logo

ҳуқуқ

КУШТОРИ ВАҲШИЁНА Ё ҚАТЛИ РАВШАНФИКРЕ БО ДАСТИ ТЕРРОРИСТОНИ НАҲЗАТ

Имрӯз яке аз хатарҳои ҷиддии сайёра терроризм буда, фаъолияти он ҳамеша ба ҳадафҳое чун харобкорӣ, қатлу куштор, зӯроварӣ ба хотири тағйирдиҳии шаклҳои идоракунии давлатӣ, сохти конститутсионии давлат ва барҳам задани фаъолияти сохторҳои давлатӣ равона гардидааст. Ҳамакнун терроризмро метавон ба «вабои асри XXI» ташбеҳ дод, чунки он аз рӯи қувваи харобкории худ на камтар аз ин бемории марговар аст. То замоне ки ин зуҳуроти номатлуб аз байн бурда нашавад, ҳеҷ кас ва ҳеҷ минтақае наметавонад худро дар амонӣ эҳсос намояд.

Террористон танҳо дар сурат инсон ва дар сират аз ваҳшитарин ҳайвон ваҳшитаранд, на ба касе раҳм доранду на шафқат. Онҳо дар куштори бузургтарин ашхоси сатҳи ҷаҳонӣ, чун сарвазирони Ҷумҳурии Ҳиндустон Индра Ганди, Раҷив Ганди, Сарвазири Покистон Беназир Бҳутто, Президенти Шри - Ланка Ранасингх Премадас, Сарвазири Италия Адло Моро, вазири дифои Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд ва садҳо нафарони дигар даст доштанд. Дар Тоҷикистон, ки чунин ҷараён ва ба ин гуна амалҳои ноҷавонмардона даст заданро роҳбарият ва аъзои ташкилоти террористии дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзатӣ оғоз намуданд, онҳо низ ҳамеша ашхоси саршинос ва чеҳраҳои огоҳу бедорро ваҳшиёна ба қатл мерасонданд. 
Имрӯз, ки чунин раванд ва амалҳои номатлуби террористӣ ва экстремистӣ ба як хатари умумиҷаҳонӣ табдил ёфтааст, мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар гӯшаҳои гуногуни сайёра миллионҳо нафар одамон гирифтори хавфу таҳдид ва оташи ҷангу низоъҳо гардидаанд ва зуҳуроти терроризму ифротгароӣ ба хатари бесобиқаи ҷаҳонӣ табдил ёфта, оқибатҳои фоҷиабору дарозмуддати ҷамъиятиву сиёсӣ ба бор меорад. Танҳо дар зарфи солҳои охир зиёда аз 100 мамлакати дунё ҳадафи амалҳои харобкоронаи террористон қарор гирифта, бар асари ҳамлаҳои террористӣ садҳо ҳазор нафар аҳолии осоишта ба ҳалокат расидаанд ва миллионҳои дигар макону манзили зисташонро тарк кардаанд. Зарари ба иқтисодиёти кишварҳо расондашуда садҳо миллиард долларро ташкил медиҳад.  Бино ба таҳлилҳо, танҳо дар қаламрави Афғонистон соли гузашта бар асари ҷангу амалҳои террористӣ беш аз 10 ҳазор аҳолии осоишта зарар дида, тақрибан 4 ҳазор нафар қурбон шудаанд. Сию ду дарсади қурбониён ва 53 дарсади маҷрӯҳонро занону кӯдакон ташкил додаанд. Пӯшида нест, ки дар чунин вазъият кишварҳои дунё дар танҳоӣ наметавонанд дар муқовимат бо хавфу таҳдидҳои афзоянда ба амнияту осоиш комёб гарданд ва сулҳу суботро таъмин намоянд.
Баъд аз истиқлолият ва ҷорӣ шудани сиёсати дарҳои боз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мардуми тоҷик дар маърази иттилооти гуногун ва фарогири диниву мазҳабӣ қарор гирифтанд. Мардуме, ки шинохти зарурӣ аз дину мазҳаб надоштанд, мумкин буд ба ҳар самту равияе кашида шаванд. Ин ҳама амалҳои душманона ва муқобили арзишҳои фарҳангию миллии тоҷикон дастуру фармонҳои роҳбарияти ташкилоти террористии дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзатӣ буда, нишонаи бармалои душмании наҳзатиҳо бар миллату меҳани хеш аст.
Дар ин росто, ёдовар шудан бамаврид аст, ки воқеан ҳам, пеш аз истиқлолият ё солҳои аввали соҳибистиқлолӣ мардуми тоҷик маълумоти лозимӣ дар бораи дину мазҳаб надошт. Кам касе дар бораи дину мазҳаб ва бузургони он чизе медонист. Иҷро шудани ин барномаи маърифатӣ бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат боис гардид, ки дар муддати кӯтоҳ мардуми тоҷик аз ин маълумот бархӯрдор шаванд ва дар гӯшаву канори кишвари азизамон шахсиятҳои барҷастаи олами ислом ва  дар бораи осори онҳо маълумот пайдо намоянд. Ин барнома бо ҳадафи ҳифзи ваҳдати миллӣ, якпорчагии меҳани азизамон - Тоҷикистон, шинохти дурусти дину мазҳаб, ҳифзи дин аз ҳар гуна фикру андешаҳои носолим, мубориза алайҳи тундгароӣ ва муаррифии амиқу воқеии дини мубини ислом буд.
Бо вуҷуди оне ки барои ҳифзи якпорчагии миллати тоҷик ва арҷ гузоштан ба фарҳанги динию эътиқоду боварии мардуми кишвар Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нашри китобҳои бузургони динро ба забони тоҷикӣ ба роҳ монда, тарҷумаи Қуръони карим ба забони тоҷикӣ, шахсиятҳои барҷастаи дини ислом, аз қабили Имом Абуҳанифа, Имом Бухорӣ, Имом Ғаззолӣ ва ғайраҳоро муаррифӣ намуданд, вале наҳзатиҳои террористу экстремист ин ҳамаро нодида гирифта, худро ҷойгузин ва намояндаи Худо муаррифӣ мекарданд. Ҳатто, худро бо Худо тавъам карда, хат задани номи ҳизбашонро дар варақаи интихоботӣ амали зидди дини ислому рафтори кофирона эълон намуданд. Бисёре аз шахсиятҳои на танҳо илму дониш ва фарҳангу маърифат, чун М. Осимӣ, О. Латифӣ, Ю. Исҳоқӣ, С. Афардӣ, М. Шерализода, М. Олимпур, М. Назаршоев, А. Раҳимов, Ҳ. Ҳайдаршо ва дигарон, балки рӯҳониёни маъруфу саршиноси кишвар ва пайравону намояндагони дигар мазҳабҳои исломиро ваҳшиёна ва бераҳмона ба қатл расонданд. 
Мутаассифона, дар ҷомеаи мо аъзои гурӯҳи даҳшатафкану ваҳшатангези ташкилоти террористии дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзатӣ ба амалҳое даст мезаданд, ки ваҳшиёни ёбоиву хунхор ҳеҷ гоҳ ин гуна рафторро раво намедиданд. Дар баробари ин қадар қатлу куштор ва ваҳшониятҳо боз нафаронеро несту нобуд мекарданд, ки дар дохили худи ислом барои рушду инкишоф ва пешрафти он саҳм гузоштан мехостанд.
Яке аз чунин амалҳои даҳшатбор ва фалокатбори намояндагони  ташкилоти террористии наҳзат ба қатл расондани роҳбари ҷараёни динии «Баҳоия» дар Тоҷикистон Абдулло Муқаррабӣ мебошад.
24 сентябри соли 1999 аъзои ташкилоти террористии дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзатӣ Ф. Комилов, Т. Миров ва М. Нарзуллоев бо супориши бевоситаи роҳбари ин ташкилот ва бо маслиҳати пешакӣ ба манзили зисти сарвари ҷараёни «Баҳоия» Абдулло Муқаррабӣ, воқеъ дар шаҳри Душанбе ворид гардида, эшонро аввалан хеле лату кӯб менамоянд, баъдан, дастонашро бо сим баста, аз силоҳи оташфишон сӯи ӯ тир холӣ мекунанд ва ҳамин тавр, бо як бераҳмӣ номбурдаро ваҳшиёна ба қатл мерасонанд.
Бо куштани роҳбарони ҷараёни «Баҳоия» ва зардуштиён дар Тоҷикистон Муқаррабӣ ва Рӯдакӣ роҳбарият ва намояндагони ташкилоти террористии наҳзатӣ  ба мардуми кишвар нишон доданӣ буданд, ки эшон ҳеҷ гуна афкору андешаи дигар ва ё ҷадидро қабул надоранд. Ҳарчанд дар Қуръони карим омадааст: «Бо кофирон бигӯед, ки намепарастем Худоеро, ки шумо мепарастед. Ва намепарастед Худоеро, ки мо мепарастем…». Яъне, аз ин фармудаи Илоҳӣ бар меояд, ки ҳар касе майлу рағбат ба кадом дине дорад, бигзор аз он пайравӣ намояд. Аммо террористону экстремистони наҳзатӣ комилан муқобили каломи Худо ва Куръони маҷид баромада, ин ду нафареро, ки афкору андешаи дигари на дунявӣ, балки динӣ доштанд, ваҳшиёна ба қатл расонданд. Акнун, аз ин ҷо хулоса мебарояд, ки эшон ду нафар пайрави динҳои дигарро ин гуна несту нобуд карданд, онҳо ба дунявиён, демократҳо ва равшанфикрону озодандешон чӣ гуна муносибат менамоянд? Ҳар нафари аз ин қатор ба дасташон афтодаро ба қатл мерасонанд.
Ин аст амали дасти мусалмононе, чун аъзои ташкилоти террористии дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзатӣ. Бинобар ин, муқовимат бар терроризм, аз ҷумла ба тамоми пайравон ва мубаллиғони ташкилоти террористии наҳзатӣ, яке аз самтҳои асосии таъмини амнияти миллии мамлакат ба шумор меравад. Мусаллам аст, ки Тоҷикистон терроризмро бо тамоми зуҳуроташ қотеона маҳкум менамояд ва аз талошҳои дастҷамъонаи ҷомеаи башарӣ дар мубориза бар зидди ин зуҳуроти марговару хатарнок пуштибонӣ менамояд.

Нодири ҚОДИР, таҳлилгар


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.09.2019    №: 183    Мутолиа карданд: 841
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед