logo

фарҳанг

ШИНОХТИ ТОЗАИ РИСОЛАТИ ИЛМУ АДАБИЁТ

Ба нашр расидани китоби  доктори илми сиёсатшиносӣ С. Ятимов «Адабиёт ва диалектикаи ҳаёт» дар улуми иҷтимоии тоҷикӣ нахустин кӯшиши ба таври илмӣ равшанӣ андохтан ба масъалаҳои зикргардида мебошад. Муаллиф тавассути баррасии таносуби адабиёт бо диалектикаи ҳаёт таваҷҷуҳи аҳли назарро ба қонуниятҳои асосии инъикоси воқеияти зиндагӣ дар осори адабӣ ҷалб менамояд ва ба як қатор масъалаҳои муҳими фалсафаи эҷоди бадеӣ, аз қабили иртиботи тафаккури абстрактӣ ба воқеияти реалӣ, нақши ҷаҳонбинӣ дар офариниши образи бадеӣ, таносуби табиат, тафаккур ва иҷтимоъ равшанӣ меандозад.

Дар оғози китоб муаллиф масъалаи илм ва адабиёт, шабоҳат ва тафовути тафаккури назарӣ ва ҳунариро бо такя ба андешаҳои файласуфи бузурги олмонӣ Гегел баррасӣ менамояд. Вай таъкид мекунад, ки «вазифаи асосии илм ошкор кардани ҳақиқат, моҳият, тафовут ва асли ҳодисаҳо мебошад. Бо вуҷуди ин, ворид гаштан ба моҳияти масъала тавассути абзори бадеӣ гоҳо авлотар аз илм аст». Воқеияти ин фарзияи илмӣ дар он аст, ки илм ҷаҳонбинӣ ва ҷаҳоншинохтии гурӯҳи муайяни олимони соҳаи мушаххаси донишро баррасӣ менамояд.
Чунон ки ишора шуд, яке аз масъалаҳои муҳими мавриди таҳқиқ дар китоби мазкур масъалаи шинохти илмӣ ва шинохти бадеии воқеияти зиндагӣ ва ҳаводиси иҷтимоӣ мебошад. Ин воқеият ва ҳақиқати реалиро  илм ба василаи абзорҳои худ, аз қабили таҷриба, муҳокима, далелу бурҳон, хулосабарорию натиҷагириҳои назарӣ меомӯзад ва ба аслу умқи он даст меёбад. Ин масирро адабиёт тавассути тафаккур ва дарки бадеӣ, раванди офариниши образи бадеии ҳақиқати воқеӣ тай менамояд. Дар ин раванд С. Ятимов нақши тахайюли бадеӣ ва хаёли эҷодиро махсус таъкид менамояд, ки он табиист.
Муҳаққиқ дар идомаи баррасии масоили марбути тафаккури илмӣ ва адабӣ нақши онҳо дар ҳаёти иҷтимоӣ ва маънавии инсон ишорат менамояд. Вай дуруст таъкид менамояд, ки илм ва ҷаҳонбинии илмӣ аз муҳимтарин омили худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ маҳсуб мегардад. Дар ин росто С. Ятимов дуруст таъкид менамояд: «Фақат он вақт ҷаҳонбиниро илмӣ номидан мумкин аст, ки зуҳурот ва моҳиятро ҳамвазн бо ҳастӣ, на дар вобастагӣ ба манфиат, майл ва хоҳиши фард ва ё гурӯҳи иҷтимоӣ ифода кунад, шарҳ диҳад, балки баробар ба рухдоди дар таҷриба шинохташуда бошад. Воқеан, ҳақиқати илмӣ дар илми воқеӣ аз ҳама чиз боло аст, зеро вай ҳақиқатест, ки дар заминаи таҳқиқ ва таҷриба ба даст омадааст. Суиистифода ва таҳрифи ин ҳақиқат инсон ва ҷомеаро ба сӯи иштибоҳ ва гумроҳӣ мебарад. Ба ҳамин хотир, дар замони мо кулли ҷомеаҳои мутамаддин ва рӯ ба тараққӣ мекӯшад, ки ҳамаи самтҳои зиндагӣ, рӯзгори иҷтимоӣ ва фаъолиятҳои сиёсию иқтисодиашро бар пояи илм, бар пояи ҳақиқатҳои бебаҳси илмӣ ба роҳ монад. Аз ҷумла, нақши илм дар шаклгирии ҷаҳонбинии воқеӣ ва ҷаҳоншиносии миллӣ хеле калон аст. Ҳақиқати илмӣ ҳамеша ба ниёзҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва ахлоқию маънавии инсон ҷавобгӯ мебошад.
Муаллиф дар идомаи баҳси худ масъалаи рисолати тарбиятӣ ва таъсирбахшии адабиётро ба миён мегузорад. Воқеан, адабиёт зарфиятҳои бузурги водор намудани наслҳои ҷавон ба шинохти ҳақиқати ҳодисаю воқеаҳоро дорад. Вай на танҳо таваҷҷуҳ, балки майлу хоҳиши ҷавононро ба донистан, маърифат намудан ва арҷ гузоштани муқаддасоти миллӣ меафзояд. Барои сарфаҳм рафтан ба мушкилоти рӯзгори ҷомеа роҳ мекушояд ва барои муайян кардани муносибат ва амалу аксуламалҳои ӯ ба ҳаводиси рӯзгор такон мебахшад. Ба қавли муаллиф, адабиёти воқеӣ чӣ тавр ва ба хотири кадом ормонҳо зистан ва талош карданро амалан меомӯзад ва меомӯзонад. Дар ин маврид масъалаи идея ё ғоя дар пеш  меояд, ки он, воқеан, нуқтаи марказӣ дар масъалаи моҳияти тарбияти адабиёт аст.
Дар масъалаи зуҳури идея С. Ятимов дуруст таъкид менамояд, ки идея падидаи хусусияти фардидошта нест, балки он зуҳуроти иҷтимоист, вай натиҷа ва бардошти рӯзгори гузаштаи инсонҳост. Аз тарафи дигар, вай ифода ва таҷассуми дониш, таҷриба, хирад ва заковати инсоният мебошад. Идеяҳои баланд маҳсули тахайюлоти муҷаррад нест, балки онҳо аз ҳаёти воқеии инсон сарчашма мегиранд. Идеяҳо ё ғояҳои асилу дуруст ҳамеша ба манфиати инсон, иҷтимоъ, давлат ва халқу миллат амалӣ мешаванд. Ба ҳамин хотир, дар китоби мавриди назар масъалаи зуҳуру инкишофи идеяро дар робита ба диалектикаи воқеияти зиндагии инсон баррасӣ менамояд. Идеяҳое, ки маҳсул ё натиҷаи ҷаҳонбинии носолим ва ғайриилмӣ ҳаст, имрӯз садҳо ва ҳазорҳо нафарро гумроҳу бадбахт менамояд. Дар замони мо падидаҳои номатлубе, мисли илмситезӣ, маърифатгурезӣ, бегонапарастӣ, хештанношиносӣ, зуҳури ҷаҳонбиниҳои таҳлилӣ боиси гумроҳии ашхоси ҷудогона мегардад. Гурӯҳҳои манфиатдор бо ҳар роҳ мекӯшанд, ки бештар ба ҷавонони ноогоҳ, каммутолиа ва дорои ҷаҳонбинии нокомил таъсир расонанд ва онҳоро зери таъсири идеяҳои носолим ва ҷаҳонбинии ғайриилмии худ қарор диҳанд.
Бузургтарин идея барои ҷомеа ин бунёди давлати миллӣ, рушдёбанда ва таъминкунандаи осоиштагию ободии кишвар аст. Андешаи созандаи миллӣ дар таърихи ҳар халқу миллат умри абадӣ дорад. Вале пиёда кардани ормони миллӣ ҳамеша натиҷаи талошҳо ва муборизаҳои солиму созанда аст. Намунаи ин қабил муборизаҳои ватанпарастонаро мо дар таърихи адабиёти тоҷик хеле зиёд вомехӯрем. Диалектикаи таносуби воқеият ва идеяро шарҳ дода, С. Ятимов таъкид менамояд: «Инъикоси реалияти объективӣ дар шуури инсон на мутлақ, на беҷон, на беҳаракат ва на безиддият аст. Балки он доим дар ҳаракат, дар зиддият, тағйирёбӣ ва ҳаллу фасл қарор дорад. Ин ҳолат беохир мемонад».
Масъалаи бозтоби муборизаю талошҳои инсон барои амалӣ гардондани андешаҳои солиму созандаро С. Ятимов дар мақолаи «Адиб ва тафаккури бадеӣ» баррасӣ менамояд. Вай таъкид менамояд, ки адиб ҳамчун субъекти офарандаи асари бадеӣ дар ҷомеа вазифаи худро дар вобастагӣ аз дидгоҳ, ҷаҳонбинӣ, самтгирии идеявӣ ва масъулияти иҷтимоии хеш иҷро мекунад.
Зимни баррасии масоили мазкур муаллиф суол мегузорад: «Оё адабиёти имрӯза ҷавобгӯи нисбии ниёзҳои аслӣ, ки асоси онро мубориза барои хештаншиносӣ, ба муқобили ҷаҳолат, бегонапарастӣ, ифротгароӣ ташкил мекунад, ҳаст?». Ба ин монанд саволҳои дигаре низ гузошта шудаанд, ки аксари онҳо ба вазифа ва рисолати иҷтимоӣ, маънавӣ ва тарбиятии адабиёти муосири тоҷик иртибот мегиранд. Дар ин росто андеша ронда, муаллиф дуруст хулоса менамояд: «Эътиқоди муаллифи ин сатрҳо бар он аст, ки агар адабиёт лаҳзаҳои муҳими баробар ба воқеиятро тасаввур карда тавонад, манфиатҳои миллиро мадди назар дошта бошад, бидуни шак, дар чаҳорчӯби ҷараёни бузурги анъанаҳои адабии миллат қарор мегирад».
Ин ҷо масъалаи иртиботи нависанда ва хонанда ҳамчун проблемаи илмӣ ба миён меояд, ки он дар китоби мавриди назар ба таври алоҳида мавриди андеша қарор мегирад. Бо такя ба андешаи Гегел дар бораи таносуби асари бадеӣ бо замон, миллат ва ҷаҳонбинӣ дар китоб таъкид мешавад, ки адибони асил масъулияти хешро дар назди ҷомеа хуб дарк менамоянд. Ва дар масири эҷодии худ бештар инъикоси рӯҳи миллии халқро пайгирӣ менамоянд. Доираи нуфузи асари бадеӣ ҳам дар матни муаллиф – қаҳрамон – хонанда сурат мегирад. Муаллифи ин китоб дар идомаи баррасии проблемаи мазкур меафзояд, ки қаҳрамони асари асил ва ҳунармандонаи адабӣ «қудрати аз  китоб берун омадан»-ро бояд дошта бошад.
С. Ятимов масъалаи таъсири асари адабӣ ба хонанда, нақши он дар тарбияи маънавӣ, ташаккули ҷаҳонбинӣ ва ҷаҳоншиносии ҷавононро баррасӣ намуда, ба хулосае мерасад, ки он ба рисолати адабиёт комилан мувофиқ аст: «Асари бадеӣ танҳо падидае нест, ки хонанда онро бо ҳиссиёт мутолиа кунад. Қудрати қалами нависанда бояд ба фаҳм, дарки эстетикии хонандае, ки ҷаҳонбинии ӯро мақсади таъсиррасонӣ интихоб кардааст, мувофиқ афтад. Андеша карданро омӯзонад. Маҷбур созад, ки аз ақидаҳои бегона, шахшудамонда, схоластикӣ, ки оқибат шахс ва ҷомеаро ба бадбахтӣ рӯ ба рӯ месозад, канораҷӯӣ намояд», хонандаро ба зиндагӣ гарм, умеди ӯро ба оянда қавӣ гардонад.
С. Ятимов дар анҷоми китоби мазкур баҳсҳои илмиро атрофи муҳимтарин масъалаҳои назарии адабиёт, қонуниятҳои зуҳур, инкишоф ва таъсиргузории он ба иҷтимоъ ҷамъбаст намуда, таъкид месозад, ки «ҳақиқати мавҳум вуҷуд надорад. Ҳақиқат ҳама вақт мушаххас аст». Ҳадафи ҳам илм ва ҳам адабиёт расидан ва талқин намудани ана ҳамин ҳақиқати воқеӣ ва бебаҳс мебошад.
Дар маҷмӯъ, мутолиаи китоби мазкур касро рӯи як қатор масъалаҳои бунёдии фалсафӣ ва адабӣ ба андеша мебарад. Адабиёт рисолати бузурги маърифатбахшӣ ва тарбиятиро бар дӯш дорад. Истифода аз имкониятҳои адабиёти бадеӣ дар замони мо, ки давраи созандагию бунёдкорӣ ва расидан ба ормонҳои ҳазорсолаи миллист, хеле муҳим ва саривақтӣ мебошад.

Шамсиддин СОЛЕҲОВ, мудири кафедраи назария ва таърихи адабиёти ДДОТ ба номи С. Айнӣ, доктори илмҳои филология


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.10.2019    №: 186    Мутолиа карданд: 1443
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед