logo

иқтисод

ДУШАНБЕ. БУЗУРГТАРИН ФОРУМИ КАСБӢ

Давоми се рӯз дар Душанбе Форуми сеюми байналмилалии мусофирбарон баргузор гардид. Ин бузургтарин форуми касбӣ миёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба ҳисоб рафта, дар доираи он дар хати “Фазои 1520” - и роҳи оҳан, ки давлатҳоро бо ҳам мепайвандад, стандартҳои технологӣ ҷорӣ карда мешавад.
Дар чорабинӣ муовини директори генералии “Роҳи оҳани Россия” Дмитрий Пегов ва муовини аввали директори КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” Баҳром Шодиев, роҳбарони хадамоти нақлиёти мусофирбарии кишварҳои узви ИДМ, инчунин, кишварҳои Балтика ва Финляндия, мутахассисони корхонаҳои пешбари соҳаи илмҳои саноатӣ ва ғайраҳо ширкат варзиданд. Масъалаҳои байналмилалии рушди мусофиркашонӣ, шаклҳои ҳамгироии интиқолдиҳандагон ва рушди инфрасохтори хизматрасонӣ, ҳамчунин, такмили низоми фурӯши чиптаҳо, баланд бардоштани суръати қатора ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосири иттилоотӣ дар нақлиёти мусофирбарӣ баррасӣ шуданд.
Дмитрий Пегов, иброз дошт, ки татбиқи нақшаи чорабиниҳо дар доираи форум имконият медиҳад, ки дар кишварҳои аъзо стандартҳои ягонаи байналмилалии мусофиркашонӣ ҷорӣ карда шаванд. Мақсади форум низ муттаҳид сохтани кишварҳо ҷиҳати роҳандозии стандартҳои умумӣ мебошад.
- Ҳамкории бомуваффақият дар ташкили мусофиркашонии байналмилалӣ бидуни хоҳиши давлатҳо дар ҳамоҳангсозии қонунҳои миллӣ дар ин самт ғайриимкон аст. Махсусан, вусъати ҳамкориҳо дар самти маъмуриятҳои байналмилалӣ, таҳияи ҷадвали ҳаракати қатораҳо дар қитъаҳо бо назорати гумрукӣ ва сарҳадӣ, навсозии парки қатораҳо дар “Фазои 1520” ва таъмини бехатарӣ”, - таъкид дошт Д. Пегов ва корхонаи муштараки Россия ва Финляндия  “Oy Karelian Trains Ltd” - ро, ки барои мусофиркашонӣ дар  хатсайрҳои Санкт-Петербург - Хелсинки тавассути қатораҳои "Allegro" таъсис ёфта, дорои хизматрасонии босифат мебошад, мисол овард.
Баҳром Шодиев иброз намуд, ки ҳамкориҳои судманд бо кишварҳои узви ИДМ барои рушди соҳаи роҳи оҳан дар Тоҷикистон имкониятҳои васеъ фароҳам овардааст.
- Соли равон тавассути роҳи оҳани кишвар наздики 270 ҳазор мусофир кашонда шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли пеш  3 дарсад зиёд мебошад. Аз ин рӯ, кушодани роҳ ба ҳамаи самтҳо, зиёд намудани шумораи мусофирон бо навсозии парки вагону локомотивҳо ва беҳтар кардани хизматрасониҳо ҳадафҳои моанд. Танҳо дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ баҳри мустаҳкам намудани иқтидори техникии соҳа 64 вагони  мусофирбару боркашонӣ аз таъмири асосӣ ва 598 вагон аз таъмири ҷорӣ бароварда шуд. Бо вуҷуди ин, талаботи мусофирон ба хизматрасонии босифат ҳанӯз қонеъкунанда нест. Ҳоло дар мувозинаи корхона 2058 вагони боркаш, 424 вагони мусофирбар ва 42 локомотив мавҷуд аст. Барои навсозии парки вагонҳои мусофирбарӣ лоиҳаи сармоягузории «Оид ба харидорӣ намудани 1000 вагони боркаш ва 30 мусофирбар» таҳия гардида, барои муаррифӣ ва дарёфти маблағгузорӣ ба шарикони рушд, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ пешниҳод гардидааст, - гуфт Б. Шодиев.
Дар охир ҷонибҳо пешниҳод намуданд, ки дар кишварҳои аъзо ба масъалаи беҳтар кардани хизматрасонӣ ба сайёҳон диққати ҷиддӣ дода шавад.
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.09.2019    №: 183    Мутолиа карданд: 2153
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед