logo

сиёсат

МАҶЛИСИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ МАРКАЗИИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН

27 сентябр дар шаҳри Душанбе маҷлиси Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар ҷаласа натиҷаҳои фаъолияти дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии ҳизб ва кумитаҳои иҷроияи вилоят ва шаҳру ноҳияҳои кишвар дар нуҳ моҳи соли 2019 мавриди баррасӣ қарор гирифта, масъалаҳои дохили ҳизбӣ, аз ҷумла даъвати Анҷумани навбатии ҳизб ва корҳои омодагӣ ба он, ҳаллу фасл шуд.
Маҷлиси Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро Раиси ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ намуда, рӯзномаи маҷлис “Дар бораи ҷараёни корҳои ташкилию омодагӣ ба маъракаҳои сиёсии интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ  ва баргузор намудани конфронсияҳои ҳисоботӣ - интихоботии ташкилотҳои ҳизбӣ”- ро ба муҳокима гузоштанд.
Масъалаи дувум ва асосии ҷаласа даъвати Анҷумани XIII Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон буд.
Зимни суханронӣ Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зодаи истиқлоли кишвар буда, аз умқи ҷону зеҳни мардум реша мегирад ва он ҳимояи манфиатҳои халқро ҳадафи асосии худ қарор дода, барои саодати халқ ва ободии Ватан саъю талош меварзад.
Зикр гардид, ки ба кор даромадани ду агрегати Неругоҳи барқи обии “Роғун”, ки чархаи дувуми он дар рӯзи таҷлили 28 - умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ мавриди истифода қарор дода шуд, барои рушди  иқтисодиёти Ватани маҳбубамон - Тоҷикистон марҳилаи сифатан нав ва рӯйдоди тозаи таърихӣ мебошад. Хусусан, дар сохтмони ин иншооти бузурги аср кормандони зиёди он узви фаъоли ҳизб мебошанд ва дар остонаи ҷашн 40 нафар бо сипосномаҳои ҳизб ва дигар мукофоту ҷоизаҳои давлатӣ қадр шуд.
Пешвои миллат соли гузашта дар Паём ба Маҷлиси Олии мамлакат дар ин хусус таъкид карда буданд: «Роғун» омили муҳимтарини пешрафти иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва зиндагии осудаи мардум, яъне ояндаи ободи Тоҷикистони маҳбубамон мебошад”.
Бинобар ин, вазифаи ҳизбиён аз он иборат аст, ки ғояҳои асосии давлатдорӣ ва давлатсозии навини тоҷиконро дар байни мардум тарғибу ташвиқ карда, на танҳо рисолати инсонӣ, балки мақсаду мароми ҳизбро бо масъулияти баланд иҷро намоянд.
Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки масъалаи дигаре, ки имрӯзҳо барои ҳизб афзалият дорад, ин дар соли оянда баргузор гардидани интихоботи вакилон ба Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ мебошад. Вазифаи ҲХДТ ҳамчун ниҳоди сиёсӣ он аст, ки барои дар доираи қонун, ошкору шаффоф ва тибқи меъёрҳои демократӣ баргузор шудани ин чорабинии муҳими сиёсӣ омода бошад.
Мавқеи ҲХДТ дар ҷомеа муайян аст, вале талош бояд кард, ки ба василаи таъмини ниёзҳо ва талаботи мардум, хусусан фаровонии маҳсулоти ғизоӣ, ба эътидол овардани нарху наво, фароҳам овардани барқу гармӣ ва, муҳимтар аз ҳама, ҳаллу фасли масъалаҳои умдаи ҷомеа ва расидан ба зиндагии шоиста ба маъракаи интихобот омодагӣ бинем.
Масъалаи дигаре, ки Пешвои муаззами миллат ба он таваҷҷуҳи махсус доданд, пешбарии номзадҳои арзанда ба маъракаҳои интихоботи оянда мебошад. Албатта, дар сафи ҲХДТ чунин шахсон зиёданд ва мо бояд беҳтаринҳоро барои панҷ соли оянда интихоб намоем ва бо ин роҳ раванди таҳияи қонунҳое, ки барои пешрафти кишвари азизамон – Тоҷикистон мусоидат менамоянд, амалӣ созем.
 Ташкилотҳои ҳизбӣ низ вазифадор гардиданд, ки ҷиҳати дар сатҳи матлуб, шаффоф, озод ва демократӣ баргузор шудани интихобот  омодагӣ бинанд. Аз ҷониби Раиси ҳизб таъкид гардид, ки Анҷумани навбатӣ моҳи декабр баргузор карда шавад.
Баъд аз суханронии пурмуҳтавои Эмомалӣ Раҳмон аъзои Кумитаи иҷроияи марказӣ ва ҷонибдорони фаъоли Ҳизби Халқии  Демократии Тоҷикистон, аз  ҷумла  Раҳмонзода  Абдулло - раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, Сатториён Матлуба - раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд, Ҷонибек Қозибек- раиси КИ ҲХДТ дар ВМКБ, Дадабоева Гулхумор - директори коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор, Маҳмадов Раҳматҷон - раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Рашт ва Ҳамидиён Илҳомҷон - муовини якуми раиси Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” баромад намуданд.
Дар ҷамъбасти маҷлиси Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки ҳамаи мо бояд як нуктаро ҳамеша дар хотир дошта бошем: узви Ҳизби Халқии Демократӣ будан ҳам ифтихору шараф ва ҳам масъулияти бузург дар назди халқу Ватан ва сарнавишти ҷомеаи демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёди Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо мебошад.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.09.2019    №: 185    Мутолиа карданд: 979
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед