logo

иқтисод

ХАТЛОН. ХОҶАГИДОРОН ТРАКТОРҲОИ НАВ ГИРИФТАНД

Дар доираи барномаи «Озуқаворӣ ба хотири оянда» ба хоҷагиҳои деҳқонии вилояти Хатлон 20 трактори наву замонавӣ дастрас гардид. Дар маросими супурдани техникаи кишоварзӣ муовини раиси вилоят Умед Зоҳирзода, намояндагони Агентии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмилалӣ (ЮСАИД), сарраёсати кишоварзии вилоят ва хоҷагидорон ширкат варзиданд.

- Ташаббуси мазкур натиҷаи ҳамкории самарабахши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо шарикони рушд буда, мақсад аз он дастгирии кишоварзону хоҷагидорон мебошад, - гуфт Носирҷон Маъмурзода, мудири шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят.
Умед Зоҳирзода иброз дошт, ки хоҷагидорони минтақаи Бохтари вилоят ба чунин техникаи кишоварзӣ эҳтиёҷ доштанд. Дастрасии техникаи нав барои истифодаи босамари замин ва баланд гардидани ҳосилнокии он мусоидат менамояд.
Хоҷагидорони вилоят баҳри ба даст овардани ҳосили баланд, таъмини талаботи бозори дохилӣ ва содироти маҳсулоти тару тозаю аз ҷиҳати экологӣ безарар ба хориҷи кишвар саъю талош доранд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят баҳри рушди ҳамаҷонибаи соҳаи кишоварзӣ бо такя ба таҷрибаи пешрафта, машварати олимону мутахассисони варзидаи соҳа ва омӯзиши тарзу усулҳои муосири парвариши зироатҳои кишоварзӣ тадбирҳои муассир меандешанд.
Сабоҳатулло Музаффаров, муовини роҳбари лоиҳаи кишоварзӣ ва обёрии Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ, гуфт, ки дар давоми татбиқи лоиҳа  ба деҳқонон 70 трактори тамғаи 504 дода шудааст. Арзиши як трактор бо техникаи дорупошаку ғизодиҳӣ ва дигар мошинолоти кишоварзӣ 145000 сомонӣ буда, нисфи маблағи он ҳамчун ёрӣ ба саҳмдорони лоиҳа пардохт мегардад.
Зикр шуд, ки чанде пеш низ дар доираи татбиқи барномаи «Озуқаворӣ ба хотири оянда» ба  хоҷагидорони вилоят 20 трактори нави замонавӣ тақдим шуда буд.

Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.09.2019    №: 185    Мутолиа карданд: 1791
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед