logo

иқтисод

"ХАТЛОН. БЕФАЪОЛИЯТИИ КОРХОНАҲО СОҲАИ САНОАТРО БА ҚАФО МЕКАШАД!!!"

Мақолаи танқидии «Хатлон. Бефаъолиятии корхонаҳо соҳаи саноатро ба қафо мекашад!!!», ки 19 июни соли 2019 дар Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон - рӯзномаи «Ҷумҳурият» (№ 115) чоп гардидааст, дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Зимни ҷаласа зикр гардид, ки дар шаш моҳи соли равон дар ноҳия аз 14 корхонаи саноатӣ 10 корхона фаъолият намуда,  корхонаҳои «Осия»,  «Нозими Алимҷон», «Қурбоналии Зафар» ва «Шаҳроми Хуросон» фаъолият накарданд. Мавҷуд набудани маблағҳои озоди гардишӣ, норасоии ашёи хом, мавсимӣ будани фаъолияти истеҳсолӣ ва қарздор будани онҳо аз андозҳои давлатӣ сабабҳои асосии фаъолият накардани корхонаҳои мазкур мебошанд.
Мавриди зикр аст, ки дар натиҷаи роҳандозии тадбирҳо дурнамои истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, аз ҷумла орд 102,7, равғани рустанӣ 101,1, маҳсулоти ширӣ 100,3 дарсад иҷро гардид. Ҳаҷми истеҳсоли хишти сементӣ ба 167,2 ҳазор дона расонда шуд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта141,8 ҳазор дона ё 6,6 маротиба зиёд аст.
Дар ин давра  корхонаҳои нави саноатии «Сафар Раҳмон» (дӯзандагӣ), «Моҳбӣ» (дӯзандагӣ) ва КФД «Оби нӯшокӣ» ба фаъолият шурӯъ намуданд.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон дар доираи татбиқи ҳадафи стратегии саноатикунонии босуръати мамлакат нақшаи амал таҳия намуда, айни ҳол барои ба кор андохтани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда ва бунёди корхонаҳои нави саноатӣ аз тамоми имкониятҳо истифода бурда истодааст.
Р. САФАРЗОДА, раиси ноҳияи Хуросон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.09.2019    №: 185    Мутолиа карданд: 1532
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед