logo

фарҳанг

ХУШНУДА КОРГАРДОНИ ҶАВОНИ ТОҶИК

Филми кӯтоҳметражи коргардони ҷавони тоҷик Хушнуда Шукурова «Detained» («Боздоштшудагон») ба ду кинофестивали ИМА: «Montana International Film Festival» ва «Festival Angaelica» роҳ ёфт. Филм ба мушкилоти муҳоҷирон бахшида шудааст. Дар назар аст, ки он дар доираи чорабиниҳои мазкур дар иёлатҳои   Монтана ва Миннесота ба маъраз гузошта шавад.
Дар филм воқеаҳои моҳи январи соли 2017 рухдода ба риштаи таҳқиқ кашида шудаанд. Он замон дар Амрико фармони махсусе ба тасвиб расид, ки аз ҳафт кишвари ҷаҳон вуруди муҳоҷиронро манъ менамуд. "Филм дар асоси ҳодисаҳои воқеӣ ба навор гирифта шудааст. Дар он кадрҳое ҷой дода шудаанд, ки саҳнаҳо тазоҳуроти ба ин муносибат дар фурудгоҳҳои Амрико ба вуқӯъ пайвастаро бозгӯ мекунанд», - мегӯяд дар бораи филми худаш Хушнуда Шукурова. Ба ақидаи муаллиф, мавзӯи филм замонавӣ буда, вазъи будубоши муҳоҷиронро дар Амрико хеле нишонрас мунъакис намудааст. Бояд гуфт, ки то ҳол муҳоҷирон аз нуқтаҳои доғи ҷаҳон, ба мисли Сурияву Ироқ, дар ин кишвар бо мушкилоти зиёде рӯ ба рӯ ҳастанд.  
Филм аз он ҷиҳат низ ҷолиби диққат аст, ки дар рафти банаворгирӣ ва таҳияаш худи муҳоҷирон саҳм гирифтаанд. Ба сарнавишти аксари онҳо фармони мазкур таъсири манфӣ расондааст. «Мо бо ба рӯи пардаи синамо кашидани воқеаҳои мазкур мақсади сиёҳ кардани сиёсати муҳоҷирати кишварро надорем. Воқеаҳои мазкур дар мисоли дудмони як оилаи муҳоҷир матраҳ мешаванд, ки зиндагиашонро фармони мазкур ба ду давраи мухталиф: то ба тасвиб расидани он ва баъд ҷудо менамояд», - тавзеҳ медиҳад коргардон.
Дар ҳар ду кинофестивал «Боздоштшудагон» - и Хушнуда Шукурова барои дар номинатсияи «Беҳтарин коргардони зан» ғолиб омадан, талош хоҳад бурд. "Ҳини ширкат дар фестивалҳои сатҳу мақсадашон гуногун ҳеҷ гоҳ барои ғолиб омадан талош накардаам. Барои ман чунин фестивалҳо аз дигар ҷиҳат хеле муфиданд. Дар рафти онҳо мебинам, ки тамошогарон то чи андоза ба офаридаи банда мароқ зоҳир менамоянд. Онро чӣ гуна қабул мекунанд ва ба монанди инҳо. Дар натиҷа гирди асарҳоям баҳсҳо ба амал омада, норасоиву камбудиҳои онҳоро бо чашми дигарон мебинам. Муҳимтар аз ҳама, маҳз дар фестивалҳо вохӯриву шиносоиҳое ба вуқӯъ мепайванданд, ки дар эҷодиёти шахс беасар намемонанд. Ман ин гуна вохӯриҳоро бесаброна интизорам», - зикр мекунад Х. Шукурова. 
Ҷиҳати дигари ҷолиби филм дар он аст, ки «Боздоштшудагон» айни замон нахустин ва ягона  филме мебошад, ки бо криптовалюта ба навор гирифта шудааст. Хушнуда Шукурова соли 2017 дар лоиҳаи махсуси «TOKIT»  ширкат варзида, бо нақшаҳои ҷолибаш диққати ҳакамонро ҷалб намуд. Дар натиҷа, ба ӯ имкон дода шуд, ки идеяҳои худро на танҳо бо техникаи рақамӣ, балки асъори рақамӣ амалӣ созад. Бояд зикр намуд, ки дар ин лоиҳаи амрикоӣ хоҳишмандон аз тамоми гӯшаву канори ҷаҳон ширкат варзида буданд.
Тӯли солҳои ахир Хушнуда боз чанд филми бадеии пурраметраж ва кӯтоҳметражи дигарро низ сабт намудааст. Миёнашон филмҳои «Confession» («Эътироф», 2013), «Nоdira» («Нодира», 2013) ва «In a Moment» («Як лаҳза», 2015) шуҳрати бештарро касб намудаанд. Мутахассисон бар ин назаранд, ки филми «Нодира» беҳтарин офаридаи Х. Шукурова мебошад. Дар он сухан аз дунёи рангини модари ҳашт фарзанд ва орзуҳои ӯ меравад. 
Бояд зикр намуд, ки Хушнуда яке аз тарғибгарони фарҳанги бою ғании миллати хеш дар Амрико ба шумор меравад. «Аз офаридаҳояш бӯи Тоҷикистони азиз меояд», - мегӯянд тоҷикони муқими Амрико.  
Хушнуда Шукурова соли 2007 ба ИМА омада, дар риштаи журналистикаи Донишгоҳи Монтана таҳсил менамояд. Соли 2011  дар Донишгоҳи «New School University» (Ню-Йорк) дараҷаи магистриро дар соҳаи синамо соҳиб мешавад.
Муҳаммадуллоҳи ТАБАРӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.09.2019    №: 185    Мутолиа карданд: 889
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед