logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

МЕҲРУБОНТАРИН ШОРЕҲ
БЕҲТАРИН МУХЛИСИ СОЛИ 2019
«Шоми шанбе» - и рӯзнома (№132, 12.07.19) дар бораи модаре аз Бразилия навишта буд, ки писари 11 - солаи нобиноаш Николасро ба майдони футбол барои тамошои бозии дастаи «Палмейрас» оварда, рафти қувваозмоиро барояш шарҳ медод. Ин ғамхории модар аз мадди назари ВАО дур намонду расонаӣ шуд.
Чанд рӯз қабл дар шаҳри Милани Италия маросими ҷоизасупорӣ ба беҳтаринҳои соли 2019 доир гардид. Ин модари меҳрубону мушфиқ дар қатори беҳтарин футболбозону мураббиёни сайёра, аз қабили Леонел Месси ва Юрген Клопп аз рӯи фарзияи Федератсия байналмилалии футбол (ФИФА) «Беҳтарин мухлиси сол» гардид.
Таҳияи Маҳмуд БАҲРОМ


28 СОЛ –  БУНЁДИ ЯК КИТОБХОНА
Людовики XIV де Бурбон 72 сол тӯлонитар аз дигар шоҳони аврупоӣ,  ҳукмронӣ кардааст.
Ӯ дар соли 1663 амр медиҳад, ки барои тарбияи писараш – Людовики бузург Дофина китобхонаи адабиёти классикӣ бисозанд, то аз ҳар гуна ибораву ифодаҳои беназокат орӣ бошад. Аммо сохтмони китобхона 28 сол баъд, замоне ба анҷом расид, ки худи писараш аллакай соҳиби фарзанд шуда буд.
Таҳияи Мафтуна НУРИДДИН


ИХТИРОИ МАҶБУРӢ
Аксари мо кулчақандҳои шоколаддорро дӯст медорем. Вале, шояд кам касоне донанд, ки он чӣ гуна пайдо шудааст. 
Хонум Рут Уэйкфилд ва аҳли хонаводааш меҳмондориро хеле дӯст медоштанд. Боре меҳмонон аз ӯ хоҳиш карданд, ки барояшон кулчақанди шоколадӣ пазад. Ҳангоми омода гаштани хамир маълум шуд, ки дар хона шоколад намондааст. Рут аз шоколадрезаҳо истифода бурд ва умед дошт, ки онҳо ҳангоми пухтан об шуда, кулчақанди шоколадӣ омода мегардад. Аммо чунин нашуд. Резаҳои шоколад намоён буданд. Соҳибхона маҷбур гашт маҳсулоти омоданамудаашро ба меҳмонон ҳамин тавр пешкаш намояд.
Овозаи кулчақанди нави Уэйкфилдҳо зуд дар тамоми Массачусетс паҳн гардид. Акнун меҳмонон махсус барои чашидани таъми он ба хонаи онҳо меомаданд. Ихтирои нав ба кормандони ширкати шоколадбарорӣ низ хуш омад ва чандин сол тарзи омода намуданашро дар бастаи шоколадҳояшон ҷой медоданд.
Таҳияи Манзура ШАМСОВА


СИРРИ МУВАФФАҚИЯТИ  ВАЛЕНТИНА ТЕРЕШКОВА
Аввалин зани астронавт Валентина Терешкова мебошад. Парвози ӯ бо киштии кайҳонии «Восток - 6» 16 июни соли 1963 сурат гирифта, қариб се рӯз давом кард. Терешкова ба хешовандонаш гуфта буд, ки ба мусобиқаи чандрӯзаи парашютчиён меравад. Онҳо дар бораи парвози Терешкова  аз хабарҳои радио огаҳ шуданд.
Ба ғайр аз Терешкова номзадҳои дигар низ буданд, аммо ӯ маҳз бо малакаи хуби сухангӯӣ бар ҳарифонаш ғолиб омад. Валентина Владимировна ба осонӣ бо рӯзноманигорон муошират мекард, ба саволҳои онҳо посухҳои табиӣ дода, фаромӯш намекард, ки чанд сухан дар бораи бузургии Ҳизби коммунист гуфта бошад. Дар ниҳояти кор, вай ҳамчун номзади асосии парвоз интихоб шуд.
Таҳияи Лутфия ҚОДИРОВА


ИНТЕЛЛЕКТ
Рубрикаи «Интеллект» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчии фаъол бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ сарфароз гардонда мешавад.

Суръати миёнаи мошини сабукрав
Мошини сабукрав барои тай кардани се қисми роҳи самти Душанбе - Хуҷанд фосилаҳои якхелаи вақтро сарф кард. Агар дар қисми якуми роҳ суръати миёнаи мошин 56 км/соат, дар қисми дуюм 30 км/соат ва дар қисми сеюм 70 км/соат бошад, суръати миёнаи он ба чанд баробар мешавад?
Агар тамоми роҳ ба се қисми дарозиашон якхела  тақсим шуда бошад, чӣ?

Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА
Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238-53-40
Вайбер: 93-547-00-05, bzm_701@mail.ru


САНГПУШТИ 121 – СОЛА
Сангпушти Шейла Флорис, ки Томми ном дорад, 121 – сола шуд. Шейла мегӯяд, ки сангпуштро модаркалонаш Маргарет Клуонан соли 1909 ба маблағи як фунт - стерлинг харида буд. Он вақт сангпушт 11 сол дошт. Ин ҷонвар дар замони ду ҷанги ҷаҳонӣ, шаш монархи гуногун ва ҳукмронии бисту як президенти ИМА зиндагӣ  кардааст. Ӯ сабаби дарозумрии сангпуштро  дар истеъмоли рустаниҳои табиии боғ, хусусан қоқу медонад ва мегӯяд: «Томми соле шаш моҳ хоб меравад ва дар 1 апрел, ки  зодрӯзи ман аст, бедор мешаваду хурсандии маро дучанд меафзояд».
Таҳияи Сайфулло АШУРОВ


НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
Эрнест Ҳемингуэй
Аз ёддоштҳои адиби машҳур Ҳемингуэй аст, ки нақл мекунад : «Вақте ба навиштани романи «Он тарафи дарё дар сояи дарахтон» («За рекой в тени деревьев») сар кардам, як миқдори муайян хазина доштам.  Ҳамин буд, ки солҳои зиёд ба шуғли дигаре даст назада, бе ташвиш болои ин асар кор кардам. Вале ҳамин ки роман аз чоп баромад, мунаққидон онро чунон паст заданд, ки обрӯи асар ба хоки сиёҳ баробар шуд. Қарор додам, ки то охири умр на танҳо роман наменависам, балки қалам ба даст намегирам. Вале чун аз байн чанд муддат гузашту дар хазинаам як сент ҳам намонд, ба таҳлука афтодам. Чӣ кор карданамро намедонистам, аниқтараш кори дигаре ҳам аз дастам намеомад. Ноилоҷ дигарбора қалам ба даст гирифтам ва саросемавор повести «Мӯйсафед ва баҳр» - ро навиштам. Повесте, ки ғайриинтизор ба ман  на танҳо Ҷоизаи Нобел, балки маблағи хеле калон овард. Аз ҳамон рӯз ба худ мегӯям, ки дар муҳтоҷӣ асар  сифатан беҳтар мебарояд».
Аз русӣ тарҷумаи Фараҳзоди ҚУРБОНАЛӢ


ТИҶОРАТИ ҒАЙРИОДӢ
Баъд аз он ки қисмати шимолии Чинро қабати ғафси гази заҳролуд пӯшонд, бошандагони шаҳри Пекин аз норасоии ҳавои тоза ранҷ мекашиданд. Берун баромадани аҳолӣ бидуни даҳонпӯш ғайриимкон гашт. Дар ин ҳол маҷбур буданд, ки ҳар дафъа барои аз хона берун омадан, ба маблағи 80 сент даҳонпӯш бихаранд. Ин боиси пайдо шудани андешаи нави Чэн Гуанбяо, соҳибкори таҳҷоӣ, гардид. Ӯ ҳавои тозаро дар зарфчаҳои махсус пур карда, ба савдо баровард. Аз  тиҷорати ғайриодии хеш на танҳо мушкилоти мардумро осон кард, балки маблағи хуб низ ба даст овард.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО


114,5 гВт ИҚТИДОРИ ЯКСОЛАИ НЕРУГОҲҲОИ ОФТОБӢ
Бинобар маълумоти пешниҳоднамудаи Ширкати консалтингии «Wood Mackenzie» иқтидори имсолаи неругоҳҳои офтобӣ (фотоэлектрикӣ) дар ҷаҳон ба 114,5 гВт (гигаватт) мерасад, ки нишондиҳандаи рекордист.
Ба истеҳсоли ин намуди неруи муҳим дар Аврупо диққати бештар медиҳанд. Пештозони ин раванд кишварҳои ИМА, Испания, Ҳиндустон, Ветнам, Миср ва Аморати Муттаҳидаи Араб мебошанд, ки ҳамасола аз
1 то 5 гВт иқтидори неругоҳҳои офтобии худро афзоиш медиҳанд.
Бозори фурӯши энергияи офтоб - модулҳои он низ равнақу ривоҷ ёфта истодааст. Чанде пеш мушовирони ширкати тайвании «EnergyTrend» ҳисоб намуданд, ки фурӯши модулҳои офтобӣ дар соли ҷорӣ ба 125,5 гВт баробар шудааст.
Таҳияи Моҳира МУРОДОВА


ЭЙНШТЕЙНИ «БЕСАВОД»
Эйнштейн савори поезд сафари тӯлонӣ дошт. Чун гурусна шуд, ба вагон-ресторан даромада, хост хӯрдание фармоиш диҳад. Вале ҳамин ки даст ба таомнома бурд, ба хотираш расид, ки айнакашро фаромӯш кардааст. Ноилоҷ аз пешхизмат хоҳиш намуд, то номи таомҳоро бо овози баланд хонад. Пешхизмат ба мӯйи сафеду чеҳраи зиёӣ ва тозагии сарулибоси Эйнштейн бо дард нигариста, хам шуда, дар гӯшаш чунин гуфт:
- Мебахшед, ҷаноб, сад афсӯс, ки ман ҳам мисли шумо бесаводам, вагарна хонда медодам.
Аз русӣ тарҷумаи Ҳалимаи ҚУРБОНАЛӢ


ТАРФБОЗӢ ДАР МОСКВА
Мо одат кардаем, ки танҳо дар рӯзҳои ид осмонро рангоранг дида, аз санъати тарфбозон як ё ду бор дар сол баҳра барем. Аммо бори панҷум аст, ки дар охири тобистон ва оғози тирамоҳ осмони шаҳри Москваи Федератсияи Россия якбора «гул мекунад». Гап сари он аст, ки маҳз ҳамин давра дар зебошаҳр Фестивали байналмилалии тарфбозӣ (фейерверк)  баргузор мегардад.
Макони асосии баргузории тарфбозӣ имсол низ чун солҳои пешин силсилаи боғҳои Братеев интихоб гардид. Аз байни дарахтони сабз якбора «рӯидани гулҳои оташин» хеле ҷолиб буда, инъикоси он дар кӯли боғ муҳити афсонавиро ба амал меорад.
Созмондиҳандаи асосии фестивали санъати пиротехникӣ ширкати машҳури "Ростех" буда, дар он беҳтарин пиротехникҳои ҷаҳон ҳунари худро ба маърази тамошо гузоштаанд. Дар натиҷа дастаи «Большой праздник» - и Россия ҷои аввалро соҳиб гардид. Намояндагони Португалия ва Италия ҷойҳои дувуму сеюмро байни ҳам тақсим намуданд. 
Таҳияи Гулистони ҚАДАМСАИД


Пабло Пикассо
Пабло  аз модар ниҳоят беҳол ба дунё омад.  Доя ҳатто ӯро мурда пиндошта,   ба  рӯи рахти хоб  гузошт.  Дар ҳоле, ки ҳама аз ӯ умед канда буданд, тағояш Дон Салвадор ӯро ба парасторӣ гирифт.
Падари  Пабло, ки   рассоми машҳур  буд,  писар   ҳам аз ҳарфзанӣ дида,  ба расмкашӣ   бештар майл кард.  Нахустин   сухани  базабоновардаи ӯ низ  қалам буд. Имтиҳонҳои дохилшавиро ба мактаби  бадеии Барселона дар як рӯз супурд, ҳол он ки дигарон як моҳ  имтиҳон  месупурданд.
Шоҳасари    вай   «Писарча  бо  карнай» дар синни  24 – солагӣ  дар  хобгоҳи Бато – Лавуари  Монмартре,  офарида  шудааст. Мусаввир бори нахуст дар   галереяи Лафайет (шаҳри Париж)  бо  Мария  Терез Валтер, рассоми қиёфанигори фаронсавӣ вохӯрд. Рассом, ки он вақт  40 – сола буд, шефтаи бонуи ҷавон  гардид.  Ин вохӯрӣ боиси дар як рӯз офаридани   шоҳасарҳои    «Хоб» ва «Орзу» мегардад, ки  минбаъд ба ӯ шуҳрати фаровон  оварданд.
Таҳияи  Иронбӣ  МӮСОЗОДА


ПУЛҲОИ АФСОНАВӢ
2. Пули борон ва шамол, Чин
Ин пули ғайриодии хонамонанд соли 1916 бо услуби анъанавии чинӣ сохта шудааст ва дар баландии 10 метр аз сатҳи дарёи Санҷян ҷойгир аст. Дарозии он 64 метр ва паҳнояш 3,4 метр аст. Дар болои се сутун устувор аст, ки аз чӯбу санг иборатанд. Ҷолиби диққат ин аст, ки ин шоҳасар бидуни истифодаи мех бунёд гардидааст!
Лола РИЗОӢ, тарҷума аз русӣ


ЧЕМПИОНҲОИ ҶАҲОН ОИД БА ШОҲМОТ
Александр АЛЁХИН
Чемпиони чоруми ҷаҳон. Давраи «шоҳигарияш» солҳои 1927 – 1935 ва солҳои 1937 – 1946. Намояндаи Франсия.
Аз русҳо нахустин чемпиони ҷаҳон.
Алёхин дар Россия ба дунё омадааст. Баъди паси сар кардани воқеаҳои фоҷианоки мухталифи айёми Ҷанги якуми ҷаҳонӣ, Инқилоби коргарии соли 1917, ӯ соли 1921 ки, аллакай, ҳамчун шоҳмотбози ҷаҳонӣ шинохта шуда буд,  тасмими  қатъӣ гирифт, ки Ватанро тарк намуда, дар Франсия иқомат ихтиёр намояд.
Соли 1927 дар қувваозмоӣ барои дарёфти унвони чемпиони ҷаҳон Капабланкаро мағлуб карда, 1935 унвонро ба муддати кӯтоҳе ба дасти Макс Эйве супурд. Баъдтар, ӯро шикаст дода, унвони қаҳрамониро баргардонд ва то охири умр чемпиони мағлубиятбро нодида монд.
Алёхин шоҳмотбози дорои қобилияти фитрии ҳартарафа, таҳлилгар, тадқиқотчӣ, адиб ва, ҳамчунин, бозигари соҳиби неруи махсусан фавқулода дар амалияи шоҳмот буд. Ӯ дастпарвари мактаби комбинатсионӣ буд ва ҳангоми бозӣ онро авлотар медонист. Чуноне муҳаққиқони шоҳмот менигоранд, тӯли ҳаёти кӯтоҳи хеш Александр Алёхин бо зиёда аз 1000 комбинатсияи зебо ҳарифонашро мағлуб кардааст. Ба ҳамин хотир, ӯро комбинатори бузург низ унвон мекунанд.
Таҳияи Қурбон МАДАЛИЕВ, «Ҷумҳурият»


ХОББИ
Бардоштҳои аҷиб аз рӯзгори шахсиятҳои маъруфи олам

1. Нависандаи маъруфи рус Владимир Набоков аз хурдӣ ба доштани шоҳпаракҳо завқ дошт. Завқмандии ӯ то ҳадде ривоҷ ёфт, ки 20 навъи нави ин ҳашаротро кашф намуд.

2. Анатол Франс, дорандаи Ҷоизаи Нобел, ба ҷамъоварии зангӯлаҳо майли зиёд дошт. Ӯ шумораи рекордии  зангӯлаҳоро дар хонааш нигоҳ медошт.

3. Нависандаи машҳури амрикоӣ Оскар О’Коннор шефтаи парандаҳо буд. Ӯ зиёда аз 100 намуди парандаи гуногуну ноёбро дар фермаи махсуси дар  зодгоҳаш - шаҳри Андалусияи музофоти Ҷорҷия бунёднамуда, парвариш ва нигоҳубин менамуд.

4. Шуғли доимии Дмитрий Иванович Менделеев омода намудани ҷомадони чармӣ буд. Аммо ин корро танҳо барои дӯстонаш анҷом медод.
Таҳияи Нигина РАҲМОН


11 ҲАЗОР ЕВРО МОҲОНАЕ, КИ НЕЙМАР БА ДӮСТОНАШ МЕДИҲАД
Сомонаи испании Mundo Deportivo дар бораи наздиктарин касони ситораи  «ПСЖ» - Неймар маълумот интишор намуд. Мувофиқи он, ӯ ҳар моҳ ба дӯстонаш 11 ҳазор евро пардохт мекунад. Маъмулан бо Неймар шаш нафар дӯстон мусофират доранд.
Жо Амансио аз дӯстонест, ки барои бозӣ ба бошгоҳи испании «Леганес» омад, вале корномаи футболи ӯ зуд ба анҷом расид. Неймар бо Амансио 13 сол аст, ки дӯстӣ дорад, зеро аз айёми наврасӣ дар як даста бозӣ мекарданд. Жилмар  Себола Араужо аксбардори Неймар мебошад. Гилйерма Питта бошад, нафари асосии атрофиёни Неймар дар хурсандию шабнишиниҳост. Алваро Коста ҷиҳати одат кардан ба зиндагӣ дар шаҳри Барселона ба футболбози бразилиягӣ ёрӣ мерасонад. Густаво Алмейда бошад, 12 сол бо Неймар футболи хурд бозидааст. Боз як нафари ба Неймар қарин Кристиан Гедес буда, ба наздикӣ соҳибкориро ихтиёр кардааст.
Тибқи гуфтаи дӯстони Неймар, онҳо ба ӯ дар бартараф кардани фишорҳои рӯҳӣ ёрӣ мерасонанд. «Ҳеҷ гоҳ бо вай роҷеъ ба футбол гап намезанем. Мо якҷо ба сафар мебароем…», - иброз доштааст, яке аз дӯстони Неймар.
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ


Смартфонро 100 % неру надиҳед
На ҳамаи истифодабарандагони гаҷетҳо пас аз ба неругирӣ мондани таҷҳизот, онро дар вақту соати зарурӣ аз хати барқ ҷудо месозанд, ки аз ин сабаб ёда (батарея) – ҳо зуд корношоям мешаванд.
Ба ақидаи мутахассисон, қуввагирии смартфон то 100 % ба аккумулятори он зарар дорад. Мушкили асосӣ дар он аст, ки пас аз неругирӣ кам андар кам касон таҷҳизотро зуд аз барқ ҷудо месозанд.
Агар смартфон баъди сад дар сад неру гирифтан аз барқ ҷудо карда нашавад, батареяи он таҳти таъсири шадиди ҷараёни барқ ва гармӣ қарор мегирад.
Аз ин рӯ, сими таҷҳизоти неруиро беҳтар аст, ҳангоми 90 % ва, ҳатто камтар аз он будан, аз барқ ҷудо созед.
Таҳияи Умар АЛӢ


АСБОБҲОИ НОДИРИ МУСИҚӢ
ГАРМОНИКА. Қатораи хушнаво
Ин асбоби мусиқии ғайриодиро нахустин маротиба шаҳрванди амрикоӣ Бенҷамин Франклин, ки дар тартиб додани конститутсияи ИМА ва сохтани чандин асбобҳои мусиқии нотакрор саҳм гузоштааст, офарид. Гармоникаи булӯрин воқеан ҳам нодир буда, аз шаддаи пиёла ва ҷомҳои шишагини ҳаҷман гуногун иборат аст.  Ин сози мусиқӣ ба қатораи муқаррарӣ монанд буда, бо ёрии механизми педал давр мезанад ва бо расондани ангушт ба яке аз пиёлаҳо ба ларзиш омада, оҳанги фораму оромбахше танинандоз мегардад.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО


1000 ФАКТИ ҲАЙРАТАНГЕЗ
Санги зоянда
Дар як ноҳияи хурдакак – ҳудудаш ҳамагӣ якчанд гектар – дар Серра-да-Арала, дар кӯҳистони шимоли Португалия, санге ҳаст зоё. Ба ин санг Pedra parideira ном гузоштаанд, ки маънояш «санги зоё» мебошад. Ин санг биотит буда, ядроаш аз шпати даштӣ ва пӯсташ аз хорост. Махсусан, дар рӯзҳои гарм чунин сангҳоро «дарди зоиш» мегирад, онҳо садои ғурранда бароварда, метарканд ва аз ядрои худ сангчаҳоро ба атроф пош медиҳанд. Неруи чунин берун партофтани сангрезаҳо ба ҳадде бузург аст, ки як сангча метавонад девори чандтоннагии аз хоросанг сохтаро сӯрох намояд. 
Қурбон МАДАЛИЕВ, тарҷума аз русӣ
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.09.2019    №: 184    Мутолиа карданд: 2448
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед