logo

ҳуқуқ

ҚАТЛИ ИНСОН. АЪМОЛИ ЗИШТЕ, КИ ДАР ҲАМА ДИНУ ОИНҲО МАҲКУМ МЕШАВАД

Ҳанӯз 12 сол қабл бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қуръони карим дар асоси таҷрибаҳои муқаддами ниёгонамон, аз ҷумла тарҷумаи «Тафсири Табарӣ» (Муҳаммад ибни Ҷарири Табарӣ) ва «Тафсири Ҳусайнӣ» (Мавлоно Ҳусайн Воизи Кошифӣ) ба интишор расида, пешкаши мардуми Тоҷикистон гардид.  Яқинан, ҳадафи Сарвари давлат аз чунин тасмим дастраси ҳар сокини кишвар гардидани ин ганҷинаи илоҳӣ ва шинохти комил бардоштан аз дини мубини Ислом аст.
Мутаассифона, то кунун бархе афрод аз худ мусулмон метарошанду даст ба ҷиноятҳои вазнин, аз қабили қатлу террор мезананд. Ҳол он ки бузургтарин гуноҳ дар ислом куштори барқасдона ва шадидтаринаш ба амният халал ворид сохтан аст. Он аввалин ҷиноят ва гуноҳ аст, ки Худованд дар рӯзи ҷазо мардумонро ҳисобӣ мекунад ва дар сураи Моида мефармояд:  «Ҳар ки касеро ба ғайри ивази касе ва (ба ғайри) фасод дар замин бикушад, пас чунон аст, ки ҳамаи мардумро якҷо кушта бошад; ва ҳар ки сабаби зиндагонии касе шавад, пас чунон аст, ки ҳамаи мардумро  якҷо зинда сохта бошад».  Яъне, қатли нафсе ба ғайри ҳақ, новобаста аз дину мазҳаб ва нажод гӯё ба қатли тамоми мардум баробар бошад. Наҷот ва халос кардани нафаре аз ҳалокат ба мисли сӯхтан, ғарқшавӣ, гуруснагӣ ва маризӣ чун халос кардани тамоми мардум маҳсуб меёбад. 
Боиси таассуф аст, ки солҳои охир дар Тоҷикистон ҷинояти одамкушӣ, асосан бар асари баҳсҳои оилавӣ байни зану шавҳар рух медиҳад. Чунончи С. Ҷӯраев 24 марти соли 2019 ба назди занаш, ки баъди таваллуд дар манзили истиқоматии волидонаш дар шаҳри Ҳисор қарор дошт, омада, аз ӯ хоҳиш намуд, ки ҳамроҳаш ба шаҳри Ваҳдат ба манзили зисташон равад. Ҳамсараш хоҳиши ӯро бо сабаби ба ёрии волидон ниёз доштанаш рад кард. Аз ин С. Ҷӯраев ба ғазаб омада, ҳамсарашро ба дохили ҳаммоми хона дароварда, латукӯб намуд ва ба ин қонеъ нашуда, бо мақсади куштан бо табар ба cap ва дигар қисматҳои баданаш зад. Ҳатто духтарчаи навзодаш ҷароҳат бардошт. Аз доду фиғонаш ҳамсояҳо огоҳ шуда, ӯро халос карданд.
Бо ҳукми Суди Олии Ҷумхурии Тоҷикистон аз 1 июли соли 2019 С. Ҷӯраев бо моддаҳои 32 қисми 3, 104 қисми 2 банди «а» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда,  15 сол аз озодӣ маҳрум гардид.
Ҳамчунин, моҳи марти соли равон сокини ноҳияи Деваштич Ғ. Ҳидоятов ҳангоми баҳс ба сари ҳамсараш се маротиба бо кӯзаи гаронвазн зада, дар ҳузури ду фарзанди ноболиғаш сари ӯро аз тан ҷудо кард. Ӯ низ бо ҳукми суд ба муҳлати 20 сол аз озодӣ  маҳрум гардид.
Нафари дигар бо исми И. Гулов моҳи январ аз хориҷи кишвар баргашта, бо гумони хиёнат, аз рӯи рашк бо табар ба қафаси сина, пушти сар ва гардани ҳамсараш зарбаҳои муҳлик расонд. Хушбахтона занаш бо вуҷуди гирифтани зарбаҳои вазнин зинда монд. Ӯро низ тибқи қонун ба ҷазои аъмолаш расонданд.
Мавриди зикр аст, ки дар моддаи 5 – уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд».
Аз ин рӯ, ҳар як шахси худогоҳро мебояд, ки дар роҳи пурпечутоби зиндагӣ ва пастиву баландиҳои он ҳеҷ гоҳ ба ҷаҳолат роҳ надиҳад ва аз оқибати чунин ҳаводис андеша намояд. Бахусус, омӯзгорон, кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва имомхатибонро мебояд, ки барои пешгирӣ кардани чунин ҷиноятҳои вазнин ва нобахшиданӣ бо роҳи фаҳмондадиҳӣ дар ҷомеа  саҳмгузор бошанд.   
Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.10.2019    №: 186    Мутолиа карданд: 1375
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед