logo

фарҳанг

КОЛМАН БАРКС - МУБАЛЛИҒИ МАВЛОНО ДАР АМРИКО

«Ман навиштани шеър ва тарҷумаи шеъри Мавлоноро дӯст медорам. Дар раванди кори сангини эҷодӣ ҳангоми тарҷума бояд бо Румӣ нопадид шавам ва дар шеърам худро бо шахсият, кайфият ва нангу ори худ дарёбам».
Ин навиштаи шоири амрикоӣ, пажӯҳишгар ва мутарҷими маъруфи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ Колман Баркс аст. Аксари асарҳои манзуму мансури Мавлоноро маҳз ӯ ба англисӣ тарҷума карда, дар ИМА ва, умуман, ҷаҳони Ғарб боли парвоз бахшидааст.

АЗ ШОИРӢ ТО ТАРҶУМОНӢ
Колман Баркс 23 апрели соли 1937 дар иёлати Теннессии ИМА ба дунё омада, ҳоло 82 сол дорад. Ӯ бештар аз сӣ сол ба тарҷумаи осори шоирону мутафаккирони форсу тоҷик, бавижа Мавлоно, саргарм мебошад. Таърихи ба тарҷумонӣ даст задани Колман чунин аст: нависандаи маъруфи Амрико Роберт Блай соли 1976 як маҷмӯаи тарҷумаи илмии ашъори Ҷалолиддини Балхиро ба ӯ дода, мефармояд, ки "ин шеърҳо ва андешаҳои олии онҳоро аз қафас раҳо намо!". Баъд аз бовару эътимод, Колман пешниҳодро пазируфта, 15 маҷмӯаи ашъори Мавлоноро тарҷума ва интишор намуд.
Донишгоҳи Каролинаи Ҷанубӣ ва Калифорнияро хатм менамояд. Дар донишгоҳи Ҷорҷия қариб сӣ сол аз адабиёт ба донишҷӯён дарс гуфтааст. Айни замон дар Ҷорҷия ба сар мебарад. Ӯро дар Шарқи Миёна ва Амрико туфайли тарҷумаи ашъори Балхӣ ва шеърҳои дилнишинаш мешиносанду эҳтиром мекунанд.
Шурӯъ аз соли 1976 чанд ҷилд аз осори Мавлоно, аз ҷумла китобҳои «Бунёди Румӣ» (1995), «Дастаи ашъор», «Панҷ шоири рӯҳонии форс», (1993) ва «Китоби ишқ» (2003) - ро ба забони англисӣ тарҷума кардааст.

КОЛМАН – САРВАТМАНДТАРИН ШОИР
Баркс ба забони тоҷикии форсӣ ҳарф намезанад ва, аз ин хотир, дар тарҷума аз забони басо содаву равони англисӣ кор гирифт. Дар ин ҷода забоншинос Ҷон Майн ба ӯ ёрӣ мерасонд. Бо сабаби душвор будани тарҷумаи шеъри Мавлоно, Колман ба шакли озоди тарҷума таваҷҷуҳ дорад ва пажӯҳишгарон бар он назаранд, ки ин тарзи тарҷума бисёр хуш садо медиҳад ва ба хӯву хислати амрикоиҳо қариб аст.
Колманро беш аз ҳама ҷанбаҳои маърифатию меҳнатдӯстӣ ва хештаншиносии таълимоти Ҷалолиддини Балхӣ мафтун кардааст. Тарҷумаи осори бузургтарин шоир ва орифи тоҷик ӯро аз сарватмандтарин шоирони Амрико гардонд.  Китобҳои Мавлоно ба пурфурӯштарин китоби Амрико табдил ва раҳ ба Аврупо ёфт. Колман Баркс ҳамрози ҳамешагии Мавлоно буданро авлотар дониста, бо хоҳиши худ аз донишгоҳ ба нафақа баромад.

ҶАЛАСОТИ МАНЗУМ ДАР АМРИКО
Баркс имрӯз дар Амрико ҷаласоти манзум баргузор мекунад, ки дар он ба хондани ашъори орифона ва ошиқонаи машриқиён мепардозанд. Ӯ ин тадбирро омили муҳиме дар шинохти бештари Мавлоно медонад ва меафзояд: «Мавлоно дар зиндагӣ инсони дилшоду зиндадиле буд. Бовар дошт, ки барои фараҳмандӣ дорои шууру бадани солим будан кофист. Ба назари ман, Уолт Уитмен ва Эмили Дикинсон (шоирони маъруфи ИМА) низ тафаккуре монанди Мавлоно доштанд».
Аз Баркс суол мекунанд, ки чаро инсонҳои асри мо ба шоире алоқа пайдо кардаанд, ки 800 сол қабл аз онҳо зиндагӣ кардааст. Мавсуф ин масъаларо чунин тавзеҳ медиҳад: «Ман, дақиқан, сабаби инро намефаҳмам. Мо муддатҳои тӯлоние ба дунболи фарде бо нигоҳи шӯрангез ва инсони болиғ будем. Ба ҳамин далел, мардум иштиёқи фаровоне ба шеърҳои ӯ доранд».
Колман, ҳамчунин, дар бораи ин ки Мавлоно миёни намояндагони адёни мухталиф ихлосмандони зиёд дорад, мефармояд: «Мавлоно кушояндаи марзҳо миёни дину мазҳабҳост. Ӯ фаротар аз мактабҳои мазҳабӣ буд. Ба андешаи ӯ, агар шумо миёни ислом, масеҳият, яҳудият, ҳиндуҳо ё буддоиҳо холигоҳе мебинед, пас миёни худатон, дилатон ва дар ҷаҳоне, ки зиндагӣ мекунед, холигоҳ эҷод мекунед».

«АГАР ШЕЪРҲОИ МАВЛОНО НАМЕБУД…»
Пажӯҳишгарон ва андешаварзон бар онанд, ки барои шинохти Мавлоно дар ҷаҳони Ғарб ягон кас чун Колман Баркс кӯшишу заҳмат ба харҷ надодааст. Ҷеймс Федиман, олими амрикоӣ мегӯяд: «Асрори маъруфияти Балхӣ дар Амрико Колман Баркс аст».
Андешаҳои шоир ҷолибу тафаккурангезанд. Мавсуф таъсири омӯзишу хониши пайвастаи осори бузургони Шарқ, бавижа Мавлоноро ба худ чунин тавзеҳ дод: «Агар шеърҳои Мавлоно намебуд, ҳаргиз иттифоқ намеуфтод, ки ботамкину оромтабиат шавам ва эҳсоси ҷунуниву баландпарвозиву ғурур надошта бошам. Эҳсос мекунам, ки ин навъе бахшишу эҳсон ба ман буду ҳаст».
Соли 2007, ба ифтихори 800 - солагии Мавлоно, 750 ҳазор нусха аз тарҷумаҳои Колман Баркс ба фурӯш рафт ва ҳамон сол китоби ҷадиди ӯ бо номи «Мавлоно-  пуле ба сӯи ҷон» нашр гардид, ки шуҳрати ӯро боз ҳам фузунтар намуд.

Бузургмеҳри БАҲОДУР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.10.2019    №: 186    Мутолиа карданд: 1452
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед