logo

иқтисод

"ТАВҲИДБОНК" - НАХУСТИН БОНКИ ИСЛОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

«Тавҳидбонк» аввалин бонкест, ки 17 сентябри соли равон иҷозатномаи Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои пиёдагардонии модели бонкдории исломӣ соҳиб шуд. Ба фаъолият шурӯъ кардани аввалин бонки исломӣ дар Тоҷикистон барои низоми бонкии ҷумҳурӣ рӯйдоди муҳим арзёбӣ гардида, саҳифаи наверо дар рушди бонкдории мамлакат боз менамояд.

Шералӣ Зардов, иҷрокунандаи вазифаи раиси раёсати нахустин бонки исломӣ дар Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ ба намояндагони расонаҳои хабарӣ дар бораи фаъолият ва хизматрасониҳои «Тавҳидбонк» маълумот дода, иброз дошт, ки  он барои аҳолӣ, тоҷирон, соҳибкорон ва дигар субъектҳои иқтисодӣ маҳсулот ва хизматрасониҳои исломиро дар асоси принсип ва меъёрҳои шаръӣ пешниҳод намуда, муносибатҳоро бо шарикони худ (дар бонкдории исломӣ мафҳуми мизоҷ истифода намешавад) дар асоси адолати иҷтимоӣ, ҳамкорӣ ва шарикӣ дар суду зиён ба роҳ мемонад. Бонки  исломӣ қарзҳои фоизӣ намедиҳад.
Ба гуфтаи Шералӣ Зардов модели бонкдории исломӣ солҳои охир нисбат ба бонкҳои анъанавӣ буҳронпазир будани худро исбот сохт. Дар марҳилаи нави рушди низоми бонкии Тоҷикистон пешниҳоди маҳсулоти бонкдории исломӣ, ки таҷрибаи устувори пешгирии хавфҳои молиявиро дорад, метавонад маблағҳои озоди аҳолӣ ва сармоягузориҳои дарозмуддати мустақими хориҷиро ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ ҷалб намояд ва барои рушди минбаъдаи иқтисодиёт ва низоми бонкии мамлакат замина фароҳам орад.
Иқдоми пиёдагардонии бонкдории исломӣ дар Тоҷикистон аз соли 2009 пеш гирифта шуд. Соли 2010 Бонки миллии Тоҷикистон узви вобастаи Шӯрои хизматрасониҳои молиявии исломӣ интихоб шуд. Соли 2014 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ» қабул гардид, ки он барои пешбурди фаъолияти бонкдории исломӣ дар мамлакат заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам овард.
- Дар таҷрибаи ҷаҳонӣ якчанд роҳҳои таъсис додани бонки исломӣ, аз ҷумла ташкили бонки исломӣ аз сифр, ташкили равзанаи бонки исломӣ дар сохтори бонки анъанавӣ, табдилдиҳии бонки анъанавӣ ба бонки исломӣ, истифода мешаванд. Саҳомони бонки мо роҳи табдилдиҳии бонки анъанавӣ ба бонки исломиро интихоб карданд, - гуфт Шералӣ Зардов.
Ҷалб  ва дарёфти маблағҳои дарозмуҳлати арзон аз бонкҳои исломӣ, воридшавӣ ба бозори сармояи мамолики араб, таъмини хизматрасониҳои алтернативӣ ба он қишри аҳолие, ки аз хизматрасонии бонкҳои анъанавӣ дур мондаанд, аз ҳадафҳои асосии бонки нахустини исломианд.
Имрӯз «Тавҳидбонк» дорои 5 филиал ва 56 маркази хизматрасонӣ дар манотиқи кишвар мебошад ва ба феҳристи даҳ бонки калонтарини ҷумҳурӣ дохил мешавад. Дар байни ҳабдаҳ бонки мамлакат аз рӯи сармоя мавқеи ҳаштум ва аз рӯи даромаднокӣ мавқеи ҳафтумро соҳиб ҳаст. Сармояи оинномавии бонк 65 миллион, танзимшаванда 87 миллион, дороиҳои умумӣ 123,4 миллион, сандуқи қарзӣ 15 миллион, сандуқи амонатӣ 15,4 миллион, амонатҳои муҳлатнок 1,3 миллион, ҳаҷми маблағҳои интиқоли пулӣ 1,1 миллиард сомониро ташкил медиҳад.
«Тавҳидбонк» фаъолияти худро дар доираи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунгузории мамлакат ба роҳ монда, ба қонунҳои дини мубини ислом – шариат, Қуръони карим ва ҳадисҳои Паёмбари ислом Муҳаммад (с.) такя менамояд.
Дар самти роҳандозии модели бонкдории исломӣ таҷрибаи бонкҳои исломии кишварҳои Малайзия, Тунис, Марокаш, Лубнон, Кувайт, Амороти Муттаҳидаи Араб, Қазоқистон ва Қирғизистон истифода шудаанд.

Шаҳноз ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.10.2019    №: 187    Мутолиа карданд: 1004
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед