маориф
ВМКБ. МАКТАБ ЗИЁДУ ХОНАНДА КАМ. ЧАРО?
Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шумораи хонандагон ҳар сол то 900 нафар кам мегардад. Чунончи, соли таҳсили 2009 - 2010 дар мактабҳои вилоят 42 757 нафар мехонданд, ин теъдод дар соли таҳсили сипаришуда ба 37 392 нафар расид. Яъне, дар ин давра 5 365 нафар хонанда кам шудааст.
Ин нуктаро Одинашо Мардов, сардори раёсати маорифи вилоят, дар ҷаласаи машваратии назди раиси вилоят иброз дошта, бо таассуф таъкид кард, ки ин раванд дар шаҳру деҳоти вилоят идома дорад. Мавсуф иттилоъ дод, ки бо сабаби кам гардидани теъдоди хонандагон дар 10 соли охир чандин муассисаи ибтидоӣ ба филиали муассисаҳои асосӣ ва миёна табдил дода шуд ва, инчунин, аз соли 2014 инҷониб 7 мактаб баста, қариб 400 синф ихтисор гардидааст.
Сардори раёсати маорифи вилоят ин равандро бештар ба ҷорӣ гардидани низоми нави маблағгузорӣ дар муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонӣ - маблағгузории сарикасӣ, иртибот дод. Ба гуфтаи Одинашо Мардов, механизми маблағгузории сарикасӣ ба теъдоди хонанда рабт дошта, ҳар қадар мактаб хонандаи зиёд дошта бошад, ҳамон қадар маблағи бештар ба ихтиёраш гузошта мешавад. Мувофиқи низомнома ва дастурамали ташкили маблағгузории сарикасӣ, шумораи хонандагон дар як синф набояд камтар аз 25 нафар бошад. Теъдоди миёнаи хонандагони синф агар дар сатҳи ҷумҳурӣ 21, 3 нафарро ташкил диҳад, дар ВМКБ 12, 3 ва дар деҳаҳои дурдасти он ҳатто ба 2 - 3 нафар мерасад. Айни ҳол дар вилоят 8 муассисае фаъолият дорад, ки дар онҳо мутаносибан аз 2 то 6 хонанда таҳсил менамоянд. Дар вилоят синфҳое, ки аз 25 хонанда камтар доранд, хеле зиёданд. Инчунин, 36 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ аз 15, 40 - тоаш аз 70 ва 70 - тои дигараш аз 120 нафар хонанда камтар доранд. Дар маҷмӯъ, дар 146 муассисаи вилоят аз меъёрҳои муқарраргардида 48 дарсад камтар хонанда таҳсил мекунад. Дар ҳамин ҳол, ҷорӣ гардидани низоми маблағгузории сарикасӣ боиси баста шудани муассисаҳо, ихтисори синфҳо, аз таҳсил дур мондани бачаҳои синни мактабии деҳоти дурдасти камнуфус ва бекор мондани омӯзгорон мегардад.
Аз ҷониби дигар, маблағҳои буҷетии муассисаҳое, ки хонандаи кам доранд, танҳо барои маоши кормандон ва андози иҷтимоӣ басанда асту халос. Масалан, дар муассисаи дузабонаи рақами 6, воқеъ дар деҳаи Аличури ноҳияи Мурғоб, 46 омӯзгор фаъолият мекунад, ки ба ғайр аз маош ва фонди ҳифзи иҷтимоӣ дигар маблағҳоро пардохт карда наметавонанд. Маблағҳои барои зимистонгузаронӣ пешбинигардидаи буҷети муассиса бошад, барои пардохти қарзи соли гузашта сарф шудааст. Чунин ҳолат дар мактаби рақами 9 низ ҷой дорад.
Зимистони ноҳияи Мурғоб аз моҳи октябр то моҳи май давом мекунад. Дар чунин ҳолат, ин муассисаҳо гумон аст, ки фаъолияти босамар бурда тавонанд. Омилҳои дигар баланд гардидани маоши кормандони маориф, гузарондани чорабиниҳои соҳавӣ (мисли такмили ихтисоси омӯзгорон, аттестатсияи муассисаҳо) аз ҳисоби лифофаи маблағгузории сарикасӣ ҷудо гардидани маблағҳо мебошад. Ин ҳолат ҳам ба кам гардидани маблағҳо дар дигар моддаҳои хароҷотии муассисаҳо сабаб гардида, ба самаранокии фаъолияти муассисаҳо бетаъсир намондааст, мегӯяд сардори раёсати маорифи вилоят.
Ёдгор Файзов, раиси вилоят, дар робита ба ин мушкилот иброз дошт, ки “ Фақат ба маблағҳои буҷетӣ умед бастан роҳи ҳалли масъала нест. Дар муассисаҳои вилоят ҳоло ҳам масъалаи ташкили маблағгузориҳои ғайрибуҷетӣ ҳалталаб боқӣ мемонад. Дар дигар минтақаҳои кишвар фондҳои ғайрибуҷетӣ дар ҳисоби муассисаҳо аз маблағҳои буҷетӣ бештаранд. Дар бинои мактабҳо нуқтаҳои фурӯши асбобу анҷоми хониш, ошхона ташкил гардидааст, ки сарчашмаи иловагии даромади муассиса ба шумор мераванд. Инчунин, мактабҳо соҳиби боғ, заминҳои кишт ва чорво мебошанд ва аз ин ҳисоб ҳам фоида мегиранд. Дар таъмиру навсозии бинои муассисаҳо соҳибкорони маҳаллӣ, падару модарон, аҳли ҷомеа саҳмгирӣ мекунанд. Вале дар ВМКБ ҳоло ин тадбирҳо дуруст роҳандозӣ нашудаанд. Мардум камташаббус аст ё мо - масъулон, дар атрофи масъала дуруст кор намекунем”.
Раиси вилоят ба масъулон дастур дод, мактабҳое, ки то 10 хонанда доранду аз рӯи шеваи маблағгузории сарикасӣ буҷаашон ба пардохти ҳаққи меҳнати омӯзгорон намерасад, дар сурати пайдо нагардидани дигар сарчашмаҳои маблағгузорӣ, барҳам дода шуда, хонандагони онҳо дар мактаб - интернатҳои вилоят ба таҳсил фаро гирифта шаванд. Зикр гардид, ки дар интернати ҷумҳуриявии ноҳияи Рӯшон ҳамасола нақшаи фарогирии тарбиятгирандагон иҷро намегардад. Вале дар деҳоти дурдаст муассисаҳои таҳсилоти ҳамагоние фаъолият доранд, ки 5 - 6 хонанда доранду дар онҳо омӯзгорони касбӣ намерасанд. Дар мактаби дигар як омӯзгор бо 12 хонанда дарс мегузарад. Ин гуна, муассисаҳое, ки сифати таълим дар онҳо дуруст ба роҳ монда нашудааст, бояд баста шаванд. Аз ин рӯ, беҳтар дониста шуд, ки хонандагони чунин муассисаҳо дар мактабҳои деҳаҳои ҳамсоя таҳсилро идома диҳанд.
Раиси вилоят, ҳамчунин, аз масофаи зиёди роҳи байни манзилҳои истиқоматии баъзе хонандагони деҳоти дурдаст ва мактабҳо изҳори нигаронӣ карда, иброз дошт, ки вақте хонанда аз 7 то 13 километр роҳро пиёда тай менамояд, шавқу ҳавсалаи хонданаш ҳам гум мешавад. Волидон бояд дар ин масъала бетарафӣ зоҳир накунанд. Ба гуфтаи раиси вилоят, ба хотири анҷоми корҳои рӯзгор фарзандонро дар чунин шароити душвори таҳсил назди худ нигоҳ доштани волидон ҳам гуноҳ ва ҳам ҷиноят аст.
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 01.10.2019 №: 186 Мутолиа карданд: 2890