logo

ҳуқуқ

ДАРАИ КАМАРОБ. 9 СОЛ ПЕШ 25 АФСАРУ САРБОЗИ ТОҶИКРО КӢ КУШТ?

Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимоятгари воқеии Истиқлолияти давлатӣ, амният ва сулҳу суботи кишвар мебошанд. Хизматчиёни ҳарбӣ баҳри оромии аҳолии мамлакат дар тамоми шароитҳои вазнин, ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ маҳорати баланди касбӣ, малакаю дониши мукаммал, шуҷоату далерӣ ва қаҳрамониҳои зиёд нишон дода, ба Ватану миллати тоҷик то нафаси охирин содиқ мемонанд.
Инак, ба ҳодисаи фоҷиабори ҳуҷуми мусаллаҳона ва куштори 25  афсару сарбози Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дараи Камароб аз тарафи гурӯҳи мусаллаҳи ташкилоти террористии дар Тоҷикистон мамнуи наҳзатӣ 9 сол сипарӣ гашт. 19 сентябри соли 2010 тақрибан соати 12:30 дақиқа дар минтақаи шарқии мамлакат, дар дараи Камароби водии Рашт автомашинаи хизматии Вазорати мудофиаи кишвар бо ҳайати шахсӣ, ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ, ногаҳон мавриди оташи шадиди гурӯҳҳои ташкилоти террористии наҳзатӣ қарор гирифт. Ба ин амали террористӣ гурӯҳҳои Абдулло Раҳимов бо лақаби “Мулло Абдулло” ва Аловиддин Давлатов бо лақаби “Алии Бедакӣ” даст доштанд. Дар ин набарди мусаллаҳона дар роҳи ҳифзи Ватан ва иҷрои қарзи муқаддаси савганди ҳарбӣ 25 нафар афсару сарбози ҷасуру далери диёрамон қаҳрамонона ҳалок гардид.
Мусаллам аст, ки террорист новобаста аз он ки шаҳрванди куҷост на давлат, на миллат ва на сарҳад дорад. Бо содир кардани чунин амали мудҳиш ё худ қасд ба ҳаёти ҷавонаскарон разилони наҳзатӣ бори дигар собит намуданд, ки дар ниқоби инсонӣ чун қувваи бадӣ бар некӣ мисли иблистинат амал мекунанд.
Тибқи маълумоти дақиқ, ба ҳайати ин дастаҳои террористӣ шаҳрвандони зархариди хориҷӣ низ шомил буданд, ки бидуни шубҳа, ҳадафи асосии онҳо дар зери ниқоби ғояҳои исломӣ, тира намудани фазои сулҳу оромӣ, ваҳдату якпорчагии кишвар ва ба майдони фаъолияти гурӯҳҳои тундраву ифротии исломӣ табдил додани ин минтақаи Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт. Аммо тирашон хок хӯрд, дар натиҷаи гузарондани амалиёти махсуси ниҳодҳои қудратии кишвар ба муқобили гурӯҳҳои террористӣ дар водии Рашт, саркардагони гурӯҳ Абдулло Раҳимов ва Аловиддин Давлатов бо зиёда аз 30 нафар пайравони худ несту нобуд карда шуданд.
Таърих гувоҳ аст, ҷанги  шаҳрвандие, ки гунаҳгорони  асосии он саркардагон ва аъзои ташкилоти террористии наҳзатӣ буданд, диёри биҳиштосоямонро ба харобазор табдил доданд, ҳазорон нафар зиёиён, олимон, мутахассисони  варзидаи соҳаҳои гуногун ва дигар фарзандони фарзонаи миллати тоҷикро ба таври ваҳшиёна ба қатл расонданд. Ҳоло бошад, ин палидони ватанфурӯшу беномус нашармида дар Аврупо боз  аз “дунявият”, “озодандешӣ”, “волоияти қонун”, “адолат” ҳарф зада истодаанд, ки нафрати касро меорад. Зеро ин махлуқони наҳзатӣ ҳамонҳоеанд, ки дар соли 1992  мардуми бегуноҳро зулму ситам карданд, бадбахту овораю гуреза ва ба қатл расонданд, дороиҳои давлатиро ба пуррагӣ ғасб намуданд,  акнун аз адолат ҳарф зада истодаанд.
Имрӯз душманони миллати тоҷик дар симои ташкилоти террористии дар Тоҷикистон мамнуи наҳзатӣ бо мақсади дубора ба оғӯши хоку хун кашидани фарзандони кишвар, роҳи макру фиребро пеша кардаанд. Ин разилон, ки бо чанд тангаи “хоҷагони хориҷӣ” Ватан, миллат, нангу номус ва имонашонро фурӯхтаанд, бо сад ҳилаву найранг баъзе аз ҷавонони ноогоҳу гумроҳ, дунёнадидаву бетаҷрибаро ба доми худ афканда, ба муқобили давлату миллати хеш равона сохта истодаанд. Наҳзатиҳои ватанфурӯшу миллатбезор ва мазҳабфурӯш мехоҳанд давлатеро, ки баъди ҳазорсолаҳо бароямон насиб гаштааст, бо кумаку дастгирии “хоҷагони хориҷӣ”- ашон аз байн баранд.
Албатта, имрӯз ягон қуввае нест, ки Ваҳдату ягонагии миллати тоҷикро халалдор созад. Хизматчиёни ҳарбии Вазорати мудофиа ва кормандони мақомоти қудратии кишвар бо ёрии халқи шарафманди тоҷик ҳаргиз намегузоранд, ки наҳзатиҳои ҷинояткору меҳанфурӯш мамлакати ободамонро боз ба коми оташ диҳанд, аз нав боиси марги даҳҳо ҷавонони дунёнадида, ятим гардидани садҳо нафар тифлони маъсум, нолаи ҷонсӯзи модарони тоҷик гарданд.
Хушбахтона, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як муҳлати кӯтоҳ, ба як кишвари ободу зебо, орому осоишта мубаддал гашта, пешравиҳо дар ҳама соҳаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва ҳарбӣ ба назар мерасанд. Дар арсаи байналмилалӣ низ кишвари мо миёни давлатҳои ҷаҳон ҳамчун миллати соҳиби мактаби сулҳофарин, башардӯсту ободкор шуҳрату обрӯи баланд ва нуфузи хосса пайдо кардааст.
Хотираи неки афсарону сарбозони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои Ватан, миллат ҷони худро нисор карданд, дар қалби ҳар як тоҷикистонӣ маҳфуз аст ва қаҳрамонии онҳо баҳри ҳифзи марзу бум, барқарории сулҳу субот, оромӣ дар кишвари азизамон, ҳамчун дарси ибрат ба насли ояндаи тоҷик мебошад.
Дар сӯгвории афсарону сарбозоне, ки дар дараи Камароби ноҳияи Рашт аз дасти қотилони наҳзатӣ кушта шуданд, шоири зиндаёд Исо Раҳим чунин гуфта буд:
Ғаме дорам, ки чашми дафтарам бо сад
алам гиряд,
Давоти дил ҳама хун аст, аз хунаш қалам гиряд.
Бигиряд дидаи ман хун, зи марги он Сиёвушон,
На танҳо Рашт мегиряд, ҳама мулки Аҷам гиряд
Зи тири сангҳои кӯҳсорон қотилон миранд,
Шарори синаи ҳар санг андар ин қасам гиряд.
Дигар он роҳро мардум зиёратгоҳи худ карданд,
Ба зону рав, ки хоки ин шаҳидон аз қадам гиряд.

Ориф НОЗИМИЁН, сардори маркази матбуоти
Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.10.2019    №: 186    Мутолиа карданд: 1546
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед