logo

ҳуқуқ

ҚОНУНГУЗОРӢ ВА ИМПЛЕМЕНТАТСИЯИ МЕЪЁРҲОИ ҲУҚУҚИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон конфронси байналмилалии илмӣ – амалӣ дар мавзӯи «Имплементатсияи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалии инсондӯстӣ дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид. Дар кори он намояндагони мақомоти ҳокимияти давлатӣ, вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳои илмию тадқиқотии кишвар, инчунин, созмонҳои байналмилалӣ ва сафоратхонаҳои давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доштанд.
Иззатулло Саидзода, директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни суханронӣ иброз дошт, ки бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи имплементатсияи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалии инсондӯстӣ дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои назаррас анҷом дода шудаанд.
Инчунин, Зафар Сафарализода, мудири шуъбаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдаки раёсати кафолатҳои ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Умед Бобозода, ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Андрей Козик, ҳамоҳангсози минтақавии   Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ дар давлатҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ, намояндагони вазоратҳои адлия, фарҳанг, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ назари худро баён намуданд.
Дар конфронс мавзӯъҳои  муҳим, аз ҷумла «Механизмҳои миллии имплементатсияи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалии инсондӯстӣ: нақши комиссияҳои миллӣ дар таъмини пешгирии вайронкуниҳои меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалии инсондӯстӣ», «Имплементатсияи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалии инсондӯстӣ: мафҳум, шаклҳо, тарзҳо ва механизмҳо», «Имплементатсияи меъёрҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Имплементатсияи меъёрҳои ҳуқуқӣ - байналмилалии ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак дар қонунгузории миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Масъалаҳои имплементатсияи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалии инсондӯстӣ дар бахши ҳифзи ёдгориҳои фарҳангиву таърихӣ», «Ҳимояи ҳуқуқи аҳолии осоишта дар ҳуқуқи байналмилалии инсондӯстӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар анҷом вобаста ба мавзӯъҳои матраҳшуда аз ҷониби иштирокчиён музокираҳо сурат гирифта, таклифҳои судманд пешниҳод гардиданд.
Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.09.2019    №: 184    Мутолиа карданд: 2360
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед