳангудозии Тоҷикистон» ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсулоти саноатии ноҳия муаррифӣ гардид.
Маврид ба таъкид аст, ки дар ноҳияи Рӯдакӣ дар доираи иқдомҳои созанда ба истиқболи Ҷашни бузурги миллӣ – 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ, бо дастгирии Роҳбарияти Олии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, саҳми соҳибкорони ватандӯст ва ҷалби сармояи хориҷӣ 13 корхона бо таъсиси 300 ҷои корӣ бунёд гардид, ки ин раванд барои боз ҳам беҳтар шудани сатҳи зиндагии аҳолӣ заминаи мусоид гузошт.
Татбиқи бомароми барномаҳои давлатӣ ва бунёду барқарорсозии корхонаҳои истеҳсолӣ имконият фароҳам сохт, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳия зиёд ва сатҳи иқтисодию иҷтимоии ноҳия сол ба сол беҳтар гардад. Тайи ҳашт моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 243 миллиону 300 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 46, 3 дарсад зиёд мебошад.
Айни ҳол дар ноҳия 127 корхонаи хурду бузурги истеҳсолӣ фаъолият дошта, бо дарназардошти афзоиши талабот, ҳаҷми истеҳсол ва номгӯи маҳсулот марҳила ба марҳила бештар мешавад.

25 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ, ҳамчунин, аз намоиши дастовардҳои кишоварзон ва гармхонаи хоҷагии деҳқонии "Исматулло" - и деҳаи Кӯктоши деҳоти Чоргултеппа дидан намуданд.
Аҳли заҳмати ноҳияи Рӯдакӣ наздики 30 навъи маҳсулоти гуногуни кишоварзиро, ки ҳамасола дар заминҳои зархез бо усули замонавӣ парвариш мешавад, ба намоиш гузоштанд.
Тавре таъкид гардид, дар ноҳияи Рӯдакӣ 5031 хоҷагии деҳқонӣ фаъолият дорад, ки бо истифодаи пурсамари ҳар як қитъа замин ва тухмиҳои серҳосили зироат дар асоси маслиҳати мутахассисони соҳа маҳсулоти фаровон ба даст меоранд.
Дар намоишгоҳ намунаҳо аз маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла картошка, пиёз, сабзӣ, карам, гулкарам, боимҷон, қаланфури булғорӣ, лаблабуи сурх, турб, шалғам, каду, бодиринг, помидор, себ, нок, шафтолу, ангур, тарбузу харбуза, ба маъраз гузошта шуданд. Пешниҳоди анвои гуногуни ангур дар ду пирамида ва тарбузу харбуза бо шакли хос дар намоишгоҳ хеле ҷолибу диданӣ буд.
Кишоварзони ноҳия соли равон дар кишти баҳорӣ дар майдони 4 ҳазору 371 гектар ғалладонагӣ, 3 ҳазору 31 гектар зироати техникӣ, 675 гектар картошка, 853 гектар сабзавот, 52 гектар полизӣ ва дар маҷмӯъ, дар 10 ҳазор гектар анвои гуногуни зироат кишт намуда, ба маблағи 379 миллиону 433 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар ноҳияи Рӯдакӣ ба боғу токпарварӣ таваҷҷуҳи хосса дода мешавад ва аҳли заҳмат ҳамасола бо афзун намудани масоҳати боғот ҳаҷми истеҳсоли меваҳои шаҳдборро зиёд мекунанд. 
Соли равон дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонии ноҳия 38, 3 гектар боғи нави дарахтони тухмдору донакдор ва 2,5 гектар токзори нав бунёд шуд, ки нисбат ба соли гузашта 4 гектар зиёд мебошад.
Дар ноҳия ба рушди соҳаи занбӯриасалпарварӣ низ таваҷҷуҳ зиёд аст ва сол ба сол ҳаҷми истеҳсоли асали табиӣ афзун мегардад. Зимни боздиди Сарвари давлат аз гӯшаи дастранҷи занбӯриасалпарварон, таъкид гардид ки, феълан, шумораи оилаҳои занбӯр 2965 ададро ташкил медиҳад. Занбӯриасалпарварони ноҳия соли равон 22 тонна асал ба даст овардаанд, ки нисбат ба соли гузашта зиёд мебошад.
Дар намоишгоҳ кормандони хоҷагии ҷангал намунаи гулу гиёҳҳои шифобахшро ба тамошо гузоштанд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми боздид барои ҳифзи олами бою рангини табиати диёр ва ҷамъоварии бамавриди гиёҳҳои шифобахш ба масъулин дастуру маслиҳатҳои судманд доданд.
Дар ин ноҳияи сераҳолии мамлакат барои коркард ва бандубасти гулу гиёҳҳои ватанӣ бунёди коргоҳҳои соҳавӣ ба манфиат дониста шуд. 
Дар намоишгоҳ парандапарварон низ дастовардҳои худро ба маъраз гузоштанд. Парандапарварони ноҳияи Рӯдакӣ сол ба сол саршумори мурғро зиёд намуда, дар таъмини бозори дохилӣ бо гӯшту тухми босифати ватанӣ саҳми назаррас мегузоранд. Таъкид гардид ки, феълан, саршумори паранда ба 236 ҳазор мерасад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо парандапарварон, ҷиҳати боз ҳам афзун намудани саршумори мурғ ва боло бурдани ҳаҷми истеҳсоли гӯшту тухм, маслиҳатҳои судманд доданд.
Кишоварзони ноҳияи Рӯдакӣ дар таъсиси гармхонаҳои доимоамалкунанда таҷрибаи ғанӣ дошта, барои таъмини фаровонии бозори истеъмолӣ дар ҳамаи фаслҳои сол аз имконоти мавҷуда пурсамар истифода мебаранд.
Ҳангоми боздиди Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз гармхонаи хоҷагии деҳқонии «Исматулло» ки, феълан, дар он парвариши бодиринг бо усули замонавӣ ба роҳ монда шудааст, иттилоъ доданд, ки масоҳати гармхонаҳои доимоамалкунанда дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 гектарро ташкил медиҳад.
Хоҷагии деҳқонии «Исматулло» соли 2018 дар асоси дастуру ҳидоятҳои Роҳбарияти Олии мамлакат аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Абдуманнаб Ҳусанов дар майдони 4 гектар таъсис ёфта, аҳли заҳмати он дар таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти гуногун саҳми назаррас мегузоранд.
Дар хоҷагӣ бо истифода аз технологияи нав дар майдони як гектар барои парвариши сабзавоти гуногун, аз ҷумла бодирингу помидор, гармхона ташкил гардидааст, ки дар он 10 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гашта, маоши хуб мегиранд.
Мақсади асосии хоҷагидорон дар ҳамаи фаслҳои сол бо сабзавоти тару тоза таъмин кардани аҳолии пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе мебошад.
 Соли равон дар гармхона дар ду мавсим 25 ҳазор ниҳоли помидор ва наздики 27 ҳазор ниҳоли бодиринг шинонда шуда, дар мавсими аввал аз майдони 1 гектар гармхона 74 тонна помидор истеҳсол ва аз ин ҳисоб 407 ҳазор сомонӣ даромад ба даст омадааст.
Хоҷагидорон дар мавсими дуюм аз парвариши бодиринг то имрӯз зиёда аз 80 тонна маҳсулот гирифтаанд ва умед доранд, ки боз дар ҳамин ҳаҷм маҳсулот ҷамъоварӣ ва пешниҳоди бозори истеъмолӣ намоянд.
Нигоҳубин ва парвариши бодиринг дар хоҷагӣ бо усули замонавӣ ба роҳ монда шуда, хоҷагидорон барои обдиҳии зироат аз усули қатрагӣ кор мегиранд.
Барои гарм кардани гармхона аз ангишт истифода бурда мешавад ва талабот дар як сол ба ин намуди сӯзишворӣ дар хоҷагӣ 300 - 350 тоннаро ташкил медиҳад.
Ба гуфтаи хоҷагидорон, истифодаи технологияи муосир дар гармхона омили муҳими боло бурдани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот мебошад.
 Ҳаводиҳӣ ва ҳавотозакунии дохилии гармхона ба таври автоматӣ ба роҳ монда шудааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни шиносоӣ бо рафти ҳосилбандии ниҳолони бодиринг дар ин гармхона, таҷрибаи кишоварзони ноҳияи Рӯдакиро дар самти ташкили гармхонаҳо намунаи ибрат арзёбӣ карда, барои зиёд намудани масоҳати гармхонаҳои доимоамалкунанда ва, ба ин васила, таъмини фаровонии бозори дохилӣ дар дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба масъулин дастуру ҳидоятҳои судманд доданд.

Дар доираи сафари корӣ дар маркази ноҳияи Рӯдакӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои тантанавӣ сутунпояҳои Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд.
Баландии сутунпояи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистони шаҳраки Сомониён 45 метр буда, паҳноии матои он 7 метр ва дарозиаш 14 метрро ташкил медиҳад. Баландии пояи Нишони давлатӣ, ки дар шафати Парчами давлатӣ сохта шудааст, 22 метр мебошад. Атрофи ин ду муқаддасоти миллӣ чароғон ва ободу зебо карда шуда, гулу буттаҳо онҳоро оро медиҳанд. Инчунин, дар ин иншоот фаввораҳо низ сохта шудаанд, ки аз ин пас ҷойи сайругашти сокинон ва меҳмонони ноҳия мешавад.
Бунёди рамзҳои давлатӣ дар доираи дастуру ҳидоятҳои созандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири гиромидошти муқаддасоти миллӣ сурат гирифтааст.
Лоиҳаи сутунпояҳои Парчами давлатӣ ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҷамъияти дорои масулияти маҳдуди «Тоҷмаҳал – 2010» таҳия гардидааст.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иҷрои корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, барои боз ҳам ободу зебо намудани атрофи иншооти мазкур ба масъулон дастуру ҳидоятҳо доданд.
Дар доираи иқдомҳои созанда ба истиқболи 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи гӯшаву канори мамлакат корҳои созандагию бунёдкорӣ идома доранд. Бунёди сутунпояҳои Парчам ва  Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази ноҳия ва ба макони сайругашти сокинон тадбил ёфтани ин мавзеъ туҳфаи арзишманд ба сокинони ноҳия баҳри истиқболи ҷашни миллӣ маҳсуб мегардад.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.09.2019    №: 183    Мутолиа карданд: 1026
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед