logo

иқтисод

КОНИБОДОМ. ШАҲР ҲУСНИ ДИГАР МЕГИРАД

Зарифҷон Давлатзода, раиси шаҳр, зимни суҳбат бо хабарнигори рӯзнома гуфт, ки ҷиҳати истиқболи сазовори Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр сохтмону навсозии 506 иншооти ҷашнӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар натиҷаи амалисозии ин тадбирҳо беш аз 1000 нафар бо ҷойи кор ва маоши арзанда таъмин хоҳад шуд.

- Мардуми меҳнатдӯсту ватанпарвари Конибодом ва соҳибкорону саховатмандони маҳал дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи фаъолияти худ намуда, дар ободии диёр саҳми арзанда мегузоранд, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки ҷашни миллиро бо меҳнати шоиста ва дастовардҳои арзанда истиқбол бигиранд, - гуфт З. Давлатзода.
То соли 2021 дар шаҳр бунёди 33 майдончаи варзиш дар назар аст. Соли гузашта 6 майдонча мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Дар бунёди иншооти варзишӣ бештар соҳибкорон ҳиссаи арзанда мегузоранд. Соли равон, мутобиқи нақшаи тасдиқгардида, бояд дар шаҳр 11 майдончаи варзиш сохта ба истифода дода шавад.
Дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари давлат дар шаҳрак ва деҳот ба бунёди ҳаммом, кошонаи ҳусн, сартарошхона ва дигар иншооти замонавӣ таваҷҷуҳи зарурӣ равона мегардад. Дар деҳоти шаҳр дар доираи ин ҷашни фархунда сохтмони 10 ҳаммом ба нақша гирифта шудааст. Соли гузашта дар маркази шаҳр ва Ҷамоати деҳоти Патар 2 ҳаммом ба истифода дода шуд.
Азбаски Ҷамоати деҳоти Патар минтақаи наздисарҳадӣ аст, зарурати бунёди меҳмонхона барои қабули меҳмонони хориҷиву дохилӣ ба миён омад. Дар доираи корҳои ободонӣ дар ин ҷамоат бо саҳми соҳибкори маҳаллӣ Муъминҷон Ҳоҷиматов як меҳмонхонаи замонавӣ бо фарогирии маркази хизматрасонӣ  ва тарабхона сохта шуда истодааст. Ҳамзамон, дар ҷамоати мазкур дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 44 толори варзиш қомат афрохт. Ин иншоот бо саҳми волидони хонандагон ва шахсони саховатманд сохта шуд.
Аз шумораи умумии иншооти ҷашнӣ наздики 40 ададашро марказҳои хизматрасонӣ ташкил медиҳанд. Соли гузашта 5 маркази хизматрасонӣ ба истифода дода шуд, соли равон бошад, 14 маркази дигар мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад.
Бо назардошти беҳтар намудани вазъи таълиму тарбия ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар шаҳр 50 иншооти соҳаи маориф бунёду навсозӣ мегардад.
- Қомат афрохтани иншооти замонавӣ дар маркази шаҳр ва деҳот боиси фараҳмандӣ ва хушҳолии сокинон гардидааст. Зеро ин ҳама тадбирҳои ободонӣ барои беҳтар шудани шароити кору зиндагии мардум пешбинӣ шудаанд. Сокинони шаҳр, хусусан соҳибкорону саховатмандон, ба истиқболи Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон камари ҳиммат баста, мехоҳанд дар ободонии Ватан саҳми худро гузоранд, - гуфт З. Давлатзода.
Шаҳбоз АБРОР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.10.2019    №: 186    Мутолиа карданд: 1346
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед